БЕШАРАФӢ – ВИЖАГИИ НАҲЗАТӢ. Андешаҳои ходимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон оид ба филми мустанад дар бораи Муҳаммадиқболи Садриддин

Январь 22, 2021 09:45

ДУШАНБЕ, 22.01.2021. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, тавассути шабакаҳои давлатии телевизионӣ филми ҳуҷҷатии «Бешарафӣ» нишон дода шуд, ки дар он амалҳои муғризона ва қаллобиҳои як нафар бешараф – Муҳаммадиқболи Садриддин намоиш дода мешаванд. Муаллифони ин филм дар оғози он зикр медоранд, ки мақсад аз таҳия ва намоиш додани ин филмнома ҳаргиз накӯҳишу таҳқири касе нест, балки нишон додани воқеияти талхест, ки дар сарнавишти як нафар инсон нақши мудҳиш, сиёҳии шармгину покнашавандае боқӣ гузоштааст. Дар робита, аз ҷониби шаҳрвандони касбу кори гуногун нисбат ба ин филм вокунишҳои зиёде ба АМИТ «Ховар» ворид гардидаанд. Андешаҳои се нафар ходими илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ)-ро манзури хонандагон мегардонем.

Ходими пешбари АМИТ Субҳиддин Зиёев навиштааст:

-Дар шабакаҳои телевизиони давлатӣ филми мустанади  «Бешарафӣ» намоиш дода шуд, ки дар бораи ҷиноятҳою рафтори ношоиста ва бадахлоқонаи яке аз нафарони ташкилоти террористии ҲНИ нақл мекунад. Тавре муаллифони филм иброз доштанд, мақсади таҳия ва намоиш додани он таҳқир намудани ягон касе намебошад. Баръакс, муаллифон ба таври холисона як воқеияти талхро, ки дар қисмати як фард таъсири баду доғи покнашавандае гузоштааст, нишон додаанд.

Филми мустанади «Бешарафӣ» ҷиноятҳо ва рафтору кирдори бадахлоқонаю ношоистаи яке аз аъзоёни ташкилоти экстремистӣ-террористии Ҳизби наҳзати исломӣ (дар Тоҷикистон мамнӯъ) Муҳаммадиқболи Садриддинро, ки айни ҳол аз ҷавобгарӣ дар назди қонун гурехта дар хориҷа панаҳ бурдааст, бо далелҳои раднопазир ва нақли шоҳидони воқеӣ исбот кардааст. Мо итминони комил дорем, ки мардуми кишвар, ки имрӯз дар фазои сулҳу оромӣ ва бо рӯҳияи созандагӣ зиндагӣ доранд, амалҳои нангину рафтори манфури М.Садриддинро маҳкум мекунанд. Ҷомеаи Тоҷикистон баъди тамошои ин филм дар мисоли М.Садриддин чеҳраи аслии наҳзатиҳоро шинохтанд. Ба ҳама маълум гардид, ки ин «воизон» дар асл чи нафароне ҳастанд.

М. Садриддин дар сомонаи ифротиаш ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ худро ҳомии дину ҷонибдори адлу инсоф вонамуд мекунад ва санг ба ҷониби давлату миллат мезанад. Аммо акнун маълум гардид, ки худаш дар асл як нафари ҷинояткору касифе будааст.

Ҳамон тавре дар филми мустанади «Бешарафӣ» нишон дода шуд, ин қаллоб чандин нафарони дигарро фиреб дода, маблағҳои онҳоро аз худ кардааст. Ин ҷабрдидаҳо дар филми мазкур баромад карда, шоҳидӣ доданд, ки чи тавр М.Садриддин онҳоро фиреб додааст ва то ҳануз пулашонро намедиҳад.

Тавре аз тамошои филм маълум гардид, ба ин роҳи хатою шармандагӣ рафтани М.Садриддин асосан гуноҳи падараш мулло Қаландар будааст, ки уро дар кишвари ҳамсоя гирифтор ба чунин даҳшат кардааст. Маҳз падараш, ки яке аз муассисони ТТЭ ҲНИ аст, ӯро ба роҳи ифротгароӣ ва қаллобӣ бурдааст.

Албатта М.Садриддин яке аз аъзоёни ТТЭ ҲНИ аст ва ба эҳтимоли зиёд нафарони дигари ин созмон ҳам чунинанд. Боиси хурсандист, ки имрӯз ин ташкилоти шармандаҳою қаллобон дар Тоҷикистон мамнуъ аст ва мардуми кишвар аз шарри он эмин мебошанд.

Ходими илмии АМИТ Парвиз Баҳриддинзода дар матлабе зери унвони “Бешарафӣ вижагии наҳзатист” нигоштааст:

-Дарк кардан ва ба як тарзи ҳунармандона расонидани воқеияти гурӯҳҳои ифротиву бешараф кори саҳлу соддае нест. Махсусан вақте ки ҳадаф нишон додани воқеияти талхест, ки дар сарнавишти як нафар инсон нақши мудҳиш, сиёҳии шармгину покнашавандае боқӣ гузоштааст. Чи тавр як кӯдаки бетаҷриба қурбонии сиёсати бадхоҳонаи гурӯҳи ифротӣ гаштааст? Чи тавр мағзшӯӣ шудааст, ки дигар наметавонад инсонияти худро баргардонад? Ба роҳи бад рафта ҳадафи асосии худро ватанфурӯшӣ қарор додааст.

Ин ҳама хислатҳои манфӣ дар симои як беморгунаи наҳзатӣ бо номи Муҳаммадиқболи Садриддин дар як филми мустанади телевизионӣ бо номи “Бешарафӣ” дида мешавад, ки аз тариқи телевизиони ҷумҳуриявӣ ба мардум расонида шуд. Муаллифони ин филми мустанад таъкид мекунанд, ки ҳеҷ гоҳ ба монанди наҳзатиҳои манфур ҳадафи паст задани шаъну шарафи касеро надоранд. Танҳо ҳадаф расонидани воқеияти талхе аст, ки дар сарнавишти як инсон нақши мудҳиш доштааст.

Дар филми мустанади мазкур он пастиҳое, ки ҳангоми кӯдакиву наврасӣ ба сари Муҳаммадиқболи Садриддин омадаанд, бо назардошти ҳуқуқи кӯдак баррасӣ шудаанд ва дар он бешарафиҳо бузургсолони масъули зиндагии ин шахс гунаҳгор дониста шудаанд, ки ин аз инсонияти баланди таҳиягарони филм дарак медиҳад. Аммо баъдан, вақте ки ин қурбонии наҳзатиҳои ҷоҳил ба синни камол мерасад, дигар ҷавобгари аъмоли худ мебошад. Бинобар ин, хеле хуб қайд карда шудааст, ки рафтору кирдори ношоиста ва муғризонаи Муҳаммадиқболи Садриддин дигар масъулияти шахсии вай аст. Агар ин бешараф инсониятро аз даст намедод, баъди раҳо шудан аз чанги калонсолони ватанфурӯши худ рӯ ба зиндагии вораста меовард. Аммо маълум аст, ки ин бешараф дигар инсофу виҷдонашро ҳам аз даст додааст. Ин буд, ки ба ҷойи даст задан ба меҳнати ҳалол ба қаллобӣ даст задааст ва дар баробари ин ба таблиғи ақидаҳои ифротии ҳамон дӯсти кӯдакияш Қумондон Ғулом машғул шудааст.

Баъди ошкор шудани қаллобиҳояш ин ифротии бешараф ба хориҷа гурехта худро ҳамчун гурезаи сиёсӣ муаррифӣ мекунад, ки албатта хандадор аст. Ҳеҷ гоҳ мардуми тоҷик сиёсатмадоре бо номи Муҳаммадиқболи Садриддин намешинохт ва намешиносад. Аз забони онҳое, ки вайро мешинохтанд бармеояд, ки мардуми маҳалаш вайро ҳамчун ифротиву иртиҷоӣ ва қаллоб мешинохтаанд. Ҳоло аз хориҷа истода лофи сиёсат мезанад. Ин дар ҳолест, ки сиёсатро аслан дарк намекунад. Фикр кардааст, ки сиёсат ин туҳмату таҳқири шаҳрвандони соҳибэҳтироми мамлакат мебошад.

Маълум аст, ки ин лофзаниҳои ифротии бешараф Муҳаммадиқболи Садриддин аз хориҷа, вайро сиёсатмадор намесозанд. Мардуми тоҷик дар зери сояи бузурги созандагиҳои ҳукумати худинтихобкарда чунин ночизҳои бешарафро аслан намебинанд. Агар кадом як бетаҷриба метавонист ба доми ин бешараф ва наҳзатиҳои ифҷротии дигар афтад, ҳоло баъди пахши филми мавриди назари мо зиракии сиёсии ӯ ҳам болотар рафт, ки дигар ба доми душманонаш намеафтад. Ин як бурди навбатии мардум мебошад.

Ходими калони илмии АМИТ Ардамеҳр Ашӯрзода андешаҳояшро дар матлаби “Филми «Бешарафӣ» — оинаи тамомнамои афроди террорист” чунин баён доштааст:

Дирӯз ба воситаи телевизион филми мустанади «Бешарафӣ», ки дар воқеъ оинаи тамомнамои афроди террорист дар мисоли Муҳаммадиқболи Садриддин буд, намоиш дода шуд.  Дар ин филмнома сарнавишти як нафар шахси гумроҳи наҳзатӣ ва омилҳои гироиши ӯ ба партгоҳи ифротгароӣ тавзеҳ дода шудааст. Аз муҳтавои филми мустанад ҳар тамошобине ба осонӣ метавонад дарёбад, ки “қаҳрамон”-и филм таҳти таъсири кадом авомил ва гурӯҳҳои сиёсиву мазҳабӣ ва афроди бадахлоқ аз масири зиндагии орому муқаррарӣ берун шуда, даст ба аъмоли номатлуб, аз ҷумла хиёнат ба давлату миллат, дасисаангезиву нафратпароканӣ ва иғвобарангезӣ дар миёни мардум  задааст.

“Қаҳрамон”-и филм — Муҳаммадиқболи Садриддин, ки яқинан муздури гурӯҳҳои муайяни манфиатҷӯи минтақавист, саршори нафрат ба давлату миллат ва роҳбарияти Ватани хеш аст. Нафрати М. Садриддин ба давлат ва раҳбарияти он ба идеалҳои бунёдгароёнаву пўсидаи ў созгор наомадани мафкураи давлатӣ, ки аз махсусиятҳои миллию мардумӣ таркиб ёфтааст, мебошад. Мафкураи Муҳаммадиқболи Садриддин дар асоси афкори асримиёнагӣ созмон ёфтааст ва он мафкураи хурофотӣ ўро то охир раҳнамоӣ мекунад. Аз тарафи дигар, мафкураи мурда ва саршор аз таассуб ба Муҳаммадиқболи Садриддин имкон намедиҳад, ки дидгоҳе фаротар аз тангнои хурофӣ дошта бошад ва воқеиятҳоро бубинад. Ин аст, ки аз пешрафтҳо ва таҳаввулоти миллӣ бадаш меояд ва забони иттиҳому таҳқирро нисбат ба давлати мо ва роҳбарияти кишварамон боз мекунад ва музахрафот мебофад.

Наҳзатиён ва пайравону аъзои ин гурӯҳи террористӣ аз ҷумла М. Садриддин буданд, ки ба сабаби аъмоли тундравонаи сиёсиву мазҳабӣ ва ҷиноёти дар ин росто муртакибшуда рў ба фирор ниҳода, феълан дар хориҷ ба сар мебаранд ва дар хидмати бегонагон қарор доранд. Ин бешарафон айни замон бидуни ҳеҷ шарму хиҷолат аз номи халқу ватан гап мезананд. Чунин мавқеъгирии густохонаву иғвобарангезонаи ба кори рўзмарраи тими наҳзатӣ — ин гурӯҳи худхондаи сиёсӣ табдил ёфтааст ва кор то ба ҷое расидааст, ки ду-се террористу экстремисти хурофотӣ имрўз аз номи мардуми тоҷик ва кишвари Тоҷикистон  ҳарф мезананд.

Хурофоту таассуби диниву мазҳабӣ вабои бузурги ҷаҳонӣ аст ва мумкин аст ҳар ҷомеаеро сахт сироят кунад. Аз вабои ҷаҳолати диниву мазҳабӣ бояд тарсид. Мо медонем, ки ҳар пешравӣ ва нуфузи кишвар дар арсаи сиёсати минтақавӣ ва байналмилалӣ тими наҳзатӣ ва ба вижа  Муҳаммадиқболи Садриддинро девона мекунад. Ҷилави чунин девонафитратонро бояд гирифт. Ба қавли Саййидои Насафӣ “Саг чу шуд девона, онро метавон занҷир кард”.

Январь 22, 2021 09:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Кумаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба мардуми аз обхезиҳои шадид зарадидаи Қазоқистон ба роҳ баромад
Намояндагони Тоҷикистон дар Форуми ташкилоти кор бо ҷавонони аъзои ИДМ дар шаҳри Тошканд иштирок намуданд
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон бо ташкилоти байналмилалии соҳавӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Имрӯз дар Душанбе бо иштироки меҳмонон аз Узбекистон Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» ҷамъбаст гардид
Ҳайати намояндагӣ-занони роҳбари воҳидҳои сохтории Ҷумҳурии Узбекистон ба Тоҷикистон омад
МАРОТИБАИ АВВАЛ. Табибони тоҷик усули нави ҷарроҳӣ дар самти табобати сурхрӯда ва меъдаро амалӣ намуданд
Дар Тоҷикистон бар асари боронҳои сел талафоти ҷонӣ ва харобиҳо сабт нашудаанд
Дар шаҳри Кӯлоб омодагии мудофиаи ҳудудӣ ва захираҳои сафарбарӣ мавриди омӯзиш ва санҷиш қарор гирифт
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Дар Душанбе вобаста ба хатари хурофот ва ифротгароӣ ҳамоиш доир шуд
ҲАҶ ФАРЗ АСТ Ё ХУДНАМОЙИИ ҲОҶИЁН? Агар зоирон нисфи хароҷоти исрофкоронаашонро барои бунёди пул, ҳаммом, кандани ҷӯй сарф менамуданд, аҷру савоби бештар мегирифтанд
Дар шаҳри Хуҷанд клиникаи муосири оилавии муосири 1+1 ифтитоҳ гардид