Театри мусиқӣ-мазҳакавии Хоруғ намоишномаи «Қавм»-ро пешниҳоди тамошобинон намуд
ХОРУҒ, 30.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ҳунармандони Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғ дар остонаи Соли нави мелодӣ ба кӯдакону наврасон ва волидонашон намоишномаи «Қавм»-и Мансур Сурушро дар таҳияи коргардон Умед Хусрав пешкаш намуд.
Намоишнома дар бораи зиндагии як қавме қисса мекунад, ки бо ваҳдату муттаҳидӣ, дӯстию рафоқат, вафодорию садоқат, заҳмату меҳнат алорағми ҳама гуна мушкилот пирӯз мешаванд ва барои қавми худ зиндагии шоиста бунёд мекунанд.
Ҳунарманди ин театр Ҷобиршо Хубоншоев, ки дар намоишнома иҷрои нақши асосиро ба уҳда дорад, ба мухбири АМИТ “Ховар” изҳор дошт, ки дар гузашта мо чанд асари драматурги маъруфи тоҷик Мансур Сурушро ба саҳна гузоштем ва аз ҷониби тамошобинон хуш пазируфта шуданд.
“Ин бор низ иштибоҳ накардем ва дар рӯзи аввали намоиш бо истиқболи гарми тамошобинон ва волидонашон рӯ ба рӯ шудем. Одатан ҷалб намудани таваҷҷуҳи кӯдакон ба саҳна мушкил аст, аммо дар ин асар ҳодисаву воқеот ончунон ҷолибу зебо тасвир ёфтааст, ки аз оғоз то анҷоми он дар толор овозе ба гӯш нарасид. Пас аз поёни намоишнома ҳам кӯдакону волидон ба саҳна баромада, дар атрофи қаҳрамонони асар бо ҳунармандон мубодилаи афкор намуданд”,-афзуд номбурда.
Коргардони намоишнома Умед Хусравов гуфт, ки бо хоҳиши омӯзгорону волидон ин намоишнома дар рӯзҳои таътили зимистона манзури тамомшобинон гардонида мешавад.
Қаблан низ ҳунармандони театри мазкур аз рӯи асари Мансур Суруш «Вирод» намоишнома таҳия ва ба дӯстдорони санъати театрӣ пешкаш карда буданд.
Мансур Суруш нависанда, драматург, тарҷумон ва рӯзноманигор буда, дорандаи Ҷоизаи адабии иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба С. Айнӣ ва Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи А Лоҳутӣ мебошад. Хатмкардаи факултети филологияи тоҷики Университети Тоҷикистон ва шуъбаи журналистикаи Мактаби ҳизбии шаҳри Тошканд аст. Айни замон дар Агентии миллии иттилотии Тоҷикистон “Ховар” ба ҳайси шореҳи адабӣ фаъолият дорад.











Пагоҳ Рӯзи фарҳанги шаҳри Норак, ноҳияҳои Фархор, Ёвон ва Мастчоҳ доир мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. «Тоҷикфилм» истеҳсоли се филми пурраметражи ҳунариро ба анҷом расонид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Кумитаи забон ва истилоҳот фаъолияти 75 ташкилотро мавриди санҷиш қарор дод
Филми ҳунарии «Моҳӣ дар шаст» дар кинофестивали байналмилалии Ярослав соҳиби се ҷоиза шуд
Бо мақсади муаррифии васеи Тоҷикистон як зумра филмҳои мустанад ба забони англисӣ тарҷума ва дубляж гардиданд
Дар Душанбе Рӯзҳои фарҳанги шаҳрҳои Истаравшан, Норак ва ноҳияҳои Фархор, Носири Хусрав, Ёвон, Мастчоҳ ва Дӯстӣ доир мегарданд
«Харитаи хатсайри Шӯриши Восеъ» ба ҷалби бештари сайёҳони дохилию хориҷӣ мусоидат менамояд
Корҳои тармиму барқарорсозӣ дар ёдгориҳои Қалъаи Муъминобод, Қалъаи Кӯлоб ва қасри Ҳокими Ҳисор идома доранд
Дар Бадахшон даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» ҷамъбаст гардид
Бо иштироки олимони бостоншинос филми мустанади «Хутали қадим» таҳия гардид
Дар Тоҷикистон 6 агентии иттилоотӣ, аз ин 1 давлатӣ ва 5 мустақил фаъолият доранд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. «Шоҳи қуллаҳо» — филми мустанад дар мавзуи ҳифзи бабри барфӣ сазовори ҷоиза гардид






