12 сол қабл дар деҳаи Панҷрӯди Панҷакент мақбараи асосгузори адабиёти тоҷику форс Абӯабдулло Рӯдакӣ ифтитоҳ гардид

Сентябрь 10, 2020 15:58

ДУШАНБЕ, 10.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. 12 сол қабл, 10 сентябри соли 2008 дар деҳаи Панҷрӯди ноҳияи Панҷакент дар чаҳорчӯбаи 1150-солагии асосгузори адабиёти тоҷику форс Абӯабдулло Рӯдакӣ ифтитоҳи расмии мақбараи (дахмаи) шоир баргузор гардид. Имрӯзҳо маҷмааи таърихиву фарҳангии мақбараи устод Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ дар деҳаи Панҷрӯд зиёратгоҳи сайёҳони дохиливу хориҷӣ гардидааст.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ мардуми қадрдон ва сипосгузори тоҷик ба ифтихори пешвои назм ва тамаддуни хеш дар пойтахти мамлакат, марказҳои вилоят ва шаҳру ноҳияҳо пайкараҳо бунёд менамоянд.

Аз ҷумла, дар шаҳри Душанбе, дар паҳлӯи Қасри миллат «Боғи Рӯдакӣ» бунёд гардида, дар маркази он пайкараи ҳафтметраи Одамушшуаро қомат барафрохт. Муҷассамаи Рӯдакии бузург бо Қасри миллат, бо пайкараи Исмоили Сомонӣ дар мувозинати том қарор дошта, яке ба дигаре ҳусни тоза ва шукӯҳу  шаҳомати хосса мебахшад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми ифтитоҳи муҷассама бо фараҳмандӣ изҳор доштанд, ки аз қудуми мубораки устод Рӯдакӣ, аз фурӯғи чашмони ӯ, аз назми оташину шарарбораш Қасри миллат, пойтахти мамлакат ва қалби ҳар яки мо пурнур гаштааст.

Тоҷикистон ба ифтихори нахустин Маликушшуарои хеш ва аввалин Одамушшуаро бар сари марқадаш мақбараи нав ва бошукӯҳу арзандаи номи ӯ бино кардааст. Ин макони муқаддас қиблагоҳи иродатмандони ном ва каломи Рӯдакӣ дар саросари олам хоҳад буд.

Ҳарчанд аз мероси бузургу гаронбаҳои бадеии устод Рӯдакӣ имрӯз танҳо абёти пароканда боқӣ мондаанд, вале аз ҳамин ашъори пароканда ҳам бузургии шоир ба хубӣ эҳсос мешавад. Мо Рӯдакиро аз рӯҳи инсонпарваронаи шеъри ӯ, аз образҳои нотакрору ҷовидонӣ ва гардишҳову хулосаҳои аҷоиби файласуфонааш мешиносем.

Ҷиҳати ҷолиби таваҷҷуҳи назми устод Рӯдакӣ, пеш аз ҳама, он аст, ки дар шеъри ӯ, хоҳ сатрҳои ошиқона бошанд, хоҳ панд ва хоҳ шикояту гилагузорӣ, эҳсоси инсон суруда шудааст; ҳама ашъори шоир саршор аз андеша дар сари тақдири инсон аст. Ӯ яке аз аввалин классикони шеъри форсист, ки ба тасвири инсон таваҷҷуҳ карда, шахсияти инсонро ба адабиёт ворид кард.

Устод Рӯдакӣ омӯзгори бузурги ахлоқ аст. Дар шеъри ӯ ахлоқи пок, одамият, инсонпарварӣ, ақлу хирад, илму дониш ва мардиву бузургӣ талқин шудааст. Аз назари Рӯдакӣ ин ҷаҳон дарёест ва аз он танҳо бо киштии некию некӯкорӣ гузаштан мумкин аст. Бузургтарин омӯзгори инсон барои Рӯдакӣ таҷрибаи зиндагист.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳо аз минбарҳои олии байналмилалӣ барои тақвияти андешаҳои хеш ва равшантар баён доштани моҳияти масоили рӯз пайваста аз ашъори пандомез, ҳикматомӯз ва дорои таҷрибаи ғании ҳаётии устод Рӯдакӣ намунаҳо меоварад. Ин шаҳодат бар он аст, ки устод Рӯдакӣ ва каломи ӯ  имрӯз назар ба ҳар вақти дигар дар хидмати сулҳу ваҳдат, дӯстӣ ва ҳамраъйӣ, пешрафт ва тараққиёт, тақвияти илму донишу маърифат қарор дорад.

Ҳанӯз моҳи апрели соли 2002 Президенти мамлакат ҳангоми мулоқоти навбатии сарони мамлакатҳои узви Ҷомеаи иқтисодии Аврупою Осиё дар шаҳри Алмаато панди басо машҳури Рӯдакиро оварда буданд, ки он мазҳари дурахшони бо роҳи накӯкориву хираду дурандешӣ ҳал намудани тазодҳои мураккаб ва пурпечутоби ҷаҳони имрӯза ва масъалаҳои тақдирсози ҳаёти башар мебошад:

Ин ҷаҳонро нигар бо чашми хирад,
На бад-он чашм, к-андар ӯ нигарӣ.
Ҳамчу дарёст в-аз накӯкорӣ,
Киштие соз, то бад-он гузарӣ.

Сардори давлат пас аз овардани ин абёт ёдовар шуданд, ки «ба ақидаи ман, даъвати шоири бузурги инсонпарвар ба накӯкорӣ барои наҷоти инсон ва ояндаи он имрӯз, вақте ки мо бо зуҳуроти нав рӯ ба рӯ мегардем, ба вазъияти кунунӣ комилан мувофиқ мебошад».

Президенти мамлакат моҳи августи соли 2003 ширкаткунандагони Форуми байналмилалӣ оид ба оби тозаро дар шаҳри Душанбе бо суханони Одамушшуаро шодбош намуданд ва ба ифтихори паёми шоири бузург намояндагони беш аз 50 кишвари ҷаҳон самимона кафкӯбӣ намуданд. Зеро каломи шоири инсондӯсту дӯстпарвар чун шуои барқ дилу дидаи онҳоро мунаввар намуд:

Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон,
Бартар аз дидори рӯи дӯстон.

Ё худ ин байти маълуму машҳури устод Рӯдакӣ дар иртиботи ин ё он масъалаи ҳаётӣ борҳо аз забони он кас садо додааст:

Бирав, зи таҷрибаи рӯзгор баҳра бигир,
Ки баҳри дафъи ҳаводис туро ба кор ояд.

Ҳамасола 22 сентябр дар саросари мамлакат ба устод Рӯдакӣ арҷ мегузоранд. Ташаббускори асосии таъсиси «Рӯзи Рӯдакӣ» Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.

Ба ин муносибат 3 майи соли 2002 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» илова ворид гардид, ки тибқи он ҳамасола 22 сентябр дар саросари мамлакат Рӯзи Рӯдакӣ ҳамчун ҷашни фархундаи назми куҳан, мероси адабию илмӣ, фаннӣ ва ахлоқии беш аз ҳазорсолаи мо, чун рӯзи ифтихор аз камолоти тамаддуни миллӣ, худшиносӣ ва худогоҳии таърихӣ таҷлил мегардад.

Пешвои миллат соли 2002 ба ифтихори дар Тоҷикистон доир гардидани нахустин Рӯзи Рӯдакӣ ба сокинони мамлакат Паёми табрикӣ ирсол дошта, таъкид намуданд, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳақиқати таърихиро аз нав барқарор намуд ва минбаъд Рӯзи Рӯдакӣ ҳамчун ҷашни нахустин меъмори забардасти кохи бегазанди забон ва адабиёту фарҳанги тоҷикон ва кулли форсизабонони ҷаҳон таҷлил мегардад.

Дар Паём омада, ки «мактаби бузурги шоирие, ки устод Рӯдакӣ ҳанӯз беш аз ҳазор сол пеш ба мерос гузошта буд, ҳоло ҳам побарҷост ва тӯли садсолаҳо шоирони тавоное, чун Фирдавсӣ, Умари Хайём, Носири Хусрав, Камоли Хуҷандӣ, Саъдию Ҳофизи Шерозӣ, Бедилу Иқбол, Садриддин Айнию Мирзо Турсунзода ва амсоли онҳо аз он мактаб сабақҳо бардоштаанду хоҳанд бардошт».

Паёми дуюми Сардори давлат ба ифтихори Рӯзи Рӯдакӣ ва дар иртиботи ҷашни 1150– солагии Одамушшуаро аз 21 сентябри соли 2007 боз ҳам муфассалтар мақоми устод Рӯдакиро дар тамаддуни олами Шарқ таъкид месозад ва зикр менамояд, ки андешаҳои ҳаётӣ ва ҷовидонии устод Рӯдакӣ дар тамоми асру замонҳо чароғи раҳнамои халқи тоҷик буда ва ба таври ҳамеша боқӣ мондааст.

Бо ибтикор ва саъю талоши Президенти мамлакат садои ҷашни 1150 – солагии Одамушшуаро, ки бо қарори Юнеско доир мегардад, дар саросари ҷаҳон танинандоз гашт. Гувоҳи равшан он далел аст, ки СММ дар таърихи мавҷудияти хеш бори аввал дар қароргоҳи худ ҷашни шоирро доир намуд ва он ҳам ҷашни устод Рӯдакӣ буд.

Дар шаҳри Ню – Йорк, дар маркази СММ ба ифтихори ҷашни 1150-солагии қофиласолори назми тоҷику форс конфронси байналмилалӣ ва сипас мизи гирд доир гардид, ки дар он намояндагони 192 давлати ҷаҳон ширкат варзиданд.

Ҳангоме ки муншии онвақтаи умумии СММ Пан Ги Мун бо ашъор ва андешаҳои Рӯдакӣ ошноӣ пайдо кард, ба ваҷд омад ва дарёфт, ки идеалҳои ин созмони бонуфузтарини байналмилалӣ бо идеалҳои Рӯдакӣ ҳамоҳанг ва ҳаммаъноянд. Ин рубоии шоир қалби ӯро сахт такон дод:

Гар бар сари нафси худ амирӣ, мардӣ,
Ба кӯру кар ар нукта нагирӣ, мардӣ.
Мардӣ набувад фитодаро пой задан,
Гар дасти фитодае бигирӣ,  мардӣ.

 Пан Ги Мун аз он изҳори ҳайрат ва тааҷҷуб намуд, ки ҳазору сад сол  қабл аз ин мақсаду маром ва барномаи фаъолияти  ин созмони олиро Рӯдакии бузург ба риштаи назм кашидааст. Аз ин рӯ вай зимни суханронии пурмӯҳтаво ва ифтитоҳии хеш бо садои баланд, дар ҳузури намояндагони 192 кишвари ҷаҳон изҳор дошт, ки ба таври ҳаққонӣ ва қонунӣ устод Рӯдакӣ  Султони шоирони ҷаҳон будааст ва мебошад.

Пан Ги Мун таъкид намуд, ки ашъори устод Рӯдакӣ дорои андешаҳои олии башардӯстӣ, адолату ҳақиқат, сулҳу ваҳдат буда, шоири тавоно назмро дар хидмати инсонҳо қарор дода, чун ҳомии ҳуқуқи башар,  пеш аз ҳама, ашхоси мӯҳтоҷу барҷомонда садо баланд намудааст.

Дар конфронси байналмилалии СММ таъкид гардид, ки дар замоне, ки нисфи кураи арз дар хоби ғафлат ва гарон қарор дошт, устод Рӯдакӣ чун хуршеди назм дурахшид, андешаҳои волои башар ва  донишу илму маърифатро ба арши аъло расонид.

Таъкид шуд, ки Одамушшуаро нахустин суханвари олам аст, ки анвои мухталифи шеъри асилро бо зеботарин сурат офарид, қолабҳои мухталифи шеърро бар пояи устувор бино ниҳод ва роҳро барои зуҳури бузургоне, чун Фирдавсӣ ва дигар устодон ҳамвор сохт.

Дарвоқеъ, устод Рӯдакӣ  ҳанӯз ёздаҳ қарн қабл ба мардуми сайёраи мо арзишҳои олии муҳаббату садоқат, дӯстиву рафоқатро ёдрас менамояд, ки имрӯз ҳам ин арзишҳо олӣ ба шумор рафта, барои инсоният муҳим мебошанд.

 

Мавҷуда АНВАРӢ,
АМИТ «Ховар»

Сентябрь 10, 2020 15:58

Хабарҳои дигари ин бахш

ОЗМУНИ «ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар даври вилоятии он дар Бадахшон 16 нафар довталаб сазовори ҷойҳои намоён гаштанд
Бадахшон: даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст ва 9 нафар ғолиб гардид
15-17 октябр дар Суғд таҳти унвони «Ҷойгоҳи Камоли Хуҷандӣ дар адабиёти Шарқ» симпозиуми байналмилалӣ доир мегардад
Филми «Хаёлпарастони музофотӣ»-и Румӣ Шоазимов бо номинатсияи махсус мукофотонида шуд
Бахшида ба 700-солагии Камоли Хуҷандӣ се китоби нав дастраси хонандагон гардид
Бахшида ба 700-солагии Камоли Хуҷандӣ китоби «Ҳабдаҳ чаман» ба нашр расид
Аҳмадшоҳ Улфатшоев дар синни 75 аз олам даргузашт
Фирӯза Шарифӣ: «Фалак ормон, орзу, ишқ, муҳаббат ва ифодакунандаи розҳост»
«Дафтари ишқ»-и Камоли Хуҷандӣ ба забони немисӣ ба нашр расид
Муҳриддин Низомӣ: «Фалак аз даврони китоби «Авасто», аз замони Борбади Марвазӣ вуҷуд дошт»
«Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст»-намоише, ки ба ифтихори 75- солагии Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳон бахшида шудааст
Ба шарофати осори Сино тибби Аврупо аз таъсири астрология, сеҳру ҷоду халосӣ ёфта, ба маҷрои воқеан илмӣ даромад,-бардошт аз симпозиуми байналмилалӣ