ФУТБОЛ. Ғолибони даври дувоздаҳуми Чемпионати Тоҷикистон муайян шуданд

Август 17, 2020 14:30

ДУШАНБЕ, 17.08.2020. /АМИТ «Ховар»/. 15-16 август дар варзишгоҳҳои мамлакат бозиҳои даври дувоздаҳуми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ  хеле ҷолиб баргузор шуданд. Дар ин давр дастаҳои футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе  бо  «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд, КМВА бо «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ, «Душанбе-83»-и Душанбе  бо «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода,  «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ  бо «Хатлон»-и шаҳри Бохтар   ва «Локомотив-Помир»-и шаҳри Душанбе  бо  «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан   байни  ҳам рақобат карданд. Мавзӯъро шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон шарҳ медиҳад.

Дар Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ талош на танҳо барои сазовор шудан ба  медалҳо, балки баҳри  мондан дар  ин Лига шиддат мегирад. Бо фарқияти панҷ хол чор даста дар ҷойҳои аз 2-юм то 5-ум мавқеъ гирифтаанд. Дар бозиҳои даври дувоздаҳуми чемпионат дастаи  «Истиқлол»-и шаҳри  Душанбе  бар дастаи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо ҳисоби калони  4:0 ғолиб омад. Пас аз ин пирӯзӣ фарқияти ҷойгиршавии дастаи «Истиқлол»-и  Душанбе  бо дастаи «Хуҷанд»-и Хуҷанд  11 холро ташкил дод. Голҳоро дар ин дидор Манучеҳр Ҷалилов, Муҳаммадҷон Раҳимов, Алишер Ҷалилов ва Табрези Давлатмир ба нишон расониданд.

Дар бозии дигари ин давр дастаи КМВА дар майдони худ аз дастаи футболи  «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ  бо ҳисоби 1:5 мағлуб шуд. Дар ҳайати  дастаи  ғолиб Муҳсинҷон Абдуғаффоров ду тӯб, Собирҷон Холматов, Принс Артур ва Мбеке Диеудонӣ яктӯбӣ ба ҳадаф расонданд. Дастаи  футболи  «Душанбе-83»-и шаҳри Душанбе  дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ваҳдат ба дарвозаи «Регар-ТадАЗ»  се голи беҷавоб зад. Голҳои задаи Элчибек Рашидбеков, Агблей Ҷонсон ва Колинс Адухене ба  дастаи «Душанбе-83»-и шаҳри Душанбе  се хол оварданд. Дастаи  футболи  «Хатлон»-и  шаҳри Бохтар ба дуюмин  бохти пайдарпай рӯ ба рӯ шуд. Дар даври 12-ум дастаи  Аслиддин Ҳабибуллоев дар шаҳри  Кӯлоб аз дастаи «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ бо ҳисоби  2:1 шикаст хӯрд.  Пирӯзии восеъгиҳо тавассути зарбаҳои нишонраси Шарафҷон Солеҳов ва Анвар Муродов имконпазир гардид.

Бозӣ миёни дастаҳои футболи  «Локомотив-Помир»-и шаҳри Душанбе  ва «Истаравшан»-и  шаҳри  Истаравшан, ки барои мондан дар Лигаи олӣ мубориза мебаранд, мусовӣ – 2:2 анҷом ёфт.
То анҷоми Чемпионати Тоҷикистон шаш даври дигар боқӣ монд. Ҷадвали мусобиқаро дастаи футболи  «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе  бо 34 хол устуворона роҳбарӣ мекунад. Дар мавқеи дуюм  дастаи футболи  «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд  бо 23 хол қарор дорад. Дастаи  «Хатлон»-и шаҳри Бохтар бо 21 хол дар ҷои сеюм аст. Дастаи  «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ  бо 19 хол ба ҷои чоруми ҷадвал баромад.

Ёдовар мешавем, ки  бозиҳои даври навбатӣ 23-24 август баргузор мешаванд. Дар даври 13-ум  23 август  дастаҳои футболи  «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода   бо «Локомотив-Помир»-и шаҳри  Душанбе, «Куктош»-и ноҳияи  Рӯдакӣ  бо «Душанбе-83»-и Душанбе  ва 24 август «Хуҷанд» -и шаҳри  Хуҷанд  бо «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ, «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан  бо «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе, «Хатлон»-и шаҳри Бохтар  бо КМВА байни  ҳам  вомехӯранд.

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 11-ум

«Регар-ТадАЗ» – КМВА – 1:5

Голҳо: Нодирбек Ибрагимов, 6 (0:1). Нодирбек Ибрагимов, 68 (0:2). Нозим Бобоҷонов, 77 (1:2). Билол Сулаймонов, 84 (1:3). Шамсиддин Қосимов, 87 (1:4). Шодибек Ғаффоров, 90+2 (1:5).

«Хуҷанд» – «Локомотив-Помир» – 0:0

«Истиқлол» – «Файзканд» – 3:0

Голҳо: Муҳаммадҷон Раҳимов, 24 (1:0). Манучеҳр Ҷалилов, 52 (2:0). Манучеҳр Ҷалилов, 69 (3:0).

 «Кӯктош» – «Хатлон» – 2:1

Голҳо: Қурбоналӣ Бобоев, 20 (худгол) (0:1). Муҳаммадшарифи Саидхоҷа, 48 — (1:1). Далер Ёдгоров, 76 (2:1).

«Истаравшан» – «Душанбе-83» – 2:0

Голҳо: Салам Ашурмамадов, 7 (1:0). Илҳом Баротов, 77 — пеналти (2:0).

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 10-ум

«Душанбе-83» – «Хуҷанд» – 1:2

Голҳо: Агблей Ҷонс, 11 (1:0). Фатҳулло Фатҳуллоев, 21 (1:1). Тоҳир Малодӯстов, 76 (1:2).

Огоҳонида шуданд: Изатулло Рӯзиев, Люк Менджана Леонел («Душанбе-83»).

Беҳтарин бозингари вохӯрӣ: Фатҳулло Фатҳуллоев («Хуҷанд»).

8 август. Ваҳдат. Варзишгоҳи марказӣ.

«Локомотив-Помир» – «Истиқлол» – 0:3

Голҳо: Алишер Ҷалилов, 8 (0:1). Эҳсони Панҷшанбе, 26 (0:2). Алишер Ҷалилов, 45+1 (0:3).

Огоҳонида шуданд: Сиёвуш Асроров («Локомотив-Помир»), Манучеҳр Ҷалилов, Хуршед-Тимур Ҷӯраев («Истиқлол»).

Беҳтарин бозингари вохӯрӣ: Эҳсони Панҷшанбе («Истиқлол»).

8 август. Рӯдакӣ. Варзишгоҳи «Нефтяник».

«Файзканд» – «Кӯктош» – 0:0

Огоҳонида шуданд: Самандар Шарипов, Анвар Муродов, Далерҷон Тухтасунов («Файзканд»), Мухиддин Одилов («Кӯктош»).

Беҳтарин бозингари вохӯрӣ: Далер Ёдгоров («Кӯктош»).

8 август. Кӯлоб. Варзишгоҳи марказӣ.

КМВА – «Истаравшан» – 1:1

Голҳо: Шодибек Ғаффоров, 13 (1:0). Саиддостон Фозилов, 44 (1:1).

9 август. Бохтар. Варзишгоҳи «Пахтакор».

 «Хатлон» – «Регар-ТадАЗ» – 4:2

Голҳо: Умарҷон Шарипов, 1 (1:0). Нозим Бобоҷонов,   (1:1). Парвиз Боқиохунов, 51 (2:1). Нозим Бобоҷонов, 59   (2:2). Умарҷон Шарипов, 79 (3:2). Жан Гатен, 90 (4:2).

9 август. Бохтар. Варзишгоҳи «Пахтакор».

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври  9-ум

«Кӯктош»-  «Файзканд»  3:1 (1:1)

Голҳо: Наврӯз Рустамов ’23 (пен.), Бунёд Шодиев ’45+1, Аббос Икромов ’87, Мӯҳсин Абдуғаффоров ’90+7 (пен.)

«Регар-ТадАЗ» – «Хатлон» – 1:1

Голҳо: Эҳсон Бобоев, 83 (0:1). Нозим Бобоҷонов, 87 (1:1).

«Истаравшан» – КМВА– 1:2

Голҳо: Шервонӣ Мабатшоев, 4 (0:1). Шервонӣ Мабатшоев, 12 (0:2). Илҳом Баротов, 70 (1:2).

«Истиқлол»-    «Локоматив Помир»  1:0

Гол:Рустам Соиров   дар дақиқаи 44-уми рақобат бо паси Манучеҳр Ҷалилов ба ҳадаф расонид.

«Хуҷанд» – «Душанбе-83» – 1:0

Гол: Фирдавс Чақалов, 90+1.

 

 Б     Ғ     М     Б     Т-Т     Х 
 1  «Истиқлол» (Душанбе)  12  11  1  0  49-5  34
 2  «Хуҷанд» (Хуҷанд)  12  7  2  3  19-15  23
 3  «Хатлон»(Бохтар)  12  6  3  3  22-18  21
 4  «Куктош» (Рӯдакӣ)  12  5  4  3  18-14  19
 5  КМВА (Душанбе)  12  5  3  4  20-19  18
 6  «Душанбе-83» (Душанбе)  12  4  2  6  13-20  14
 7  «Файзканд» (Восеъ)  12  3  5  4  12-21  14
 8  «Истаравшан» (Истаравшан)  12  2  3  7  15-29  9
 9  «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)  12  2  2  8  16-31  8
 10 «Локомотив-Помир» (Душанбе)  12  1  3  8  9-21  6

 

Нишонзанҳо: Манучеҳр «Истиқлол» 13- гол,    Алишер Ҷалилов «Истиқлол» – 11 гол, Илҳом Баротов («Истаравшан») – 9 гол, Шериддин Бобоев, Рустам Соиров (ҳарду аз «Истиқлол»)  Парвиз Боқиохунов («Хатлон») Шодибек  Ғаффоров ( КМВА)  6-голӣ, Дилшод Бозоров («Хуҷанд»), Худойдод Узоқов («Хатлон»), Нозим Бобоҷонов («Регар-ТадАЗ») –  5 гол,  Вахит Оразсахедов («Истиқлол»), Шервони  Мабатшоев ( КМВА), Умарҷон Шарипов («Хатлон») – 4 голӣ.

Август 17, 2020 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври дуюм бо дастаи Қирғизистон бозӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имшаб дастаҳои мунтахаби олимпии Тоҷикистон ва Ироқ бо ҳам бозӣ мекунанд
Пайрав Воҳидов: «Бисёр шодем, ки бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2024-ро бо ғалаба анҷом додем»
Ғолибони Чемпионати Тоҷикистон оид ба самбо дар шаҳри Кӯлоб муайян гардиданд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал тими Кореяи Ҷанубиро мағлуб намуд
МАРОТИБАИ АВВАЛ. Дар Тоҷикистон Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба парапланеризм барои дарёфти Ҷоми Пешвои миллат доир мешавад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи Кореяи Ҷанубӣ бозӣ менамояд
Дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон мусобиқаи гӯштини миллӣ баргузор мегардад
Саидҷамол Алимардонов сазовори Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар ноҳияи Темурмалик гардид
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи олимпии Тоҷикистон (U-23) нахустин бозиашро анҷом дод
Кормандони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Тоҷикистонро дар Чемпионати инфиродии Осиё – 2024 9 паҳлавон муаррифӣ менамоянд