Субҳи имрӯз бар асари садамаи нақлиётӣ сарояндаи тоҷик Баҳром Ғафурӣ аз олам даргузашт
ДУШАНБЕ, 07.08.2020. /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз тахминан соати 04:00 дар кўчаи Рӯдакӣ 106 ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе садамаи марговари нақлиётӣ рух дод. Ронандаи автомашинаи тамғаи «Ланд-крузер-200», рақами давлатиаш 01-57JJ01 суръати автомашинаро баланд карда, ба автомашинаи тамғаи «Камаз» бархӯрд. Дар натиҷа, мусофири дохили автомашинаи «Ланд-крузер-200» Баҳром Ғафурӣ, соли таваллудаш 1976, сароянда, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Гуфта мешавад, ки ду нафарри дигар — Ислом Анварзода, соли таваллудаш 1991 ва Баҳодур Зарипов, соли таваллудаш 1986, ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи Қарияи Боло бистарӣ гардидаанд.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқ идома дорад.








МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ. Ин зуҳуроти манфӣ имрӯз ба таҳдиди нигаронкунанда ба амнияту суботи давлатҳо табдил ёфтаанд
Ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Ҷаласаи бисту сеюми прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон Юсуф Раҳмон дар вохӯрии котибони шуроҳои амнияти давлатҳои аъзои СҲШ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар машварати роҳбарони воҳидҳои оперативии вазоратҳои корҳои дохилии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Ошкор гардидани ҷинояти одамкушӣ
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон 93,5 фоиз иҷро шуд
Ҷалби ноболиғон ба кирдорҳои зиддиҷамъиятӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ дорад!
Дар Душанбе масоили таҳкими амният ва суботи Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе Форуми амниятии Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Кибертерроризм — омилҳои таъсиррасон ва хатари он дар ҷаҳони муосир
Дар Душанбе Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мешавад






