Сада пайғоми омадани Наврӯз аст,- бардошт аз маҳфили илмӣ-адабӣ дар Бадахшон
ХОРУҒ, 27.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Баъзе таърихшиносон ҷашни Садаро дарвозаи Наврӯз меноманд. Чун гузаштагони мо ин ҷашнро ду рӯзи аввали моҳи феврал таҷлил мекарданд ва пас аз он ба ҷашни Наврӯз омодагӣ медиданд.
Ин нукта зимни баргузории маҳфили илмӣ-адабӣ бахшида ба ҷашни бостонии Сада дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баён гардид. Дар он устодону донишҷӯёни донишгоҳ аз таърихи пайдоиши ин ҷашн ва мафҳуму моҳияти он ёдовар шуда, изҳор доштанд, ки маҳз дар замони соҳибистқилолии кишвар ва бо ҳидояти бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашнҳои бузургу бостонии мардуми тоҷик, ба монанди Сада, Меҳргон ва Наврӯз дубора мавқею манзалат пайдо намуданд.
Устоди донишгоҳи мазкур Ҷумъа Баҳронов изҳор дошт, ки “дар ҳар ҷашни мардумӣ ҳатман расму суннат, урфу одатҳои пур аз ҳикмати ниёгони мо ва муносибати содиқонаи инсону табиат нуҳуфтаанд, ки донистани он барои насли имрӯзу фардои миллати тоҷик аз аҳамият холӣ нест. Дар баъзе деҳоти ноҳияҳои вилоят ҷашни Садаро бо пошидани орд бар сутуну девори хона, пухтани таомҳои хоси идона ва баргузор кардани дафсоз истиқбол мегиранд. Даф ё доира шакли офтобро дошта, мардум бар ин боваранд, ки он ба ҳар хонадон равшанӣ ва бахту саодат меорад. Дафсоз ё доирабазм матнҳои шуху сабукро намепазирад ва бештар ғазалҳои ҳасбиҳолӣ ва фалсафавии шоирони классикии тоҷикро дар бар мегирад. Сарояндаи аввал сурудани ғазалро бо овози орому оҳиста оғоз мекунад ва бо ғазалҳои пурмазмуну таъсирбахш таваҷҷуҳи ҳозиринро ба худ ҷалб намуда, онҳоро ба дарёи андеша ғуттавар месозад. Баъди чанд лаҳза сарояндагон ба дубайтӣ ва аз сурудҳои орифона ба сурудҳои ошиқона мегузаранд ва рақсу бозии идона ба авҷи аъло мерасад. Чун шом фаро мерасид, сокинони деҳот дар замини ҳамвор гулхан афрӯхта, аз болои он мепариданд ва пораи ресмонеро аз либоси худ канда, ба оташ мепартофанд. Бо ҳамин ҳар гуноҳе, ки дар як соли гузашта доштанд, аз худ дур месохтанд ва ба соли нав бо дилу нияти пок ворид мешуданд”.
Дар анҷоми маҳфил донишҷӯён таомҳои суннатиеро, ки бо дастони худ омода карда буданд, ба иштирокчиёну меҳмонон манзур намуда, дар бораи тарзи пухтани онҳо маълумот доданд.










Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид






