Гавҳар Осимӣ: «Барои падарам, Муҳаммад Осимӣ, мақоми инсон олӣ буду шахсияти одам муқаддас!»

Сентябрь 17, 2020 13:35

ДУШАНБЕ. 17.09.2020. /АМИТ «Ховар»/. 25 августи соли ҷорӣ дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 100-солагии зодрӯзи шодравон Муҳаммад Осимӣ, файласуф, доктори илмҳои фалсафа, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, шахсияти сиёсиву ҷамъиятӣ бо иштироки олимону муҳақиқон ва чеҳраҳои шинохтаи сиёсии ҷумҳурӣ симпозимуми байналмилалӣ баргузор гардид. Ин чорабинӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир карда шуд.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» Хуршеди ХОВАР, муаллиф ва муҷрии барномаи «Гуфтугӯ»-и Радиои «FM Ховар» бо Гавҳар ОСИМӢ, духтари шодравон Муҳаммад Осимӣ, ки дар шаҳри Колорадои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико кору фаъолият дорад, мусоҳибаи телефонӣ анҷом дод, ки матни пурраи он пешкаши хонандагони сомонаи АМИТ «Ховар» гардонида мешавад.   

АМИТ «Ховар»: Дар оғози суҳбат мехостем барои хонандагон чанде аз хотироти худро дар бораи падари марҳуматон ба ёд меовардед…

Гавҳар Осимӣ: Ташаккур аз Шумо. Пеш аз ҳама барои таҳия намудани як барнома, бахшида ба ҷашни 100 — солагии падари бузургвори мо Муҳаммад Осимӣ сидқан сипосгузории худро баён менамоям.

Баъдан мехостам суҳбатамонро бо мисраъҳои дӯстдоштаи падарам, ки чун шиори зиндагиашон буд, оғоз намоям:

Хоҳам, ки ҳаёти ман,
Ҳасти ману буди ман
Покиза бувад, бекост,
Ҳам сода бувад ҳам рост. 

Ҳар лаҳза падари азизамро ба ёд оварам, чеҳраи кушоди хандон, чашмони пурнури хирадманду дурахшон ба назарам ҳувайдо мегардад. Бале, падарам аввалин омӯзгор ва табиятгари мo  — фарзандонашон ҳастанд.

Мo дар муҳите бузург мешудeм, ки дар он танҳо меҳру муҳаббат, осоиштагӣ, хушу хурсандӣ, эҳтироми якдигар ҳукмфармоӣ мекард. Дар муҳити илму фарҳанг, китобу дониш, шеъру мусиқӣ бузург шудeм.

Ёд дорам, падарам айёми кӯдакиамон шабона рӯи ҳавлӣ баромада ситораҳоро нишон медоданду номҳои онҳро ба мо мегуфтанд ва ҳар яки мо ситораи худро интихоб мекардем.

Дигар анъанаи хуби хонаводаи мо он буд, ки бо таваллуд шудани мо фарзандон, падар дар боғи ҳавлиамон ниҳоле мешинонданд.

Падарам китобхонаи бузург доштанд, китобҳои зиёд оид ба фалсафа, китобҳои илмӣ, махсусан аз физика ва  риёзиёт, асарҳои классикони ҷаҳонӣ, осори мунтахаботи илмӣ ва адабӣ бо забонҳои гуногуни ҷаҳон.

Мо бо падарам китобҳо, қаҳрамонони асарҳо, инчунин оҳангсозон ва операҳои дӯстдоштаи худро доштем, ки онҳоро ҳамроҳ гӯш карда, мутолиа мекардем. Падар дар ҳар як чизи одӣ зебоиро медиданд, тулӯъ ва фурӯғи офтоб, аввали фасли баҳор, айёми тираи тирамоҳ, барфи сафеди зимистон…

Аввали фасли баҳор ҳар сол вақти шукуфтани дарахтон ва гулҳо моро ба сайри гули лола мебурданд ва рӯзи дароз мо дар доманаи кӯҳсор байтбарак карда, дам мегирифтем. Ин ҳам яке аз анъанаҳои дӯстдоштаи мо буд. Аз кӯдакиамон падарам ба мо тамоми гӯшаҳои ватанамонро шиносонида, аз таърихи ниёгонамон бо меҳру муҳаббат нақл мекарданд ва ин меҳр ба диёри азизамо дар диламон абадзинда аст.

Хусусан сафари мо ба Панҷрӯд, зодгоҳи асосгузори адабиёти классикии тоҷику форс Маликушуарро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар хотирам хуб нақш бастааст.

Вақте мо ба оромгоҳ наздик мешудем, он лаҳза ман  эҳсосоти падарамро ҳис кардам. Бо чи эҳтиром ва ҳурмати бузургу самимӣ, бо нигоҳи дуру пурмаънӣ. Он эҳсосот ва эҳтироми беинтиҳо ба аҷдоди бузургамон дар дили мо ҷой гирифт.

Пас аз он ба зиёрати  ҳафриёти археологии Саразм рафтем. Ин сафарамон  охирҳои  солҳои ҳафтод буд. Саразмро акнун кашф карда буданд ва корҳои археологӣ  нав шуруъ шуда буд.  Дидани ин  ёдгории таърихи бостонии м  хеле таъсирбахш ва боиси ифтихори мо буд.

Баъдан сафарамонро ба сӯи Самарқанд  давом додем.  Дар он ҷо мо Донишгоҳи  давлатии Самарқандро, ки падарам онро  хатм намуда буданд ва инчунин хона-музеи устод Айниро зиёрат кардем.

Бояд гӯям, ки шиносоии падарам бо устод Айнӣ таърихи тӯлонӣ дорад. Вақте ки устод Айнӣ ба Хучанд меоянд, назарашон ба мактаббачаи донову зирак меуфтад, ки шеъри худ эъҷод кардаро қироат мекард. Суҳбати аввалини падарам   бо устод Айнӣ ҳамон вақт  иттифоқ афтода буд ва устод Айнӣ умед доштанд, ки падарам нависанда мешаванд.  Вале падарам ихтисоси физикаро интихоб намуданд.

Дар солҳои донишҷӯияшон дар Донишгоҳи Самарқанд (солҳои 1937 – 1941) падарам дар хонаи амакбобояшон Олимхон Махсуми Хуҷандӣ зиндагонӣ мекарданд. Олимхон Махсум ва устод Айнӣ дӯстони дерина ва шарикдарс будаанд. Мукотибаи онҳо бо якдигар бо шеърнависӣ сурат мегирифт ва падарам мактубҳои онҳоро ба якдигар мерасониданд. Олимхон Махсуми Хучандӣ бедилшинос буданд. Он кас ва устод Айнӣ суҳбатҳо ва маҳфилҳои адабӣ меоростанд, ки  падарам, ҷавони 17-сола  аз ин маҳфилҳо ғизои маънавӣ мегирифтанд.

Ҳамин тариқ, таваҷҷуҳ, шавқу рағбати падарам ба илми дақиқ ва адабиёту фарҳанги халқи тоҷик бо ҳамбастагӣ асос меёфтанд.

АМИТ «Ховар»: Устод Осимӣ як шахси одӣ буданд…

Гавҳар Осимӣ: Бале, шахсияти падарам ҳамчун як инсони одӣ ва зиндагиномаи қаҳрамононаи падарам боиси омӯзиш аст. Падарам дар як оилаи деҳқону маърифатпарвар ба дунё омада, то ба мартабаи  донишманди сатҳи  ҷаҳонӣ расидаанд. Албатта ин шахсияти нодир ва нобиға будани падарамро нишон медиҳад.

Гарчанде ки падарам дар ҷомеа вазифаҳои баландро ба уҳда доштанд, дар оила падари пурмеҳру ҳамсари меҳрубон буданд. Падарам ба ҳар яки мо шеър мебахшиданд.

Мехостам яке аз шеърҳоеро, ки дар васфи модарамон навишта буданд, қироат намоям:

Ҷон модарат бубин,
Сарви сарат бубин.
Саҳар зи хоб ҷаҳад,
Зи хоби ноб ҷаҳад.
То тифл ба мактабаш
Бе изтироб равад.
Аз сари оташдон
Нарафта як он,
Хӯрок мепазад,
Чолок мепазад.
Худ қут намехӯрад,
Ё дуд мехӯрад
Миннат намекунад,
Меҳнат ҳаме кунад.
Ҷон модарат бубин,
Тоҷи сарат бубин!

Агар аз ҷиҳати инсони одӣ буданашон назар кунем, падарам инсони бениҳоят хоксор, некбину софдил буданд. Дилашон ба ҳама боз буд, ҳамаро бо як чашм медиданд. Шахси хайрхоҳ, одил, инсонпарвар. Кӯмакашонро ба ҳеҷ кас дареғ намедоштанд. Бо сухани нек рӯҳбаланд мекарданд, ба ояндаи нек умед мебахшиданд.

Боре рӯзноманигоре аз падарам суол карданд:

Чӣ гуна одамон ба Шумо писанданд?
Дар ҷавоб падарам чунин гуфтанд:

«Одамони софдил, одамоне, ки дилашон чун рухашон ба ҳама намоён аст. Ин тоифа одамон зудбоваранд ва аз ин баъзе ашхос сӯиистифода  мекунанду ба онҳо зиён ҳам мерасонанд. Аммо зудбовар буда, хато кардан аз маккорӣ болост. Маккорӣ бисёр хислати нафратовар аст.» 

АМИТ «Ховар»: Фаъолияти падарро дар Академияи илмҳо ва нақшашонро дар рушди илми тоҷик чӣ тавр метавонед баҳо диҳед?

Гавҳар Осимӣ: Ин ҷо як таърихро ба Шумо бояд  баён намоям. Падарам пас аз хатм намудани донишгоҳ мехостанд таҳсилашонро дар аспирантура дар шаҳри Ленинград давом диҳанд. Аммо ҷанги ҷаҳонӣ сар шуд. Падарам рафтанд ба Ленинград, аммо на ба ҳайси аспирант, балки ба ҳайси командири батарея, ҳамчун танкист — артиллерист.

Пас аз хотима ёфтани ҷанги ҷаҳонӣ  роҳбарони ҳарбии Шӯравӣ ба ин ҷавони ҷасуру доно пешинҳод мекунанд, ки  касби ҳарбиро пеша кунад ва пешравии ӯро дар мансаби ҳарбӣ пешбинӣ мекунанд. Аммо, падарам, чавони 25 сола ба роҳбарияти  ҳарбӣ чунин ҷавоб медиҳад: «Ман мехохам, ки баҳри сулҳу осоиштагӣ  бо роҳи рушди илму фарҳанг хизмат намоям». Ин буд интихоби падар.

Падарам дар он солҳо чунин шеърро эъҷод намуданд:

«Мо дар оташи ҷанг насӯхтем, зистем,
То халқ бидонад, ки мо кистем,
Дар маслаки мо ҷанг ҳаром аст, ҳаром,
Танҳо раҳи сулҳ моро маром аст, маром.» 

Гуфтан лозим аст, ки Академияи илмҳои Тоҷикистон ҷавонтарин Академияи Иттиҳоди Шӯравӣ буд. Устодон Садриддин Айнӣ ва Султон Умаров асосгузорони ин кохи илму фарҳанг буданд ва падарам тавонистанд Академияи илмҳо ва илми тоҷикро ба пояи баланди ҷаҳонӣ  бардоранд.

Нақши падарам дар рушди  Академияи илмҳои Тоҷикистон — ин васеъ намудани доираи академия бо илмхои дақиқ ва  илмҳои табиатшиносӣ, тарбияву тайёр намудани олимону мутахассисон ва фароҳам овардани шароит барои тадқиқотҳову корҳои илмӣ аст.

Бо заҳматҳои падарам пажӯҳишгоҳҳои бонуфузи математика бо маркази ҳисоббарораш, пажӯҳишгоҳи  физикаву техника қувват гирифт, аз таҷрибагоҳҳои ҷудогона пажӯҳишгоҳи кимиё тавлид ёфт. Пажӯҳишгоҳи зилзиласанҷӣ ва масолеҳи тобовар ба зилзила овозаи чаҳонӣ гирифта буд ва пажӯҳишгоҳи  астрофизика шӯҳратёр шуд.

Президенти Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ академик Александров дар байни  15 президенти академияи илмҳои ҷумҳуриҳои шӯравӣ падарамро аз ҳама президенти донотарин номида буд («Самый интеллектуальный президент»).

АМИТ «Ховар»: Нигоҳи Шумо ба шодравон Муҳаммад Осимӣ ҳамчун шахсияти ҷамъиятӣ ва сиёсӣ чи гуна аст? 

Гавҳар Осимӣ: Падарам дар тӯли тамоми умрашон шахси ҷамъиятӣ буданд ва худашонро ҳеҷ гоҳ аз ҷамъият дур намедиданд. Навобаста аз вазифаҳои давлатӣ, он кас ҳамчун меҳвар аҳли илму адабу фарҳангро гирди худ ҷалб мекарданд, ҳамчун мутаффакир бо илму дониши худ нури маърифат мебахшиданд. Чароғи фурӯзони ҷомеа буданд. Ба ҳунармандони тоҷик падарвор муносибат мекарданд. Аҳли адабу фарҳанг низ аз падарам ғизои маънавӣ мегирифтанд.

Ёд дорам, дар хонаи падарам адибон, шоирон, нависандагон, ҳунармандони театр ва балет, ҳофизон ва аҳли илму адаб зуд — зуд меҳмон мешуданд. Мубодилаи афкор барпо мегашт. Падарам фикру андешаи ҳар якеро бодиққат гӯш медоданд. Падарам аз таъриху фарҳанги ниёгонамон нақл мекарданд, аз китобхона ин ё он китобро гирифта, саҳифаашро бехато кушода иқтибос меоварданд ё порчае хонда медоданд. Меҳмонон аз падарам илҳоми тоза ва фикру андешаи нав мегирифтанд.

Ҳунармандон падарамро ба нахустнамоиши ин ё он спектали театр ва ҳатто пеш аз он ба  машқи хотимавӣ (генеральная репетиция) даъват мекарданд. Дар хотирам ҳаст, рӯзе ҳунарманди шоистаи мо, шодравон Ато Муҳаммадҷонов падарамро ба театри Лоҳутӣ даъват карданд.  Дар толори театр ягона тамошобин  падарам буданд. Устод Ато Муҳаммадҷонов ба образи олим даромада,  бо ҳунари воло яке аз монологҳои Аҳмади Донишро маҳз ба падарам хонда доданд. Барои он кас баҳои падарам хеле муҳим буд.

Бояд гӯям, ки дар кадом соҳае, ки падарам  фаъолият намудаанд, албатта навоварӣ дохил мекарданд, ки он  ҳамеша ба манфиати ҷомеаву халқ буд.

Масалан, дар муддати кӯтоҳи вазири маориф буданашон аввалин коре, ки карданд — ин аттестатсияи омӯзгорони мактаб, яъне санҷиши дониши онҳо буд. Якум саволе, ки медоданд, ин: «Кадом китобро ҳоло мехонед?» буд ва аз мазмуни китоб мепурсиданд. Ин ҷо ҳеҷ худбофӣ карда намешуд, зеро падарам ҳамаи китобҳои нашршударо  мехонданд ва аз мазмуну қаҳрамонони китоб савол мекарданд.

Бинобар ин, иқдоми падар тез паҳн шуда, ҳамаи муаллимонро китобхон карда буд. Падарам ғамхори муаллимону омӯзгорон буданд.

Он солҳо падарам Донишкадаи такмили ихтисосро бунёд намуда буданд, то ки муаллимон он ҷо дониши худро мукаммал кунанд.

Иқдоми дигари падар ин ташкили аспирантураи мақсаднок буд, яъне мутахассис дар соҳаи муяйян ба донишкадаи бонуфузи Иттиҳоди Шӯравӣ ба аспирантура фиристода мешуд ва пас аз соҳиби  унвони илмӣ шудан ба ҷойи кори пештарааш бармегашт.

Бояд гӯям, ки падарам раис ва узви бисёр ташкилотҳои ҷамъиятии ҷумҳурӣ ва Иттиҳоди Шӯравии собиқ буданд. Мехоҳам махсус ҷамъияти «Дониш»-ро  зикр намоям, зеро падарам аз худи оғози ҷамъият то охири умрашон аъзо ва раиси ин ҷамъият буданд.

АМИТ «Ховар»: Ҷойгоҳи устоди шодравон Осимӣ дар самти равобити байналмлалӣ низ хеле назаррас буд…

Гавҳар Осимӣ: Албатта, ман бояд гӯям, ки падарам дар Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамчун олим ва шахси ҷамъиятӣ шинохта шуда буданд. Он кас ҳамчун олими барҷаста  дар бисёр конфронсҳо, симпозиумҳо ва кунгураҳои илмии байналмилалӣ иштирок намуда, маърӯзаҳои илмӣ мекарданд ва чунин ҷаласаҳои ҷаҳониро дар Тоҷикистон барпо менамуданд. Падарамро ҳамчун роҳбари ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ дар Иттиҳоди байнипарлумонӣ интихоб карда буданд.

Падарам раиси Кумитаи Дӯстии Халқҳои Осиё ва Африқо буданд ва барои саҳмашон дар таҳкими  дӯстии байни халқҳо  ба гирифтани  Ҷоизаи байналмилалии ба номи Ҷавоҳирлал Неҳру  сазовор гардида буданд.  Ин ҷо ман фаъолияти падарамро дар  созмонибайналмилалии ЮНЕСКО ва офаридани асари бузурги таърихиро оид ба омӯзиши таъриху тамаддуни Осиёи Марказӣ   махсус  зикр  карданӣ ҳастам, ки он беҳтарин мисоли ҳамкории байналмилалии падарамро нишон медиҳад. Он кас солҳои тӯлонӣ президенти Кумитаи илмии байналмилалии назди ЮНЕСКО буданд.  Ташкил намудани Академияи илмҳои Афғонистон низ яке аз  намунаҳои ҷолиби диққати маҳсули ин ҳамкориҳост. Падарам низ барпокунандаи ҷашнвораҳои шахсиятҳои таърихӣ ва санаҳои таърихии миллатамон буда, дар баргузории анҷуманҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон саҳми арзандае гузошта буданд, ки ҳамаи ин фаъолияти байналмилалии падарамро дар бар мегиранд. Падарам дар ин роҳ  ҳамчун фарзанди халқи тоҷик тоҷикону Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ мекарданд.

АМИТ «Ховар»: Аз давраи фаъолияти устод Осимӣ дар созмони «Пайванд» ва саҳмашон дар сарҷамъ кардани тоҷикони ҷаҳон чиро метавонед ёдовар шавед?

Гавҳар Осимӣ: Падарам тамоми умрашон пайвандгар буданд. Пайвандгари дилҳову пайвандгари наслҳо. Мехоҳам ин ҷо суханҳои падарамро орам, ки чунин гуфта буданд: ««Пайванд»  — зодаи бозсозӣ, аломати дигар шудани сиёсати берунии давлати мо, тантанаи тафаккури нави сиёсӣ дар равобити байналхалқӣ, нишонаи ба сулҳу осоиш, ба қаробати инсонҳо, ба ҳамкорӣ ва ваҳдату дӯстӣ кӯшидани мардуми шӯравӣ, аз ҷумла халқи тоҷик аст».

Дар oн замони бозсозӣ худшиносии миллати тоҷик эҳё мегирифт ва ҳамин, ки миллат аз бандҳои сиёсӣ озод гашт,  аввалин коре, ки  кард — забони модарии худро ба ҷойи оливу арзандааш  гузошт, ба он мақоми  давлатӣ дод. Ин амал гарчанде, ки бояд табиӣ менамуд, аммо дар ҳаёт татбиқ намудани он  мушкилотҳо ва нофаҳмиҳо пеш мeовард. Пеш аз ҳама боз масъалаи муносибати забонҳои тоҷикӣ, форсӣ ва дарӣ ба миён омад. Падарам дар ҷаласаҳову рӯзномаҳо баромад карда мегуфтанд: “Забонҳои тоҷикӣ, форсӣ ва дарӣ ба сифати фарзанди як модар ҳамеша бо ҳам  дар робита ва муносибати наздик буданд, ҳастанд ва ҳамчунин хоҳанд монд”.

Падарам, ки тамоми умрашон барои посдорӣ ва рушди забони модариашон талош  меварзиданд,  бо тамоми ҳастиашон барои омода намудани  Қонуни забони модарӣ кӯшишу ғайрат  ба кор мебурданд.

Ёд дорам, oн рӯзҳо дар ҷамъият байни равшанфикрони тоҷик фазои  пур аз эҳсосоти шодиву ифтихори миллӣ ва  масъулияти таърихӣ оиди ҳифзи забони модарии худ  ба мвуҷуд омада буд. Барқарор намудани адолати таърихӣ доир ба мақоми забони тоҷикӣ ҳам қарзу ҳам фарз буд. Устодони сухансанҷу ширинкалом мисли Муҳаммадҷон Шакурӣ, Лоиқ Шералӣ, Мӯъмин Қаноат, Шарофиддин Рустамов, Абдуқодир Маниёзов, Раззоқ Ғафоров, Аскар Ҳаким ва дигарон оид ба пайванди ногусастании забонҳои  тоҷикӣ — форсӣ — дарӣ суханварӣ менамуданду бо ташаббуси зиёд ва саршор аз илҳом аз болои  тартиб додани  лоиҳаи   Қонуни забон кор мекарданд.

Таърих ба дӯши он абармардони донишманд ин вазифаи муҳимро гузошта буд. Ҳар яке бо як ҷаҳон меҳру ғамхорӣ, бо садоқат ва адолатпарварона, аз ҷону дили худ кор мекарданду хушбахт буданд, ки мақоми олии забони модарии худро пойдор менамоянд.

Падарам, Муҳаммад Осимӣ мутасаддӣ дар омодасозии тарҳи Қонуни забон буданд. Дар рафти мубоҳиса оиди тартиб додани  ин лоиҳа забон мегуфтанд: «Мо бояд  як қомусе эҷод кунем, ки таъриху илму фарҳанги мо, комёбиҳои дар давраҳои гуногун ба даст овардаи мо то ба ҷое, ки имкон дорад, ҳама буду шуди моро  инъикос созад».

Адолати таърихӣ  ногузир аст. Инро худи таърих борҳову борҳо исбот намудааст. Инак, рӯзи 22  июни соли 1989 ба забони тоҷикӣ (форсӣ) додани мақоми давлатӣ ба  ҳукми қонун дароварда шуд.

Ман он рӯзи хушбахтарини ҳаёти падарамро дар ёд дорам. Падардам бо хурсандии беинтиҳо ба хона омада, бо ду дастони кушодашон тантанавор гуфтанд: «Фарзандони азизам, имрӯз рӯзи хушбахтарини ҳаёти ман аст, имрӯз забони модарии мо мақоми оливу арзандаи худ, мақоми давлатиро  гирифт».

Ба чашмони падарам нигаристам. Аз онҳо ашки шодӣ равон буд. Нигоҳи дурашонро дар ёд дорам, гӯё ба гузаштагонамон  ин хушхабарро мерасонида бошанду дар айни замон рӯ ба наслҳои оянда оварда, ба ҳифзу ҳимояи забони модариашон  ҳидоят мекарда бошанд.

Падарам, Муҳаммад Осимӣ, дар  андешаи   таъсис додани  бунёдҳои фарҳангӣ дар давлатҳои гуногуни чаҳон буданд. Вақте ки дар назди ҳамзабонони эронӣ дар Лос-Анҷелес ва Сан Франсиско, дар Порису Лондон  сухан меронданд, ҳозирон дар ҳайрат буданд, ки забони доктор Осимӣ чӣ гуна гуворо ва зебо аст, бо мамнуният мегуфтанд, ки «Шумо, доктор Осимӣ, бо забони асили фoрсӣ ҳарф мезанед ”.

Дар хотирам ҳаст, падарам нақл мекарданд, ки дар рӯзҳои ҷашни 550-солагии Абдураҳмони Ҷомӣ донишманди машҳури Эрон Бадеъуззамон Фурӯзонфар ҳамроҳи Саид Нафисӣ меҳмони мо, тоҷикон шуда буданд. Падарам онҳоро пешвоз гирифта, ба меҳмонхона оварданд. Падарам бо завқ нақл мекарданд, ки чӣ тавр устод Фурӯзонфар аз он кас беист мепурсид, ки чизе бигӯянд. Ҷаноби Фурӯзонфар мехостанд фаҳманд, ки оё забони Рӯдакӣ дар ватани ӯ зинда аст? Дере нагузашта падарам ба Теҳрон рафтанд ва бо Фурӯзонфар мулоқот карданд. Фурӯзонфар дар ҳузури падарам ба дӯстон нақл мекарданд, ки тоҷикон забони Рӯдакиро зинда нигоҳ доштаанд ва имрӯз ҳам бо ин забони равону ширин ҳарф мезананд. Он кас забони гӯшнавозу дилнишини асарҳои устод Айниро таърифу тавсиф мекарданд ва мегуфтанд, ки бояд, ки мо тоҷикон хусусияти хоси ин забонро нигоҳ дорем». Аз хотироти хеш Муҳаммад Осимӣ навишта буданд: “Чандин сол пеш, гоҳи ба тоҷикӣ тарҷума намудани ҷилди аввали китоби сеҷилдаи “Курс Общей физики” — и С. Е. Фриш ва А. В. Тимофеева,  ман гоҳ — гоҳ аз дӯстону ҳамкоронам аз мушкилоти тарҷума пурсон мешудам. Баъзеҳо мегуфтанд, ки баъди 20 — 30 сол тарҷумаҳои Шумо нодаркор мешавад. Ба онҳо мегуфтам, ки баъди 20 — 30 сол забони тоҷикӣ авҷи нав мегирад, мо аксари китобҳои дарсиро ба тоҷикӣ бармегардонем, баъд онҳоро худамон таълиф мекунем, таълимро оҳанги тоҷикӣ медиҳем, зеро аз ду пояи асосӣ — забон ва маънавиёт, ки миллату давлатро побарҷо медорад, аввалинаш забон, маҳз забон асту пояи дуюм, яъне маънавиёт дар заминаи забон бунёд мешавад.»

Албатта, ҳоло аз нигоҳи имрӯза, ки замон дигар шудаасту тағйиротҳои куллӣ ба амал омадаанд, ин суханҳо шояд шунавандагони ҷавонро ба ҳайрат орад. Аммо ин буд  андешаву омоли муборизон дар роҳи ҳимояи забони модарӣ, ки бо вуҷуди дар шароити онвақта бо бандҳои сиёсӣ ва дар чорчӯбаи сахти он маҳдуд будан  чунин  фидокориҳо намудаанд.

Тасодуфӣ нест, ки бунёди «Пайванд» низ соли 1989 пас аз чанд моҳи қабули Қонуни забони тоҷикӣ (форсӣ) таъсис дода шуда буд.

Ман он рӯзҳоро хуб дар ёд дорам, падарам хеле пурташвиш буданд. Ба синну солашон, ки аз ҳафтод гузашта буд, нигоҳ накарда,  бардаму боқувват,  бо дили ҷавонона ба дафтари кориашон то ба ошёнаи ёздаҳум пиёда  мебаромаданд.  Ҳамеша   аз хона то идораи “Пайванд» пиёда мерафтанд ва роҳравон қариб ҳар сари қадам истода,  бо ягон шахсе ҳолпурсӣ ва дилбардорӣ мекарданду ба ояндаи нек умед мебахшиданд, хабари хуши таҷлил намудани Анҷумани тоҷикони ҷаҳонро мерaсониданд. Бо табассум чунин мисраъҳои Аллома Иқболро  такрор мехонданд:

«Чун чароғи лола сӯзам дар хиёбони шумо,
Эй ҷавонони Аҷам, ҷони ману ҷони шумо». 

Падарам мегуфтанд: “Анҷуман барои худшиносӣ ва бедории шуури миллӣ аҳамияти калон дорад. Мо ташнаи фарҳанги ҳамзабону ҳамхунамонем ва онҳо ташнаи фарҳанги моянд.

Тоҷикони ҷаҳон, сарфи назар аз он ҷои сукунат, ба Тоҷикистон таваҷҷуҳи хосае доранд, онро хонаи умеди худ мепиндоранд.

Тоҷикистон — хонаи умеди тоҷикони ҷаҳон аст».

Бале, «Пайванд» вазифаи бузурги таърихии худро иҷро намуда буд. Дар он солҳои муташанниҷ, вақте, ки якпорчагӣ ва ваҳдати халқу ватанамон дар хатар буд, падарам Анҷумани тоҷикони ҷаҳонро барпо мекарданд, меҳмони хориҷиро бо дили пуру кафолати амнияти онҳо даъват менамуданд, марзҳоро  мекушоданд, то ба  пайванди тоҷикони ҷаҳон баҳри худшиносӣ, ваҳдат ва ояндаи миллатамон такони пурарзише диҳад. Мехоҳам ин ҷо суханони худи падарамро оварам, ки оиди Анҷумaни якуми тоҷикони ҷаҳон  гуфта буданд:

“Бо тоҷикони бурунмарзӣ алоқа барқарор гашт, ки  дастоварди муҳимест баҳри ҳамватанону ҳамзабонон ва тоҷикони ҷаҳон.

Бахусус расми гузоштани пайкараи Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ лаҳзае бошад ҳам, ҳама доругириҳоро аз хотири халқ шуст, ҳамаро ҳушдор дод, ки тоҷик зинда асту зинда хоҳад монд!” 

АМИТ «Ховар»: Ду соле пеш як коргардони амрикоӣ филмеро дар бораи шодравон устод Осимӣ ба навор гирифт. Филми хеле ҷолибест…

Гавҳар Осимӣ: Хеле ҷолиб аст,бале.  Коргардони филми «Осимӣ» («Osimi»)  Кристофер Шуллер як шахсест, ки забони дигар, фарҳанги дигар дорад, шахсе, ки падарамро боре ҳам надидаасту ҳамсуҳбат нашудааст, инчунин моҳияту маънавиёт ва ғояҳои инсондӯстӣ ва маърифатпарварии падарамро дарк намудаву шинохта, онро дар филмаш нишон дода тавонистааст.

Ман албатта ба меҳнати онҳо ва ба ин филм баҳои баланд медиҳам. Инчунин барои он, ки тавассути  намоиши ин  филм дар арсаи ҷаҳон  мардумони дунё бори дигар   аз  халқи тоҷик ва Тоҷикистон,   аз фарҳангдӯстии халқи мо, аз сулҳдӯстӣ ва аз инсонпарварии халқи мо огоҳ шуда, таассуроти хуб пайдо намуданд.

Кристофер Шуллер  коргардон ва барномагузори машҳури Иллоёти Муттаҳидаи Амрико,  президенти ширкати «Кристофер Продакшнс» (Christopher Productions) мебошад.

Ӯ дар тӯли 20 соли охир беш аз 100 барномаи телевионӣ таҳия намудааст, ки онҳо  45 ҷоизаи “Эмми”  ва дигар ҷоизаҳои филм — фестивалҳои чаҳониро сазовор гардидаанд.

Филми «Oсимӣ», ҳамчун филми беҳтарини ҳуҷҷатӣ, ҳоло дорандаи зиёда аз 20 ҷоизаи ҷаҳонӣ гашта, дар бисёр донишкадаҳои ҷаҳонӣ  нахустнамоиши он  бомуваффақият гузашта  истодааст.

АМИТ «Ховар»: Боиси ифтихор аст, ки филми «Osimi» дорандаи ҷоизаи «Эмми» гардидааст.

Гавҳар Осимӣ:  Бале, он ҷоизаи бонуфузи амрикоӣ ба ҳисоб рафта, рушди  соҳаи телевизионро дастгирӣ мекунад.

Филм бо забони англисӣ буда, бa забонҳои тоҷикӣ, русӣ,  испанӣ бо зерсатрҳо тарҷума карда шудааст. 

АМИТ «Ховар»: Устод Осимӣ физик буданд, аммо донандаи хуби таъриху фарҳанг ва забони тоҷикӣ низ.  Ин ҷо чӣ робитае бошад?

Гавҳар Осимӣ: Гап сари он аст, ки падарам дар муҳити фарҳангӣ ба дунё омада,  ба воя расидаанд. Чӣ тавре пештар гуфтам, бобояшон Осимхон Махсум ва амакбобояшон Олимхон Махсуми Хуҷандӣ анъанаи гузаронидани маҳфилҳои орифона доштанд, ки дар онҳо аҳли адаб ва фарҳанг ширкат меварзиданд. Устод Айнӣ низ борҳо меҳмони гиромии чунин маҳфилҳо буданд.  Дар ин маҳфилҳо шеъру ғазалҳои Ҳофизу Бедил, «Маснавӣ»-и Мавлоно Ҷалоллидини Балхӣ, қитъаҳо аз достони «Шоҳнома»,  маснавиёти Убайди Зоконӣ ва дигаронро мехонданду мутолиа мекарданд. Бародари калонии падарам Зайниддин тору дутор менавохтанд.

Падарам нақл мекарданд, ки он кас бо шавқ ин суҳбатҳоро гӯш карда, аз паи он мешуданд, ки шамъҳо фурӯзон бошанд. Бинобар ин ҳар дам аз шамъи обшуда боз шамъи нав сохта, сари вақт онро фурӯзон мекарданд. Ин гуна ҷамъомадҳо баъзан то дами субҳ давом меёфт. Ҳамин, ки субҳ мерасид, бо табассум чунин байтҳоро мехонданд:

Шаб рафту ҳадиси мо ба поён нарасид,
Шабро чӣ гунаҳ? Қиссаи мо буд дароз.

Шавқи падарамро ба илмҳои дақиқ бародари бузургашон Зайниддин Осимӣ бедор карда буданд. Худи Зайниддин Осимӣ сармуаллим ва дотсенти кафедраи кимиё ва биологияи Донишкадаи педагогии шаҳри Хуҷанд буданд.

Он кас чанд китоби дарсӣ ва  дастурҳои амалиро аз русӣ ба тоҷикӣ тарчума карда, луғати русӣ — тоҷикиро низ аз фанни кимиё тартиб дода буданд.

Китобҳои дарсии кимиёи органикӣ, ки Зайниддин Осимӣ тарҷума карда буданд, дар Ленингради дар муҳосира қарордошта нашр шуда, солҳои ҷанг бо қатора тирхӯрдаю захмдор ба Тоҷикистон расида меоянд. Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Зайниддин Осимӣ қаҳрамонона дар фронт вафот карданд.  Бародарашон Баҳриддин, ки дар ҳамон муҳориба меҷангиданд, бо ҳамсафонашон  Зайниддинро дар майдони ҷанг дар ҷангали деҳаи Заходское, назди Ленинград дафн мекунанд.

Пас аз ҷанг Муҳаммад Осимӣ ва хешовандон солҳои сол дар ҷустуҷӯи  қабри бародари бузургашон буданд. Азбаски он минтақа ба ҳавлиҳои истиқоматӣ тақсим карда шуда буд, ёфтани он ҷой мушкил гашт.

Зани хирадманду софдил, Александра Михайловна Бочкова нагузошт, ки қабри Зайниддинро аз ҳавлияш бардоранд. Ӯ мегӯяд: «Ин ҷавони қаҳрамон сарзамини моро ҳимоя карда буд, ҳоло мо қабри ӯро нигоҳубин мекунем».

Пас аз 70 соли ҷустуҷӯй оилаи Осимиҳо ҷои дафни Зайниддин Осимиро оқибат   дармеёбанд ва як каф хоки ватанашонро  рӯи мадфани ӯ мегузоранд.  Ҳоло  аҳли оилаи Бочковаҳо бароямон хеле азизу гиромӣ ҳастанд.

Бародари дуюми падарам Баҳриддин Осимӣ, пас аз  ҷанг баргаштанашон солҳои тӯлонӣ аз фанни кимиё ва биология дар мактабҳои миёнаи шаҳрҳои Курғонтеппа ва Хуҷанд дарс медоданд.

АМИТ «Ховар»: Шодравон Муҳаммад Осимӣ зимни алоқа ба бузургони тоҷик таҳқиқоти зиёдеро анҷом додаанд. Аз ҷумла дар бораи Берунӣ ва дигарон. Инро Шумо аз алоқаи беандозаашон мебинед ё нақши илми тоҷик ва хизмати бузургони тоҷик? 

Гавҳар Осимӣ: Хеле саволи ҷолиб. Ман инро дар ҳар ду, яъне дар алоқаи мутақобила мебинам. Падарам  чунин гуфта буданд:

«Илми муосир мисли дарахти барӯманд ҳеҷ гоҳ аз решаҳои таърихии худ канда нашудааст. Мо, тоҷикон аз он ифтихор дорем, ки ба нашъунамои илми муосир саҳми арзандае гузоштаем. Дар ҳама соҳаҳои асосии илми башарият нақши хиради аҷдодони мо пай бурда мешавад.»

Доираи ҷанбаҳои илмии падарам гуногунанд: масъалаҳои фалсафии илмҳои табиӣ, таърихи фалсафа, таърихи илм, илмшиносии муосир.

Падарам нашри кори дастаҷамъии дорои аҳамияти бузурги иҷтимоӣ ва фарҳангӣ «Энсиклопедияи советии тоҷик» — ро дар ҳашт ҷилд (Душанбе, 1978) ва ду нашри китоби якҷилдаи Энсиклопедии «Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Душанбе, 1974, 1984)-ро сарварӣ намуда ва анҷом доданд, ки онҳо якумин энсиклопедияҳои бунёдӣ буда, таърих, фарҳанг, илм, адабиёт ва санъати халқи тоҷикро аз замонҳои қадим то асри ХХ ба таври пурра ва мушаххас инъикос кардаанд.

Ҷолиби диққат аст, ки дониши амиқи падарам доир ба  таърихи фалсафа, аз ҷумла фалсафаи Шарқи асримиёнагӣ ба он кас  имкон дод, ки қабатҳои омӯхтанашудаи маводҳои таърихӣ ва фалсафие, ки қаблан барои оммаи васеи илм дастнорас буданд,  берун оранд.

Асарҳои падарам ба таҳлили марҳилаҳои асосии рушди тафаккури фалсафӣ, назарияҳои мактабҳои мухталифи фалсафӣ ва самтҳои фалсафӣ, ифшои қонунҳои мушаххас ва мантиқи дохилии рушди тафаккури фалсафӣ, ба роҳ мондани робитаи байни фалсафа ва ҳаёт, рушди илм, фарҳанг ва ҷомеа ҳамчун ҷузъҳои ҷудонашаванда бахшида шудаанд. Дар адабиёти илмӣ аҳамияти фалсафаи асримиёнагии кишварҳои Шарқи Наздик ва Миёна, хусусан Эрон ва Осиёи Марказӣ  ба таври дақиқ ва объективӣ муайян карда нашуда буданд. Падарам, Муҳаммад Осимӣ системаҳои фалсафии намояндагони маъруф ба монанди  Абӯбакри Розӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Ғаззолӣ, Ибни Рушд ва дигаронро  оиди хусусиятҳои рушди тафаккури фалсафӣ дар ин минтақа ва мавқеи он дар таърихи умумии фалсафа баррасӣ кардa,  бисёр мулоҳизаҳои ҷолиб, ғояҳо, андешаҳо ва хулосаҳоро пешниҳод кардаанд.

Хусусан, ҳаёт ва фаъолияти илмии олимону шоирони барҷастаи  тоҷик ва Шарқ, ба монанди Абурайҳони Берунӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Абдураҳмони Ҷомӣ, Шамсиддин Ҳофиз, Амир Хусрави Деҳлавӣ, Муҳаммад Иқбол, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ ва Абдулқосим Лоҳутӣ барои Муҳаммад Осимӣ муҳим, ҷолиб ва дар мадди назари аввали он кас буданд.

Падарам олим ва мутаффакир буданд, ҳар куҷое мерафтанд,   ҳатман осорхонаҳо ва бунёди дастхатҳоро зиёрат намуда, дар ҷустуҷӯи дастхатҳо ва асарҳои илмии олимони шарқ ва алалхусус форсизабонон буданд. Ҳамчун олим падарaм аз илми ҷаҳонӣ, фалсафаи Шарқу Ғарб хеле огоҳ буданд, ҳамеша талқин мекарданд, ки илм, санъат ва фарҳанг марзҳои миллӣ ва ё сиёсӣ надоранд, онҳо ҳама ба башарият тааллуқ доранд.

Баргардем ба тадқиқоти падарам оиди мероси илмии олим ва мутафаккири шарқ Абурайҳони Берунӣ. Падарам асари «Китоб-ут-тафҳим ли авоили саноат-ит-танҷим”-и Абурайҳони Беруниро тадқиқ намуда, саҳми арзандаи донишмандро дар илмҳои нуҷум, риёзӣ, ҷуғрофия ва ғайра нишон додаанд.

Ба ман аз ин мақолаи падарам адар бораи кашфиётҳои Берунӣ дар илми риёзӣ, махсусан геометрия ва тригонометрия нақл кардаанд, ки хеле ҷолиб аст.  Берунӣ кӯшиш намудааст, ки комёбиҳои математикаи юнониён ва ҳиндуҳоро ба ҳам пайвандад ва ба ин роҳ муваффақ шудааст.  Вале ҷорӣ шудани системаи даҳии хисобии ҳиндуҳо ба туфайли ҷидду ҷаҳди Берунӣ имконпазир гаштааст. Берунӣ муодилаҳои кубиро ҳал намудааст. Ҷадвалҳои таносубҳои тригонометрӣ, синуси 15 дараҷа ва тангенси 1-ро тартиб додааст. Берунӣ усули гирифтани проексияи параллелӣ ва силиндриоро кашф кардааст.

Абурайҳони Беруни бар хилофи Птоломей исбот кардааст, ки қитъаи Африқо аз тарафи ҷануб ба уқёнус пайваст мешавад. Дар асарҳои Берунӣ номҳои фаровони ситораҳо, кишвару шаҳрҳои қадима, кӯҳҳову дарёҳо, биёбону ҷазираҳо ва инчунин набототу паррандагонро дучор меоем, ки онҳо барои омӯхтани таърихи забоншиносии тоҷик хеле муҳиманд.

Ёд дорам мақолаи солҳои охирашон «Хусрави мулики сухан” ном дошт, ки ба осори адабии шоири форсигӯи Ҳинд Амир Хусрави Деҳлавӣ ва   нуфузи  забони форсиии тоҷикӣ дар қаламрави  Ҳиндустон бахшида шуда буд.

АМИТ «Ховар»: Оё тамоми осор ва тадқиқоти устод нашр шуданд?

Гавҳар Осимӣ: Оре, “Осори мунтахаб”-и падарам аз тарафи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Пажӯишгоҳи фалсафа ва хуқуқ аз чоп баромада буд, ки ба ҷашни 80-солагиашон бахшида  шудааст. Шодравон устод Ғаффор Ашӯров онро мурратаб дода, пешгуфтор ҳам навишта буданд. Асарҳои падарам «Материя ва тасвири физикии олам » ва  «Пайдоиш ва ташаккули тафаккури фалсафӣ» ва дигарон ҳамчун китобҳои алоҳида аз чоп бароварда шудаанд.

Ҳоло, бахшида ба чашни 100-умин солгарди зодрӯзи падарам Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон чанд китоб аз нашр баровард ва инчунин як шумораи махсуси «Ахбороти Академияи Тоҷикистон»  ба солномаи Муҳаммад Осимӣ бахшида шудааст, ки дар он ҳам асарҳои падарам ва ҳам хотироти олимону донишмандон ҷой гирифтаанд.

Ман аз фурсати муносиб истифода бурда, мехостам ба ҳамаи шахсиятҳои барӯманду олимони забардаст, шоиру нависандагон, рӯзноманигорону филмбардорон, ки дар тӯли ин  солҳо то имрӯз оид ба ҳаёт ва фаъолияти падарам асарҳову рисолаҳо, мақолаҳову хотирот, ёдномаҳову филмҳо ба нашр расонидаанд, ташаккури беандозаи мо, фарзандонро, изҳор намоям.

Мо ба устодон Фарҳод Раҳимӣ, Каромтулло Олимов, Аскаралӣ Раҷабов, Акбар Турсун, Мӯсо Диноршоев, Усмонҷон Ғаффоров, Носирҷон Салимов, нависанда Муҳидин Хоҷазод, шодравон Ғаффор Ашӯров, шодравон академик Нӯмон Неъматов, шодравон Абдусамад Қодиров, шодравон Муҳаммад Субҳон сидқан сипосгузории худро баён мекунем, ки бо асарҳои арзишмандашон номи неки падарамон Муҳаммад Осимиро  абадан зинда  гардонидаанд.

АМИТ «Ховар»: Аз иқдоми давлати Тоҷикистон барои арҷгзорӣ ба кору пайкори устод чӣ гуфта метавонед?

Гавҳар Осимӣ: Падарам, Муҳаммад Осимӣ ҳангоми таҷлил кардани ҷашнҳои бузургонамон, чунин гуфта буданд:

«Ҷашнвораи олимон ва ходимони фарҳангии гузашта на танҳо эҳтироми хотири онҳо, як роҳи изҳори миннатдории наслҳо барои хидматашон ба инсоният аст. Ин на танҳо арзёбии тарҷеҳи мероси эҷодии қаҳрамони он замон, балки як сабаб барои андеша дар бораи қонунҳои ташаккули тамаддуни башарӣ, дар бораи сарнавишти таърихӣ ва дурнамои рушди фарҳанг дар маҷмӯъ мебошад».

Ҷашни 100 — солагии падарам рӯзи 25 августи соли ҷорӣ дар коҳи илму фарҳанг, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо баргузории Сипмозиуми байналмилалӣ ва мизи гирд таҷлил шуд. Дар он дӯстон, олимон ва аҳли илму адаби ҷумҳуриамон   маърӯзаҳои  хеле ҷолиб ва самимӣ карданд. Аҳли илму фарҳанги  дигар кишварҳои олам, ки ба ин симпозиум  даъват шуда буданд, вале бинобар сабаби пандемияи коронавирус ба Тоҷикистон сафар карда натавонистанд, паёми самимона ва хотироти худро сабт намуда, ба ин ҷашнвора фиристоданд. Вобаста ба коронавирус инро гуфтаниам, ки тамоми ҷаҳон чун Тоҷикистони азизи мо  аз ин вабои аср зиён мебинад. Ва имрӯзҳо мо ҳама  ба ғаму андӯҳи якдигар  шарик ҳастем ва ба ҳамаи наздиконе, ки азизонашонро аз даст додаанд, таслияти ҳудро баён менамоем. Мо дар ин рӯзҳои чашни 100-солагии падарамон  бародари бузурги азизамон, донишманд ва олими соҳаи физика Мустафо Муҳаммадзода  Осимиро  аз даст додем…

АМИТ «Ховар»: Ёдашон ба хайр равонашон шод бод!

Гавҳар Осимӣ: Инчунин рӯзи 1 сентябр дар зодгоҳи падарам Хуҷанди бостон бо ташаббусси мақомогти ҳокимияти давлатии  вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд  ва  Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тoҷикистон ба номи академик  Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд конфронси илмӣ – назариявӣ хеле самимиву пурмазмун доир карда шуд.

Ман ба ҳамаи ташкилкунандагони ин ҷашнвора, ба хусус ба Ҳукумати Тоҷикистон, шахсан ба Асосгузори сулҳу ваҳдат — Пешвои миллат, Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз номи аҳли хонаводаи Муҳаммад Осимӣ сидқан сипосгузории худро баён менамоям.

АМИТ «Ховар»: Дар охир чӣ гуфтании дигар доред?

Гавҳар Осимӣ: Барои падарам, Муҳаммад Осимӣ, мақоми инсон олӣ буду шахсияти одам муқаддас. Падарам  тамоми умрашонро барои ободонии кишвари маҳбубашон бахшиданд, барои ваҳдату якпорчагии халқу ватанашон, барои беҳбудиву сарбаландии мардумашон ҷонашонро нисор карданд. Ва чӣ тавре, ки  падарам ғами халқашонро мехӯрданду муҳаббаташонро дар дилу ҷонашон мепарвариданд, ҳоло ҳамин тавр дар дилу дидаи мардум ҷой гирифтаанд. Аз ин дида барои инсон мукофоти волотар нест.

Мехоҳам суханони падарамро ба ёд орам, ки такрор ба такрор мегуфтанд: «Осоиши ҳамагон аст дуои манн… осоиши ҳамагон аст дуои ман!».

Ва бо суханони Модари бузургворамон, ки  ба хотири падари азизамон гуфтаанд, хотима диҳам:

«Руҳашон шод бод,
Диёрашон обод бод,
Мардумашон сарбаланду саршод бод.»

Ҳaмешa шоду масрур бошед!

 

P.S. Ёдовар мешавем, ки Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо пешниҳод ҷиҳати ба рӯйхати тадбирҳои ҷаҳонии соли 2021  ворид намудани таҷлили 100-солагии Муҳаммад Осимӣ  ба ЮНЕСКО муроҷиат намудааст. Дар сурати қабул гаштани ин пешниҳод соли оянда бо ибтикори Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг ба ифтихори 100-умин солгарди академик Осимӣ симпозиуми байналмилалӣ доир хоҳад гардид.

Сентябрь 17, 2020 13:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон бо 4 муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон ҳамкорӣ мекунад
«ШОҲРОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Тоҷикистон барои иштирок дар ин намоиши байналмилалӣ омодагии ҷиддӣ мебинад
Дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ оид ба ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ доир гардид
Дар Душанбе бо иштироки олимону зиёиёни Тоҷикистон ва Узбекистон конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Дар доираи Ҳафтаи илм оид ба мероси уран дар Осиёи Марказӣ конфронси байналмилалӣ баргузор гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ҲИФЗИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. Дар Тоҷикистон зиёда аз 100 ёдгории таърихиву фарҳангӣ тармиму барқарор гардид
Дар Қасри фарҳанги ноҳияи Варзоб ба алоқамандони синамо филми ҳунарии «Таҳаввулот» намоиш дода шуд
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои илмии Чин густариш меёбад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Маърифати ҳуқуқӣ ва экологӣ — омили ободкориву созандагӣ. Эҳдо ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон
Риояи дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои занону духтарони Тоҷикистон арҷгузорӣ ба суннатҳои миллӣ ва эҳтиром ба миллат аст