Тарбиятгирандагони Мактаб-интернати Сангвор бо либосҳои зимистона таъмин гаштанд

Декабрь 29, 2020 10:17

ДУШАНБЕ, 29.12.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи Соли нави мелодӣ ба Мактаб — интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим дар ноҳияи Сангвор кумак расонида шуд. Ба тарбиятгирандагони он     либосҳои гарм ва пойафзолҳои  зимистона, ҳамчунин  маводи ғизоӣ ва туҳфаҳои солинавӣ  тақдим намуданд. Ҳамчунин  барои хонандагони  мактаб-интернат дастархони идона ороста шуд.

Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ин кумак ба  мактаб-интернат аз ҷониби Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Палатаи ҳисоб, Вазорати маориф ва илм расонида шуд.

Раиси ноҳияи Сангвор Маҳмадшоҳ Давлатзода тарбиятгирандагони мактаб-интернатро аз номи Ҳукумати ҷумҳурӣ бо Соли нави мелодӣ табрик намуда, зикр кард, ки ятимону бепарасторон  ҳамеша таҳти ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  қарор дошта, дастгирии онҳо яке аз самтҳои афзалиятноки Ҳукумати мамлакат мебошад.

Номбурда ҷавобан ба ғамхориҳои давлату ҳукумат тарбиятгирандагони мактаб-интернатро ба хониши аъло ва аз бар кардани дастовардҳои муосири илму техника ҳидоят намуд.

Бояд гуфт, ки дар мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим дар ноҳияи Сангвор зиёда аз 160 нафар хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудааст. Сол аз сол вазъи таъминоти мактаб – интернат беҳтар мегардад. Дар ин муассисаи таълимӣ асосан ятимону бепарасторон, кӯдакон аз оилаҳои камбизоат, ҳамчунин хонандагоне, ки дар ҷойи зисташон мактаб надоранд, фаро гирифта шудаанд. Таълимгоҳ бо хобгоҳҳои алоҳида барои духтарон ва писарон, ҳуҷраву толорҳои ободу зебо ва бо ашёву лавозимоти лозима таъмин мебошад.

Декабрь 29, 2020 10:17

Хабарҳои дигари ин бахш

16 СЕНТЯБР — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КАРДИОЛОГИЯИ ИНТЕРВЕНСИОНӢ. Табобати бемориҳои дилу раг бо истифодаи ҷарроҳиҳои муосир ва бе буриши калон ба куллӣ тағйир ёфтааст
Тоҷикистон ва Британияи Кабир масъалаи таҳия ва имзои санади нави ҳамкориро дар самти пешгирии ҳолатҳои фавқулода баррасӣ карданд
Дар Душанбе роҳҳои нави ҳамкорӣ бо ҷамъиятҳои тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ баррасӣ гардиданд
Тоҷикистон ва Чин робитаҳои илмӣ-таҳлилӣ ва ҳамкории минтақавиро густариш медиҳанд
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Ин озмуни ҷумҳуриявӣ бо мақсади таҳкими фарҳанги оиладорӣ баргузор мешавад
Дар фасли тирамоҳ бемориҳои сироятии мавсимӣ зиёд мешаванд
«БЕҲТАРИН ҲАМСАР». Даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ дар ҷамоатҳо, деҳот ва маҳаллаҳо оғоз шуд
Дар пиряхи Тоҷикистон экспедитсияи байналмилалӣ оид ба навсозии стансияи баландкӯҳи Горбунов гузаронида шуд
МАҚОМИ ЗАН ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ. Давоми сеюним даҳсола мавқеъ ва мақоми зан дар ҷомеа ба куллӣ тағйир ёфт
Дар назди Коллеҷи муҳандисӣ-техникии ноҳияи Нуробод бинои нави таълимӣ ва хобгоҳ сохта мешавад
Дар Суғд масъалаи риояи талаботи санитарию эпидемиологӣ дар муассисаҳои хизматрасонӣ баррасӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Тоҷикобод хати нави оби нӯшокӣ ва иншооти иҷтимоӣ мавриди истифода қарор гирифтанд