«МАН НАМУРДААМ, АЙ ДӮСТ!..». Таҳти чунин ном китоби нави Шамсия ба нашр расид

Август 19, 2020 11:10

ДУШАНБЕ, 19.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. «Ман намурдаам, ай дӯст» -таҳти чунин унвон китоби ягона адибаи хеле ҷавон ва нодиристеъдод, дорандаи Ҷоизаи ҷаҳонии «Истеъдоди нодир»-Шамсия зери назари академик Абдуҷаббор Раҳмонзода ба нашр расид.

Дар асар миқдоре аз осор ва рӯзгори ин адибаи фавқулистеъдод, вале маатаассуф  ғӯррамарг, фароҳам оварда шуда, ҳамчунин доир ба ҳаёт ва эҷодиёташ зикрномаҳо мунташир гардидаанд.

«Дар як умри кӯтаҳи худ чиҳое, ки аз сар нагузарондаам, чӣ шикасту рехтҳо, ки надидаам ва чӣ шаҳду заҳрҳо, ки начашидаам, ба чӣ парвозу уфтодагиҳо, ки дучор наомадаам…

Гар ин ҳамаро дучор намеомадам, намедидам, намечашидам, дарк намекардам, аз сар намегузаронидам, магар гуфта метавонистам зистаам, умр ба сар бурдаам, зиндагӣ кардаам?..

Бад буд ё хуб, кӯтаҳ буд ё дароз, азони ман буд, зиндагии ман буд, саргузашти ман буд, ки барои ҳамааш шукри беҳад ба Парвардигор…»- китоб бо чунин руҷӯи худи Шамсиябону  шурӯъ шудааст.

Шамсия баъди маргаш бо ҷоизаи  Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  доир ба соҳаи адабиёт ва санъат қадрдонӣ гардид. То имрӯз 14 асараш ба табъ расида, навиштаҳояш ба забонҳои зиёди олам тарҷума гардидаанд.

Ҳарчанд Шамсия дар рӯи олам камтар аз бист сол умр ба сар бурда бошад ҳам, вале эҷодиёташ дар дохил ва хориҷи мамлакат эътироф шудааст.

Китоби Шамсия «Фоҷиаи рӯдбори зиндагӣ» бо мадади чор ташкилоти байналхалқии ҷаҳонӣ, аз ҷумла ташкилоти вобастаи Созмони Милали Муттаҳид (бо ибтикори СҒД «Истиқбол») дар чопхонаҳои Аврупо бо забони тоҷикӣ мунаққашу хушнамуд нашр шуда буд.

Баъди марги Шамсия бо дастгирӣ ва маблағгузории Сарвари давлат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон китоби машҳури  Шамсия «Дар соҳили зиндагӣ» ба нашр расида, ҳамаро шефтаву баста кард.

Пас аз вафоти ин эҷодкори нозукбаёну боистеъдод сармуҳаррири вақти рӯзномаи «Вечерний Душанбе» Саидалӣ Сиддиқ чунин нигошта буд:

«…Аз ҳама ҷавонтарин ва зеботарин адиба миёни нависандагони боистеъдоди Тоҷикистон- Шамсия дунёи фониро падруд гуфт… Вале одамон ҳанӯз ҳам ҳикояҳои ӯро мутолиа мекунанд. Қаҳрамонҳои ӯ  ҳамроҳ бо андешаҳои зиндагӣ ба пеш гом мебардоранд, ба назди аҳли ҷомеа мераванд, мехоҳанд аз танҳоии худ озод ва растагор шаванд, мехоҳанд одамонро дӯст доранд ва худ дӯстдошта бошанд…

Ӯ оламро падруд гуфт, вале номи ӯ, асарҳои ӯ ва хотираҳояш аз ёдҳо ҳаргиз зудуда нахоҳанд гашт…».

Бале, хотираи неки ин адибаи забардасти тоҷик дар ёду қалбҳои ҳаводорони эҷодиёти ӯ абадан боқӣ хоҳад монд.

                                                                                Мавҷуда АНВАРӢ,
                                                                       АМИТ «Ховар»

Август 19, 2020 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ ба мавзуи «Истиқлол, забонҳои модарӣ ва арҷгузорӣ ба онҳо» бахшида шуд
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Фестивал-озмун имкон медиҳад, ки арзишҳои фарҳанги миллӣ ҳифз ва тарғиб карда шаванд
Ҷаласаи гурӯҳи кории Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор шуд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲАДЯИ КИТОБ. Фаъолияти хуби китобхонаҳо воситаи муҳими китобхон шудани ҷомеа мегардад
ИҚДОМИ «ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ба либоси миллӣ – мероси аҷдодонамон арҷ мегузорем
Дар Хуҷанд масъалаи эҳё ва рушди ҳунарҳои бадеии халқӣ баррасӣ гардид
«ДИРӮЗ, ИМРӮЗ ВА ФАРДОИ ФАРҲАНГИ ТОҶИК». Таҳти чунин унвон дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Роҳнамои беҳтарин» баргузор мешавад
Дар Давҳа намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи консертии Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид
Дар Давлати Қатар Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон идома доранд
Таҳти унвони «Робиаи Балхӣ — нахустбонуи соҳибдевони адабиёти тоҷику форс» конференсияи байналмилалӣ баргузор мешавад
Фаъолияти инноватсионӣ-методии китобхонаҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна муқаррар намудааст?