Далер Тиллоев Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман»-ро дар соли 2020 ба даст овард

Ноябрь 18, 2020 10:43

ДУШАНБЕ, 18.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. 16 ноябр, дар Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷоизасупории  Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» баргузор гардид, ки зимни он Шоҳҷоизаи озмун ба маблағи 70 000 cомонӣ ба Далер Тиллоев аз шаҳри Душанбе аз  Номинатсияи композиторӣ  дар жанри академӣ  супорида шуд. Аъзои ҳакамон баъд аз се даври озмун беҳтарин истеъдодҳоро аз рӯйи се номинатсия- композиторӣ (оҳангсозӣ),  сарояндагӣ, навозандагӣ муайян намуданд. Дар умум ба 65 нафар иштирокчиёни имсола аз рӯи жанрҳо аз ҷойи якум то панҷум аз  15 000 сомонӣ то 50 000 сомонӣ тақдим намуданд.Инчунин ба ғолибони дигари озмун диплому ифтихорномаҳо супорида шуданд.

Дар маросими ҷоизасупории  Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, собиқ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода ва намояндагони вазорату идораҳо, инчунин аҳли илму адаби мамлакат иштирок намуданд.

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода иброз дошт, ки «баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон —  Ватани азизи ман» барои дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, баланд бардоштани мақому маҳорати касбӣ, эҷоди мусиқии нав, таълифи ашъори баландғояи ватандӯстона, дарёфти беҳтарин намунаҳои оҳанг ва суруд, тақвият бахшидан ба касбияти баланди ҳунари иҷрокунандагӣ равона шуда буд. Тай ду сол аст, ки ин озмун бо Амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир мегардад. Озмун аз ноҳия оғоз гардида, то сатҳи вилояту ҷумҳурӣ гузаронида шуд. Имрӯз беҳтарин истеъдодҳо  муаррифӣ ва қадрдонӣ шуданд».

Бояд гуфт, ки озмун бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, рушди минбаъдаи малакаву маҳорати касбии онҳо, баланд бардоштани мақому маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба касбияти баланди ҳунари иҷрокунандагӣ ва эҷоди асарҳои нави мусиқӣ, дарёфти беҳтарин намунаҳои оҳанг ва сурудҳои тараннумгари дастовардҳои замони Истиқлоли давлатӣ, саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бунёди давлатдории навини тоҷикон ва тарғибу ташвиқи анъанаҳои арзишманди миллию мероси пурғановати ниёгон баргузор мегардад. Озмун ҳамчунин баҳри тарғиби санъати асил,  боз ҳам ғанитар гардонидани фазои  маънавии ҷомеаи муосир ва таҳкими унсури дунявии фарҳанги миллии тоҷик  равона гардидааст.

Мавриди зикр аст, ки дар барномаи консертии озмуни мазкур суруду оҳангҳое, ки тараннумгари дастовардҳои замони Истиқлоли давлатӣ, саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди давлатдории навини тоҷикон ва тарғибу ташвиқи анъанаҳои арзишманди миллию мероси пурғановати ниёгон буданд, замзама гардиданд.

Гуфта мешавад, ки ҳар номинатсия дорои талаботи махсуси касбӣ буда, зимни  иҷро таълифи асари мусиқӣ, шеър, суруд ва оҳанг аз ҷониби аъзои ҳакамон ба инобат гирифта шуд.

Ёдовар мешавем, ки тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имсол ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  таҳти сарпарастии Пешвои миллат  миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…»  ва «Тоҷикистон — Ватани азизи ман»  баргузор гардиданд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли дуюм аст, ки чунин озмунҳо доир  мегарданд. Дар ин ду сол ба озмун суруд ва оҳангҳои тозаэҷод, асарҳои нави композиторони ватанӣ, ҳамзамон беҳтарин осори мусиқии классикии ҷаҳонӣ, намунаҳои олии мусиқии анъанавӣ (мақомхониву фалаксароӣ),  инчунин овозхонии академӣ (вокал) пешниҳод гардиданд, ки синни иштирокчиён аз 8 то 40 иборат буд.

Фарқияти Низомномаи имсола аз озмуни соли гузашта дар он аст, ки имсол аз рӯи ҳар жанри он 9 нафар ғолиб муайн гардид ва  омӯзгорон ва устодоне, ки шогирдонашон ғолиб гардиданд, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҳавасманд карда мешаванд. Инчунин  ғолибони озмун ҳуқуқи иштирок дар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ пайдо намуданд.

Бояд гуфт, ки масъулони баргузории озмун Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи композиторони Тоҷикистон буданд. Ҳамчунин  Вазорати маориф ва илм, кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила барои баргузории озмун мусоидат намуда, дар тарғиб, ҷалби ҷавондухтарон ва ҷавонписарони соҳибистеъдод ба озмун чораҷӯӣ намуданд.

Ёдовар мешавем, ки маблағи умумӣ барои пардохти маблағи мукофоти ҷоизаҳои озмуни «Тоҷикистон — Ватани азизи ман»  2 140 000   (ду миллиону яксаду чил ҳазор)  сомониро ташкил медиҳад.

Ноябрь 18, 2020 10:43

Хабарҳои дигари ин бахш

«Чаро пайкарасозӣ ҷавобгӯи талабот нест», «Язгулом шуҳрати Боми ҷаҳонро меафзояд»,-шарҳи матбуоти даврии Тоҷикистон
Ҳукумати Россия барои таҳсили шаҳрвандони Тоҷикистон дар соли таҳсили 2021-2022 630 бурсия ҷудо намудааст
Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Бобоҷон Азиз аз олам даргузашт
Дар ноҳияи Данғара бахшида ба ҷашни Сада намоиши идона баргузор гардид
Дар асоси сенарияи Аниса Собирӣ, ғолиби озмуни Мактаби филмҳои Лондон нахустин филми Тоҷикистон — Британия наворбардорӣ хоҳад шуд
САДА – ПАЙҒОМИ СИПАРӢ ГАШТАНИ САРДИҲО ВА НАМОДИ НАЗДИК ОМАДАНИ ФАСЛИ ГАРМИҲО ВА САБЗИДАНУ ШУКУФТАНҲО. То таҷлили ин ҷашни бостонии ниёгонамон чанд рӯзи дигар боқӣ мондааст
BRICMATH-2020: Толибилмони Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд ғолиби озмуни мазкур шуданд
Пагоҳ дар саҳни бинои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон намоиш-фурӯши китоб доир мегардад
Нашриёти «Адиб» дар Истаравшан намоиш-фурӯши китоб доир намуд
Муъминобод: Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» соҳиби туҳфаҳои моливу пулӣ шуданд
«Ғунчаҳои Хатлон». Барои кӯдакону наврасони Хатлон нашрияи махсус таъсис дода шуд
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд аз рӯйи 9 ихтисоси нав донишҷӯ қабул мекунад