ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон ҷамъомади дуюми омӯзишиву машқӣ оғоз намуд
ДУШАНБЕ, 07.12.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол бо роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев дар шаҳри Душанбе ба ҷамъомади дуюми дуҳафтаинаи омӯзишиву машқӣ оғоз намуд. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Барои иштирок дар ин ҷамъомади омӯзишиву машқӣ сармураббии дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон Аҳлиддин Турдиев 26 бозингар, аз ҷумла 3 дарвозабон, 8 муҳофизатгар, 9 ниммуҳофизатгар ва 6 ҳамлагар даъват кардааст. Мувофиқи нақшаи ситоди мураббиён, дар ин ҷамъомади омӯзишиву машқӣ даста рӯзе ду маротиба тамрин мекунад. Баргузории бозиҳои санҷишиву дӯстонаи дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон дар ҷамъомади омӯзишиву машқии сеюми даста ба нақша гирифта шудааст. Чорабинии мазкур нимаи дуюми моҳи декабр баргузор хоҳад гашт.
Ёдрас мешавем, ки марҳилаи ниҳоии Чемпионати Осиё барои дастаҳои мунтахаби то 16-сола ба соли дигар гузаронида шуд. Дар ин мусобиқа дастаи наврасони Тоҷикистон дар гурӯҳи «В» баромад мекунад. Рақибони дастаи наврасони Тоҷикистон дар марҳилаи гурӯҳии ин мусобиқа дастаҳои мунтахаби наврасони Уммон, Яман ва АМА мебошанд.
Чор дастаи беҳтарини марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё-2021 соҳиби роҳхат ба чемпионати ҷаҳон байни наврасони то 17-сола мешаванд. Чемпионати ҷаҳон байни наврасони то 17-сола дар давлати Перу баргузор мешавад.
Ҳайати дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон (U-16) барои иштирок дар ҷамъомади омӯзишиву машқӣ дар Душанбе:
Дарвозабонҳо: Сафармад Ғаффоров, Шаҳобиддин Маҳмудзода (ҳарду аз «Локомотив-Помир»), Сӯҳробхӯҷа Юсупов («Хуҷанд»);
Муҳофизон: Ҳукмиддин Шомуродов, Фахриддин Аҳтамов, Меҳрубони Абдурауф, Раҳматшо Раҳматзода, Шаҳриёри Иноятулло, Рӯзимуҳаммад Абдураҳмонов, ҚурбоналӣМуродов, Нурсултон Норбойзода (ҳама аз «Локомотив-Помир»);
Ниммуҳофизон: Алиҷони Айнӣ, Аббос Андалибов, Муҷовид Шовайсудинов, Бежан Нишонбойзода, Хусрав Тоиров, Меҳрубон Каримов, Кабир Салимшоев (ҳама аз «Локомотив-Помир»), Кароматулло Боронов (Академия футболи ФФТ), Азибек Далиев («Регар-ТадАЗ»);
Ҳамлагарон: Муҳаммадворис Саидалиев (ММВЗО), Абдулфаттоҳ Худойдодзода, Сунатулло Азизов, Асадбек Ҷӯрабекзода, Хуршед Давлатзода (ҳама аз «Локомотив-Помир»), Абдулло Шарипов (МҶМОВ).
Сармураббӣ – Аҳлиддин Турдиев.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд






