Китоби «Тоҷикон»-шоҳасари ҷовидон. Сокинони Бадахшон аз туҳфаи Пешвои миллат сарафрозанд

Декабрь 4, 2020 11:43

ХОРУҒ, 04.12.2020 /АМИТ   «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, дар асоси супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров – китоби «Тоҷикон» чоп гардида, то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ аз номи Сарвари давлат ба ҳар оилаи мамлакат тақдим карда мешавад. Тақсими китоби «Тоҷикон» дар мамлакат аз шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оғоз гардид.

Сокинони ноҳияҳои Ванҷу Мурғоб нахустин шуда, аз ин китоби пурарзиши таърихӣ бархӯрдор гардиданд. Ин туҳфаи арзишманди Пешвои миллатро намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъулини Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳузури раисони ҷамоатҳои деҳот ба ҳар оила  тақдим намуданд.

Тақсими китоби Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров дар Ҷамоати деҳоти «Ҷовидон»-и ноҳияи Ванҷ  бо иштироки қариб ҳама аъзои оилаҳо сурат гирифта, маълум буд, ки ин иқдом мояи хушнудии пиру барнои ин диёр гардидааст. Тибқи иттилои масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, дар ҷамоати мазкур 446 оила зиндагӣ мекунанд ва ба ҳамаи хонаводаҳо ин туҳфаи гаронарзиш тақдим карда шуд.

Сокини Ҷамоати деҳоти Ҷовидон Пайшанбе Шоҳзода изҳор дошт, ки “воқеан мутолиаи ин китоб барои ҳар тоҷику тоҷикистонӣ шарту муҳим  ва ин иқдоми наҷибонаи Пешвои миллат шоистаи ситоишу таҳсин аст. Ҳадафи аслии чунин иқдом шиносоӣ бо гузаштаи  пурифтихори халқи тоҷик ва дар ин замина баланд бардоштани ҳисси худшиносии насли имрӯзу фардои миллат аст”.

Сокини дигари ҳамин ҷамоат  Ҳумрон Мамадшоеви 81-сола аст, ки ба пирии худ нигоҳ накарда, ба бинои ҷамоати деҳот омад, то соҳиби ин асари безавол гардад. Ҳангоми гирифтани китоб ин марди дунёдида ба Пешвои миллат сипоси бепоёни худро баён намуда, арз дошт, ки “воқеан китобро чун гавҳари ноёб, сарчашмаи дониш ва ақлу хирад дар саросари ҷаҳон пазируфтаанд. Китоб аст, ки аз рӯзгори гузаштаи ниёгон барои насли имрӯз ҳикоят мекунад ва роҳи ояндаро мунаввар месозад. Ман кӯшиш мекунам, ки ба  наберагони худ мафҳуму моҳияти ин шоҳасарро тавзеҳ диҳам ва ба ин васила меҳри китобхониро дар дили онҳо бедор созам”.

Китоби «Тоҷикон»  соли 1972 ба забони  русӣ аз чоп баромада,  солҳои 1983 ва 1985 ба забони тоҷикӣ тарҷума ва нашр гардидааст. Ин китоб дар илми таърихшиносии ватанию хориҷӣ шуҳрати бузург касб кардааст. Чунки муаллифи он таърихи халқи  тоҷикро дар пояи консепсияи мукаммали илмӣ таҳқиқ карда, аз маводи фаровони таърихӣ, этнографӣ, лингвистӣ, бостоншиносӣ ва мадраку манбаҳои зиёди таърихӣ истифода бурдааст. Аллома Бобоҷон Ғафуров тавассути ин шоҳасари худ тоҷиконро ба ҷаҳониён ба таври мукаммал муаррифӣ намуда, дар асоси  сарчашмаҳои илмӣ нақши онҳоро  дар рушди  тамаддуни башарӣ арзишманд арзёбӣ кардааст.

Китоби «Тоҷикон» дар матбааи ҶСП «Нашриёти муосир»и шаҳри Душанбе  бо теъдоди 1 миллиону 600 ҳазор нусха бо сифати баланд ба табъ расидааст.

Файз МИРАСАН,
АМИТ  «Ховар»

Декабрь 4, 2020 11:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон баргузор мегарданд
ЭЪЛОН: «ВАССОФИ ВАТАН». Барои рӯзноманигорон ва корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаҳои интернетӣ фестивал-озмун баргузор мешавад
Тандиси биринҷии чеҳраи Президенти Тоҷикистон ба Осорхонаи миллӣ супорида шуд
АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ. Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон фестивали муд баргузор мегардад
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ТЕАТР. Дар давраи соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон барои пешрафти санъати касбии театрӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуд
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Суғд Фестивали вилоятии гулҳо доир мешавад
КОНИ ЛАЗЗАТ ВА ХОНИ НЕЪМАТ. Хабарнигори АМИТ «Ховар» оид ба таомҳои наврӯзӣ дар Бадахшон маълумот ҷамъоварӣ намуд
НАВРӮЗ-МАҲБУБТАРИН ҶАШНИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН. Суратгузориш аз таҷлили бошукуҳи ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи оммавӣ, илмӣ-техникии шуъбаи Академияи илмҳои Русия дар минтақаи Сибир Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Оши бурида дар Наврӯз ҳамчун рамзи умри дароз ва ҳаёти хушбахтона омода мешавад
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ЭҲЁ. Ин ҷашни ҷаҳонӣ бунёди маънавии миллати тоҷик мебошад
МАЗМУНҲОИ НАВРӮЗӢ ДАР АШЪОРИ АҲДИ КЛАССИКИИ ФОРСУ ТОҶИК. Андешаҳои адабиётшинос дар хусус