«…КИ ҲАЗОР ЛОЛА ПӮШАД ПАС АЗ ИН МАЗОРИ МОРО». Ёдкард аз шоири шаҳири тоҷик устод Гулназар, ки агар умр вафо мекард, имрӯз ба синни мубораки 75 мерасид

Сентябрь 20, 2020 10:00

ДУШАНБЕ, 20.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Тавре пештар хабар дода будем, шоири маҳбуби тоҷик, муаллифи Суруди миллии Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон ва дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ устод Гулназар Келдӣ расо як моҳ пеш аз зодрӯзаш, 13 августи ҳамин сол, баъд аз бемории начандон тӯлонӣ олами гузаронро падруд кард. Агар умр вафо менамуд, имрӯз ӯ ба синни мубораки 75 мерасид…

… Гулназар Келдӣ 20 сентябри соли 1945 дар деҳаи Дардари ноҳияи Айнӣ ба дунё омада, соли 1966 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро (ҳоло Донишгоҳи миллӣ) ба итмом расонидааст.

Солҳои 70-уми асри гузашта мо донишҷӯёни факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон акси шоири ҷавон Гулназарро дар лавҳаи «Ифтихори факултет» дида, бори аввал ба эҷодиёти ӯ мароқ зоҳир карда будем. То он замон шеърҳояш дар рӯзномаҳо чоп шуда буданд, ба қавли худаш, шеърнависиро аз партаи мактабӣ оғоз карда будааст.

Гулназар донишгоҳро даҳ сол пеш аз дохил шудани мо бо медали сурх ба итмом расонида буд, вале баъди даҳ сол низ акси ӯ дар лавҳаи «Ифтихори факултет» дар қатори Бозор Собир ва Гулрухсор, Юсуф Акобиров ва Муҳиддин Хоҷаев барҷо буд.

Гулназарро дар айёми донишҷӯӣ ифтихори факултет медонистанд, пасон, бо кору фаъолияти худ, бо ашъори дилангез ва пуршарори худ ӯ ба ифтихори миллати тоҷик табдил ёфт.

Вақте нахустин маҷмӯаи ашъораш бо номи «Расми сарбозӣ» чоп шуд, ӯ аллакай баъди хатми донишгоҳ дар рӯзномаи он замон машҳури «Комсомоли Тоҷикистон» кор мекард. Дар рӯзномае, ки дар он аз дараҷаи ходими хурди адабӣ то ба вазифаи муовини сармуҳаррир расида буд.

Дар рӯзномае, ки пеш ё пас устодони дигари сухан Мирзо Турсунзода, Фазлиддин Муҳаммадиев, Лоиқ Шералӣ, Мавҷуда Ҳакимова, Саидалӣ Маъмур, Бахтиёр Муртазоев, Ато Ҳамдам ва дигарон кор мекарданд: Турсунзода мудири шуъба ва котиби масъул, Фазлиддин Муҳаммадиев муовини муҳаррири он буданд. Рӯзномае, ки Ҷалол Икромӣ, Ӯрун Кӯҳзод, Сорбон, Абдулҳамид Самадов, Низом Қосим ва даҳҳо нафар  дигар суханварони мумтози тоҷик бо он ҳамкорӣ мекарданд ва ба туфайли навиштаҳои марғубу дилнишини онон ин нашрия маъруфияти зиёде миёни аҳолӣ дошт ва ҳафтае се бор бо теъдоди беш аз 200 ҳазор нусха аз чоп мебаромад.

Рӯзномае, ки ман низ, дар омади гап, пас аз хатми донишгоҳ чанд сол дар он кор кардаам ва аз ин ифтихор мекунам. Ва маҳз дар идораи ҳамин рӯзнома бори аввал бо устод Гулназар рӯ ба рӯ омода, шинос шуда будам. Хато накунам, соли 1981 буд ва маҷмӯаи нави шеърҳояш бо номи «Паҳно» чоп шуда буд ва чанд нусха аз он барои ҳамкорони собиқаш армуғон овард.

Пеш аз ин чанд китоби дигари Гулназар бо номҳои «Дастархон», «Нардбон» «Ағба» ба дасти хонанда расида буданд ва пас аз он мулоқот маҷмӯаҳои дигараш, амсоли «Лангар», «Пайи дарё», «Чашми нигин», «Табхола» «Туву хубиву раъноӣ», «Сафина», «Шоиру шеъре агар ҳаст…», «Оғуши саршор», «Аз барои Гулизор», «Девори сабз» «Дарёи кӯча» ва ғайра мунташир гаштанд.

Чакидаҳои хомаи Гулназар ба забонҳои дигар, аз ҷумла ба забони русӣ бо номҳои «Звезда Улугбека» ва «Тень тутовника» дар нашриётҳои бонуфузи Душанбе ва Москва, инчунин бо ҳуруфи форсӣ дар Теҳрону Кобул ба чоп расидаанд.

Дар маҷмуъ аз Гулназар қариб 50 китоб чун ҳадя ба ҳаводорони шеъру сухани ноб боқӣ мондааст!

Шоири нуктасанҷ солҳои тӯлонӣ дар идораи маҷаллаи «Садои Шарқ» ва нашриёти «Адиб» кор кардааст. Устод Лоиқ, ки бо Гулназар чандин сол дар дафтари маҷаллаи адабии кишвар ҳамкору ҳамнишин буд, гуфтааст:

«Дар шеъри мо ягон нафар чун Гулназар таҷрубаҳо накардааст…».

Шоираи хушбаёни тоҷик Фарзонаи Хуҷандӣ гуфтааст:

«Шеъри Гулназар мисли дарахти азими тановарест, ки дар масоҳати бузурги шеъри форсии тоҷикӣ доман густардааст…».

Солҳои 1975-1977 устод Гулназар ба ҳайси тарҷумони мутахассисини шӯравӣ дар Афғонистон, дар маркази маъмурии вилояти Балх – шаҳри Мазори Шариф ифои вазифа намуда ва борҳо ҳангоми суҳбатҳояш дар бораи мулоқоташ бо Аҳмад Зоҳир дар ин шаҳр ҳикоя кардааст. Аз ҷумла, дар бораи он ки чӣ тавр сабти нахустини суруди Аҳмад Зоҳир бар шеъри Мирзо Турсунзода «Туро сад бор гуфтам, ки ғуломат ман ҳамин кофист…»-ро ба Душанбе оварда, ба муаллифи шеър тақдим намудааст.

Дар як наворе, ки дар шабакаи интернет ҳаст, Гулназар чунин нақл мекунад:

«Ёдам ҳаст, ки фитаҳои Аҳмад Зоҳирро ҳатто хонумҳои рус, ки бо мо якҷоя зиндагӣ ва кор мекарданд ва ё ҳамроҳи шавҳаронашон рафта буданд, гӯш мекарданд ва лаззат мебурданд. Барои ман бисёр тааҷҷубовар буд, ки намояндаҳои миллати дигар ин қадар овози Аҳмад Зоҳирро, маҳорати ӯро, санъати ӯро дӯст медоранд. Шояд ин аз он хотир буд, ки Аҳмад Зоҳир тавонист беҳтарин намунаҳои санъатьи ҷаҳониро бо санъати Шарқ даромезад ва дар эҷодиёти худаш фароҳам оварад…. Замоне буд, ки Аҳмад Зоҳир ба Мазори Шариф омад ва дар «Мазор Нандорӣ», ки ба як кинотеатри оддии мо монанд буд, базми ҳунарӣ орост. Ва мутахассисин хоҳиш намуданд, ки ман чанд нафар хонумҳои русро ба он ҷо барам. Ба ман муяссар шуд, ки чанд билет пайдо кунам ва онҳоро бо худ барам… Барои манн ифтихор буд, ки аз номи мутахассисини шӯравӣ, ба Аҳмад зоҳир гулдаста тақдим намоям… Вай бисёр як ҷавони зебо ва соҳиби мӯйҳои дарози айни ҳамон шуҳрату ҷунуну ошиқиву шоирияш буд… Хеле афсӯс мехӯрам, ки баъди чанд соле ман боз ба Кобул рафтам ва мазори ӯро мисле бесоҳиб дарёфтам: толибон харобаш карда буданд… Як кӯдаке, ки дар даст сатили об дошт, чун донист, ки мо ба зиёрати қабри овозхон омадаем, давида рафта, болои санги қабрро аз гарду чанг пок кард… Дар он ҷо ҳатто як сабза намерӯяд, саропо сангистон аст. Ва маро хорӣ омад… Аҳмад Зоҳир як суруди бисёр зебое дошт бар шеъри Симини Беҳбаҳонӣ:

Зи чӣ ҷавҳар офаридӣ дили доғдори моро,
Ки ҳазор лола пӯшад пас аз ин мазори моро…».

Дар охири навор Гулназар мегӯяд: «Аҳмад Зоҳир шоир ҳам буд, ӯ шеърро хуб мефаҳмид».

Мисли он ки худи Гулназар мусиқиро хуб дарк мекард.

Гулназар ва Аҳмад Зоҳир – ду эҷодкори мумтоз ва ду булбули Шарқ.

Баъди чанд сол ман низ дар Афғонистон ба ҳайси тарҷумон кор кардам. Вақте баргаштам, рӯзе дар Душанбе  бо  Гулназар дар роҳ вохӯрдем. «Рост аст, ки шумо як сол дар Чахчарон кор кардед?», — пурсид аз ман. «Бале, устод, дар вилояти Ғур», — ҷавоб додам. «Шумо медонед, ки  дар он ҷо аслан тоҷикон ба сар мебаранд ва он макони давлати дуюми таърихии тоҷикон Давлати Ғурриён ва бисёр ҷои табаррук аст?». Устод бо шавқ дар бораи Ғурриён аз китоби «Тоҷикон» мисолҳо овард. Он қадар маълумот дошт, ки ман аз онҳо бехабар будам.

Солҳои охир Гулназар муовини Раиси Кумитаи мукофоти давлатии ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ буд ва мо  сари як мавзӯъ бевосита ҳамкорӣ карда будем. 10 марти соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси танатанавӣ бахшида ба 100-солагии матбуоти тоҷик сухан гуфта, пешниҳод карда буданд, ки бахши нави мукофоти давлатӣ барои беҳтарин асарҳои публисистии кормандони соҳаи матбуот низ таъсис дода шавад. Пас аз он ман, ки он замон сарварии  Шуъбаи иттилоотию таҳлилии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бар уҳда доштам, ҳамроҳи устод Гулназар лоиҳаи тағйирот ба низомномаи Мукофоти давлатии ба номи Рӯдакиро омода ва пешниҳод намудем.

… Як моҳ пеш устод Гулназар ба гумони сироят ба бемории коронавирус дар беморхона бистарӣ шуд. Аҳли адаб гуфтанд шоири маъруфи мо дар ҳолати вазнин қарор дошта, ба дасгоҳи нафаскашии сунъӣ пайваст карда шудааст.

Баъди чанд рӯз ба телефони дастиаш занг задам. Хушбахтона худаш ҷавоб дод, садояш хаста буд.  «Аҳволатон чи хел устод?», — ҳамоно пурсидам. «Бад не, имрӯз хеле беҳтар. Иншоаллоҳ хуб мешавам», — гуфт бо як навъ боварӣ ва илова кард: «Вале шумо бепарво нашавед, худатонро эҳтиёт кунед».

Вале афсус, пас аз ду рӯз, 13 август, бароямон хабари нохуш расонид: устод моро падруд гуфт.

Худи ҳамон рӯз ҷасади марҳум дар қабристони Лучоб, дар паҳлӯи дигар бузургони миллати тоҷик ба хок супорида шуд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли хонавода ва наздикону пайвандони марҳум ҳамдардии амиқ баён намуданд.

Устод барои ҳамеша дар дилу хотири мо бо ҳамон табассуми малеҳ, ки дар акси боло мебинед, нақш баст…

Ёдаш гиромӣ бод!

 

Саидалӣ СИДДИҚ

Сентябрь 20, 2020 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«САД РАНГИ ЧАКАН». Дар Душанбе ин фестивали ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст гардид
Роҳбарзанони Узбекистон бо табиати зебои шаҳри Норак шинос шуданд
Дар Душанбе ҳамкории илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи Акитаи Ҷопон баррасӣ шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон бо 4 муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон ҳамкорӣ мекунад
«ШОҲРОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Тоҷикистон барои иштирок дар ин намоиши байналмилалӣ омодагии ҷиддӣ мебинад
Дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ оид ба ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ доир гардид
Дар Душанбе бо иштироки олимону зиёиёни Тоҷикистон ва Узбекистон конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Дар доираи Ҳафтаи илм оид ба мероси уран дар Осиёи Марказӣ конфронси байналмилалӣ баргузор гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ҲИФЗИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. Дар Тоҷикистон зиёда аз 100 ёдгории таърихиву фарҳангӣ тармиму барқарор гардид
Дар Қасри фарҳанги ноҳияи Варзоб ба алоқамандони синамо филми ҳунарии «Таҳаввулот» намоиш дода шуд
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои илмии Чин густариш меёбад