Судҳои иқтисодӣ 1851 парвандаро баррасӣ намуданд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 191 адад зиёд аст
ДУШАНБЕ, 22.07.2020. /АМИТ «Ховар»/. Соли равон дар судҳои иқтисодии мамлакат 1851 парвандаҳои иқтисодӣ баррасӣ гардида, аз ҷониби суди марҳилаи якум бо парвандаҳо 1509 санадҳои судӣ қабул шудаанд.
Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавлуда Қаландарзода имрӯз дар нишасти матбуотӣ ба намояндагони воситаҳои ахбори омма гуфт, ки дар ин давра 1049 парванда моҳиятан ҳал гардида, доир ба баҳс ҳалномаи судӣ бароварда шуд. Дар 56 парванда истеҳсолот қатъ карда шуда, 74 ариза бе баррасӣ мононда, қабули 12 ариза рад ва 318 ариза бинобар ба талаботи қонунгузории мурофиавии иқтисодӣ мутобиқ набуданашон баргардонида шуданд. Инчунин дар ин давра 207 парванда дар марҳилаи кассатсионӣ ва 135 парванда дар марҳилаи назоратӣ баррасӣ гардиданд.
Зикр шуд, ки шумораи умумии парвандаҳои баррасишуда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 191 адад зиёд гардидааст.
Бо дахли баланд бардоштани савияи касбии судяҳои судҳои иқтисодии мамлакат Мавлуда Қаландарзода гуфт, ки тибқи Нақшаи Суди Олии иқтисодӣ бо иштироки судяҳо, кормандони дастгоҳи судҳо ҳар моҳ машғулиятҳои семинарӣ ва ҷаласаҳои корӣ гузаронида мешаванд. Инчунин дар самти тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо дар ин давра 5 нафар судҳо дар судҳои иқтисодии шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон ротатсия карда шуда, 5 корманди дастгоҳи марказии судҳои иқтисодӣ дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба такмили ихтисос фаро гирифта шудаанд.








Дар вилояти Хатлон 77 фоизи нақшаи содирот иҷро шуд
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Taj Tech – 2026» мегардад
Талонҳои муоинаи техникии воситаҳои нақлиёт тавассути портали eKhizmat.tj ба расмият дароварда мешаванд
Дар Сеул ҷаласаи вазирони саноати Ҷумҳурии Корея ва кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор шуд
ТОҶИКИСТОН ВА ДУРНАМОИ РУШДИ САНОАТИ КӮҲӢ-МЕТАЛЛУРГӢ: аз захираҳои табиӣ то технологияҳои муосир
Дар Тоҷикистон маҷмуи маҳсулоти дохилии мамлакат қариб 100 баробар афзоиш ёфт
Дар Тоҷикистон беш аз 66 технологияи инноватсионии парвариши зироати кишоварзӣ тарҳрезӣ ва татбиқ гардид
Ҳавопаймои дуюми Boeing 737-8 MAX-и «Сомон Эйр» ба Тоҷикистон ворид карда шуд
Дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон музди миёнаи меҳнат 178 баробар зиёд гардид
ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ТАҲДИДҲОИ НАВИ КИБЕРӢ. Ин низом аз таҳдидҳо чӣ гуна муҳофизат карда мешавад?
Кишоварзони шаҳри Турсунзода дар 5539 гектар шолӣ кишт намуданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ: ТАЪРИХ, ИМКОНИЯТ ВА МАСЪУЛИЯТ. Андешаҳо оид ба ин мавзуъ






