Дар Литсеи касбии техникии шаҳри Ҳисор бо дастгирии волидайн ду синфхонаи иловагӣ сохта шуд

Январь 19, 2021 13:15

ҲИСОР, 19.01.201 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии таълимии “Литсеи касбии техникии шаҳри Ҳисор” бо дастгирии волидайни хонандагон  ду синфхонаи иловагӣ  ба истифода дода шуд. Ҳамзамон бинои муассисаро таъмири ҷорӣ намуда, қисми зиёди  дару тирезаҳои фарсудаи онро бо дару тирезаҳои пластикӣ иваз намуданд.

Директори Литсеи касбии техникии шаҳри Ҳисор Миҷгона Раҳимӣ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд изҳор дошт, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ саҳни муассисаро бетонпӯш намуда, барои зиёда аз 45 нафар хонандагон  аз ноҳияҳои дурдасти мамлакат хобгоҳ омода менамоянд.

Мушкилии асосии Литсеи касбии техникии шаҳри Ҳисор- ин надоштани устохонаҳои таълимии истеҳсолӣ мебошад. Аз ин рӯ роҳбарони муассиса гуфтанд, ки дар сурати аз тарафи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ ёфтани ин масъала то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ  метавонанд 4 устохонаҳои таълимии истеҳсолӣ ба истифода диҳанд.

Дар муассиса 416 нафар хонандагон аз рӯйи 6 ихтисос, аз ҷумла тракторчӣ-машинисти истеҳсолоти кишоварзӣ,  системаи компютерӣ ва интернет-технология, кафшергари газию барқӣ, дӯзандагӣ, ронандаи мошин ва челонгар оид ба таъмири мошин таълим мегиранд.

Барои касбомӯзии сокинони шаҳр дар муассиса курсҳои кӯтоҳмуддат аз рӯи панҷ ихтисос амал мекунанд. Аз сабаби надоштани устохонаҳои истеҳсолӣ муассисаи мазкур бо 12 корхонаи истеҳсолии кишоварзии шаҳри Ҳисор шартнома бастааст. Ҳонандагони муассиса дарсҳои таҷрибавию истеҳсолии худро дар ин корхонаҳо гузаронида, малакаи касбиашонро зиёд менамоянд.

Январь 19, 2021 13:15

Хабарҳои дигари ин бахш

12 АВГУСТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҶАВОНОН. Беш аз 1700 нафар ҷавонони Тоҷикистон дар вазифаҳои роҳбарӣ фаъолият доранд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Дар кадом ҳолатҳо муҳоҷирон ба рӯйхати шахсони назоратшаванда ворид мешаванд?
Ҳамкории Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон бо Раёсати нашр ва паҳнкунии адабиёт бо забонҳои хориҷии Чин густариш меёбад
Таъсиси маркази касбомӯзӣ ва омӯзиши забонҳои арабӣ ва англисӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ шуд
Истифодаи барномаи «Амина» барои шаҳрвандони хориҷие, ки ба Русия бе раводид ворид мешаванд, ҳатмӣ мегардад
ТАВСИЯҲОИ МУФИД. Доир ба тарзи нави захира кардани меваҷоту сабзавот барои фасли зимистон
«ЭЪЛОМИЯИ ҲУҚУҚИ БАШАР». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир гардид
Китоби Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони «Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва марҳилаҳои рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол» рӯнамоӣ гардид
Дар Хадамоти иҷро оид ба татбиқи хизматрасониҳои электронӣ машварати омӯзишӣ доир гардид
Тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатии бехатар баррасӣ шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон оид ба муҳоҷирати меҳнатии қонунӣ ва бехатар корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон Даҳаи дастгирии шири модар оғоз гардидааст