Ходими адабии АМИТ «Ховар» Камол Насрулло дар озмуни «Тоҷикистон – хонаи умеди мо» соҳиби ҷойи аввал дар бахши назм гардид
ДУШАНБЕ, 07.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи устод Рӯдакӣ, ходими адабии АМИТ «Ховар» Камол Насрулло дар Озмуни нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон-рӯзномаи «Ҷумҳурият» ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон «Тоҷикистон – хонаи умеди мо» бо гирифтани 50 хол соҳиби ҷойи аввал дар бахши назм гардид.
Озмуни «Тоҷикистон – хонаи умеди мо», ки ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда буд, 5 сентябр дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Данғара ботантана ҷамъбаст гардид. Дар маросими ҷамъбасти он раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, мушовири Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдуллозода, сармуҳаррири рӯзномаи «Ҷумҳурият» Қурбоналӣ Раҳмонзода, адибон, олимон, ғолибони озмун аз тамоми гӯшаву канорҳои мамлакат иштирок доштанд.
Ба озмун, ки аз 15 июли соли 2019 то 20 августи соли 2020 идома ёфт, дар ду бахш: назм ва публитсистика беш аз 300 матлаб дар қолабҳои мухталифи шеърӣ ва журналистию публитсистӣ ворид гардида, дар ин муддат беш аз 100 шеъри 30 муаллиф ва 70 матлаби олимон, адибон ва публитсистону журналистони шинохтаи мамлакат ба нашр расиданд.
Ҷойи аввалро дар бахши публитсистика Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ Абдулҳамид Самад бо гирифтани 48 хол соҳиб шуд.
Дар ҳар ду бахш дунафарӣ сазовори ҷойи дуюм ва якнафарӣ сазовори ҷойи сеюм гардиданд. Шаш нафар бо ҷоизаҳои махсуси муассисон сарфароз гардиданд, ки дар байни онҳо олими шинохта, ходими давлатию ҷамъиятӣ Кароматулло Олимов, ҳунарманди маъруф Убайдуллои Раҷаб, нависанда Ато Ҳамдам, шоир Назри Яздонӣ ва дигарон ҳузур доштанд. Ҳамчунин дар ҳарду бахш 9 нафар иштирокчии фаъоли озмун бо ифтихорнома, мукофотпулӣ ва туҳфаҳои хотиравии муассисон қадр шуданд.
Ин 7-умин озмун аз доираи озмунҳои рӯзномаи расмии Тоҷикистон «Ҷумҳурият» аст, ки аз соли 2016 инҷониб гузаронида мешаванд. Аз ин пеш чунин озмунҳоро нашрияи «Ҷумҳурият» дар ноҳияи Восеъ бахшида ба ҳаёт ва фаъолияти шоир ва журналисти шинохта Ғоиб Сафарзода, дар ноҳияи Рашт бахшида ба 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва ба хотири гиромидошти Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум, дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бахшида ба 21- солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ ва гиромидошти Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров, дар ноҳияи Айнӣ ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ ва гиромидошти Қаҳрамони Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ, дар шаҳри Панҷакент бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, дар шаҳри Хуҷанд дар мавзӯи «Беҳтарин шеъри бачагона» якҷоя бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои номбурда барпо намуда буд.
Ҳамаи ин озмунҳо дар сатҳи баланд ва бо иштироки фаъолу пуртаваҷҷуҳи хонандагони «Ҷумҳурият» гузаронида шудаанд.








Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд






