Мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Президенти Агентии ҳамкории байналмилалии Корея
ДУШАНБЕ, 26.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. 26 ноябр дар чаҳорчӯби сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Корея Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Президенти Агентии ҳамкории байналмилалии Корея (KOICA) хонум Ли Ми-кюнг мулоқот намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба таҳким ва рушди ҳамкории гуногунҷанба бо Агентӣ ва инчунин густариши робитаҳо дар доираи барномаи рушди захираҳои инсонӣ ва ҳамкории техникӣ табодули афкор намуданд. Дар баробари ин, барои кумаки мунтазами Агентӣ ба Тоҷикистон дар соҳаи рушди иҷтимоӣ, энергетика, тандурустӣ ва кишоварзӣ баҳои баланд дода шуд.
Ҷониби Тоҷикистон даъват намуд, ки Дафтари Агентии ҳамкории байналмилалии Корея дар Душанбе бо мақсади таҳкими бештари ҳамкорӣ ифтитоҳ гардад.
АКС аз ВКХ ҶТ








Дар Сафорати Тоҷикистон дар Швейтсария Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҷлил карда шуд
Тоҷикистон ва Қатар бахшида ба Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ дар Женева чорабинӣ баргузор намуданд
Дар Вашингтон бо иштироки соҳибкорони Тоҷикистон ва ИМА мизи мудаввар баргузор шуд
Сафири Тоҷикистон ба Вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт нусхаи эътимоднома супорид
Ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об ва иқлим дар Бангкок муаррифӣ шуданд
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо ИМА дар бахшҳои сиёсӣ ва илмӣ баррасӣ шуд
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Амрико баррасӣ шуд
Байни Тоҷикистон ва Амрико машваратҳои сиёсӣ баргузор шуданд
Мафалда Дуарте: «Тоҷикистон дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии иқлим мавқеи пешсаф дорад»
Ташаббуси навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон дар чаҳорчӯби ИДМ муаррифӣ карда шуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Дафтари Комиссари олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба паноҳандагон баррасӣ шуд
Тавсеаи ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардид






