Ғолибони даври чоруми Лигаи касбии футзали Тоҷикистон муайян гардиданд

Август 6, 2020 11:10

ДУШАНБЕ, 06.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар бозиҳои  даври чоруми Лигаи касбии футзали Тоҷикистон, ки 5 август дар сатҳи баланд  доир гардиданд, пешсафони мусобиқа дастаҳои  футзали «Соро компания»-и шаҳри  Душанбе ва «Сипар»-и шаҳри  Хуҷанд  рақибонашонро бо ҳисоби калон мағлуб намуданд. Дастаи «Соро компания»-и шаҳри Душанбе  дар майдони худ бар дастаи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бо ҳисоби 12:0 ғолиб омад. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони  Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дар ҳайати дастаи ғолиб Умед Қузиев чор гол ва Муҳаммад Раҷабов се гол ба нишон расониданд. Дастаи футзали «Сипар»-и шаҳри Хуҷанд дар меҳмонӣ бар дастаи «Самандар»-и шаҳри Турсунзода бо ҳисоби 13:5 пирӯз шуд. Собирҷон Гулаков аз дастаи меҳмон панҷ гол ба ҳадаф расонид. Дар бозии дигари ин давр дастаи «Муҳоҷир»-и шаҳри Душанбе дар майдони худ дастаи футзали «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшанро бо ҳисоби 6:3 мағлуб кард. Ду голи мизбононро Самандар Ризомов ба ҳадаф расонид.

Лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2020. Даври 4-ум

«Самандар» – «Сипар» – 5:13

Голҳо: Раҳмоналӣ Шарипов, 4 (0:1). Шавкат Ҳалимов, 5 (0:2). Баҳодур Хоҷаев, 7 (0:3). Абдусамад Раҳмонов, 10 (0:4). Собирҷон Гулаков, 10 (0:5). Собирҷон Гулаков, 14 (0:6). Абдусамад Раҳмонов, 17 (0:7). Акбар Маманазаров, 20 (1:7). Собирҷон Гулаков, 22 (1:8). Фирдавс Тусматов, 25 (2:8). Низом Маҳмаев, 27 – ба дарвозаи худ (2:9). Валиҷон Валиев, 31 (2:10). Иқбол Воситзода, 32 (2:11). Собирҷон Гулаков, 33 (2:12). Акбар Маманазаров, 35 (3:12). Собирҷон Гулаков, 36 (3:13). Ориф Меликов, 37 (4:13). Низом Маҳмаев, 39 (5:13).

«Муҳоҷир» – «Истаравшан» – 6:3

Голҳо: Самандар Ризомов, 11 (1:0). Ҳусейн Расулов, 17 (1:1). Самандар Ризомов, 20 (2:1). Ҳусейн Расулов, 22 (2:2). Раҳмон Ҷӯраев, 23 (2:3). Парвиз Худододов, 29 (3:3). Нусратшо Исмоилов, 36 (4:3). Бахтиёр Солиев, 38 (5:3). Хусрав Қаюмов, 39 (6:3).

«Соро компания» – «Равшан» – 12:0

Голҳо: Муҳаммад Шарипов, 4 (1:0). Муҳаммад Раҷабов, 8 (2:0). Идрис Ёров, 9 (3:0). Умед Қузиев, 11 (4:0). Умед Қузиев, 13 (5:0). Умед Қузиев, 22 (6:0). Идрис Ёров, 24 (7:0). Умед Қузиев, 34 (8:0). Муҳаммад Раҷабов, 38 (9:0). Муҳаммад Раҷабов, 38 (10:0). Насим Шарипов, 39 (11:0). Насим Шарипов, 40 (12:0).

Даври 5-ум

8 август (шанбе)

16:00 – «Истаравшан» – «Самандар»

16:00 – «Сипар» – «Соро компания»

16:00 – «Равшан» – «Муҳоҷир»

 Б  Ғ  М  Б  Т-Т  Х
 1  «Соро компания» (Душанбе)  4  4  0  0  39-5  12
 2  «Сипар» (Хуҷанд)  4  4  0  0  33-14  12
 3  «Муҳоҷир»  (Душанбе)  4  2  0  2  16-19  6
 4  «Истаравшан»(Истаравшан)  4  1  0  3  19-25  3
 5  «Равшан» (Кӯлоб)  4  1  0  3  19-37  3
 6 «Самандар» (Турсунзода)  4  0  0  4  17-43  0

 

Пас аз натиҷагирии чор даври бозиҳо дар ҷадвали мусобиқа мисли пешин дастаҳои футзали «Соро компания»-и шаҳри Душанбе ва «Сипар»-и  шаҳри Хуҷанд бо 12-имтиёзӣ дар зинаҳои якуму дуюм қарор доранд. Дар мақоми сеюм дастаи  футзали    «Муҳоҷир»-и шаҳри Душанбе бо 6 хол  мавқеъ гирифтааст.

Ёдовар   мешавем, ки  бозиҳои  марказии даври панҷум 8  август баргузор мегарданд. Дар даври мазкур дастаи футзали «Сипар» дар маҷмааи варзишии «Қасри варзиш»-и шаҳри  Хуҷанд бо дастаи «Соро компания»-и шаҳри Душанбе рақобат мекунад. Ду бозии дигари даври панҷуми мусобиқа миёни дастаҳои футзали «Истаравшан»-и шаҳри  Истаравшан бо «Самандар»-и шаҳри Турсунзода ва «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бо  «Муҳоҷир»-и шаҳри Душанбе  доир мегарданд.

Август 6, 2020 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Абубакр Боқиев сазовори Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ гардид
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бо тими Тайиланд бозӣ менамояд
Пайрав Воҳидов: «Ба муқобили дастаи Тайиланд танҳо барои ғалаба бозӣ менамоем»
Чемпиони дукаратаи олимпӣ, чемпиони ҳафткаратаи ҷаҳон оид ба ҷудо Шоҳей Оно ба Душанбе меояд
ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2024. Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-18) аввалин пирӯзӣ ба даст овард
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Дар он варзишгарони ҷавони тоҷик иштирок менамоянд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даври нимфиналии Ҷоми Осиё-2024 баромада, соҳиби роҳхати Ҷоми ҷаҳон шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи Тоҷикистон оид ба футзал дар даври чорякфиналӣ бо тими Афғонистон бозӣ мекунад
Пайрав Воҳидов: «Ҳадафи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даст овардани роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон аст»
ФУТБОЛ. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи рушди УЕФА дар Минск иштирок мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даври ¼-финалӣ роҳ ёфт