САДА – ПАЙҒОМИ СИПАРӢ ГАШТАНИ САРДИҲО ВА НАМОДИ НАЗДИК ОМАДАНИ ФАСЛИ ГАРМИҲО ВА САБЗИДАНУ ШУКУФТАНҲО. То таҷлили ин ҷашни бостонии ниёгонамон чанд рӯзи дигар боқӣ мондааст
ДУШАНБЕ, 21.01.2021. /АМИТ «Ховар»/. Ҷашни Сада пеш аз фарорасии Наврӯз бузургтарини иди суннатии тоҷикон мебошад. Имсол ин ҷашни суннатӣ дар Тоҷикистон 30 январ таҷлил карда мешавад.
Вобаста ба таърих ва хусусиятҳои ҷашни Сада президенти Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви вобастаи АИКТ, доктори илмҳои кишоварзӣ Нуралӣ АСОЗОДА ва мушовири АИКТ, академик Давлатҷон КОМИЛЗОДА дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» чунин изҳори андеша намуданд:
— Абӯрайҳони Берунӣ дар «Ат-тафҳим» сабаби Сада номгузорӣ шудани ҷашни мазкурро мансуб ба миқдори рӯзҳои боқимонда то иди Наврӯз – яъне 50 шабу 50 рӯз медонад. Ин мутафаккир ва таърихнигори барҷастаи тоҷик инчунин дар осари дигараш «Осор-ул-боқия» чунин баён кардааст: «Эрониён пас аз он ки кабиса бартараф шуд, дар ин вақт (яъне ҳангоми ҷашни Сада) мунтазир буданд, ки сармо низ аз эшон бартараф шавад ва давраи он ба сар ояд, зеро онҳо оғози зимистонро аз панҷ рӯзе, ки аз обонмоҳ (яъне 27 октябр) мешумориданд ва охири зимистон (-и бузург)-ро, ки 10 рӯз ба баҳманмоҳ мегузашт (яъне 30 январ) ба унвони Сада ҷашн мегирифтанд. Ҳангоми баргузории ҷашни Сада ин шеър хонда мешуд: «Сада, Сада, сад ба ғалла ва панҷоҳ ба Наврӯз».
Сада чун оини меҳрпарастӣ асосан пас аз анҷоми чиллаи калон таҷлил мегардад. Сада бошукӯҳтарин ҷашни аҷдодӣ буда, паёме аз даврони куҳан, ихтирои бузурги инсоният-оташ мебошад. Оташе, ки ба хотири ҷашни Сада меафрӯзанду дар гирди он аловпарак доир менамоянд, моро ба гузаштаи дур мебарад, ба марзае, ки дар он ниёгони мо дӯстиву муҳаббат ва рӯшноӣ офаридаанд.
Фирдавсии бузург оғози ҷашни Садаро ба рӯзи кашфи оташ вобаста кардааст, чунки оташ яке аз муҳимтарин унсури ҳаётофар дар радифи об, ҳаво ва хок мебошад. Асоси ҷашни Садаро афрӯхтани гулханҳои хурду калон ташкил намуда, дар атрофи онҳо мардум хони ҷашнӣ ороста, бо суруду шеърхонӣ, рақсу бозӣ аз шаб то саҳар хурсандӣ менамуданд. Оташ ҳамсафари рӯзгори инсон буда, гармӣ ва рӯшноии он асоси идомаи ҳаёт мебошад.
Шоири тоҷик Алимуҳаммад Муродӣ чунин васфи Сада намудааст:
Аз Ҳушанг омад ба мо ҷашни Сада,
Ҷашни шоҳони Хуросони бузург.
Оташе, ки дар Сада рӯшан шавад,
Ҳаст рамзи рӯҳи мардони бузург.
Хез, то ҷашни Сада барпо кунем,
Расми аҷдодии худ эҳё кунем!
Тибқи маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ, ҷашни Сада ба 30 январи солшумории мелодӣ рост меояд, ки исботи чунин фикр ин навиштаи Манучеҳрии Домғонӣ мебошад: «Ҷашни Сада дар даҳаи Баҳманмоҳ, яъне 50 шабу 50 рӯз то оғози ҷашни Наврӯз баргузор мегардад».
Абӯрайҳони Берунӣ дар китобаш «Китоб-ул-тафҳим» оид ба Сада чунин менигорад: «Дар ин рӯз мардум оташҳо зананд, гавзу бодом истеъмол намоянд ва гирд бар гирди он хӯранду рақсу шодӣ кунанд».
Инчунин суннатҳои иди Сада низ аз дили мардум зудуда нагашта ва онро дар маҳалҳо вобаста ба шароиту вазъи ҳол ҷашн мегиранд. Суннати Сада- афрӯхани оташ то имрӯз дар рӯзи ҷашн ба ҳукми анъана даромадааст.
Парандаи дӯстдоштаи айёми ҷашни Сада хурӯс буда, он шабзиндадорӣ намуда, мардумро аз дамидани рӯшноӣ ва фурӯғи хуршед хабар медод. Сада бо оростани дастархони ҷашнӣ ва базму тараб доир мегардид. Дастархони мазкур бештар аз донагиҳо иборат буда, рӯи он таомҳои аз рӯи миҷоз гарм, ба мисли қурутоб, далда, кашк ва ғайра ороста мешуданд.
Сада аз сипарӣ шудани зимистон, наздик шудани фасли баҳор ва оғози корҳои кишоварзон хабар медиҳад. Ҷашни мазкур дар майдонҳои васеъ, дар фазои озод ва талу теппаҳо бо иштироки зану мард, кӯдакон ва тамоми мардум гузаронида шуда, аз ин рӯ онро иди ҳамагон меномиданд. Ҷашни мазкурро махсусан кишоварзон бесаброна интизор шуда, дар баргузории он фаъолона иштирок менамуданд.
Бо гузашти замон ин ҷашни миллии мо ба кунҷи фаромӯшӣ рафта, ба таври зарурӣ қайд намегардид. Маҳз дар замони истиқлол бо иқдоми хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ҷашни ниёгон ҳамчун ҷашни миллӣ аз нав эҳё гардид.
Мо бояд анъанаҳои ниёгонамонро идома дода, расму оинҳои хоси ҷашнҳои миллиро пос дошта, ғанӣ гардонем ва барои амалӣ гаштани онҳо мусоидат намоем. Бояд гуфт, ки ҷашни Сада бештар иди барзгарон, аз ҷумла иди касбии соҳаи кишоварзӣ низ ба шумор меравад. Яке аз оинҳои ҷашни мазкур ҷамъбаст ва натиҷагирии соли гузашта мебошад.
Фирӯзаи ДАВЛАТ,
АМИТ «Ховар»









Дар шаҳри Душанбе бо мақсади муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон дар самти эҳёи ёдгориҳои таърихӣ ҳамоиш доир шуд
Дар деҳаи Фатмеви ноҳияи Айнӣ муассисаи таълимӣ бунёд карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
«Истиқлоли Тоҷикистон ва эҳёи пайвандҳои таърихию фарҳангии мардумони ориёитабор». Дар ин мавзуъ ҳамоиши илмӣ баргузор мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо иштироки кормандони вазорату идораҳо дар Душанбе ҳашари ободонӣ ва тозакорӣ баргузор шуд
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини ноҳияи Ҷайҳун дар замини наздиҳавлигияш киштро барои ҳосили дуюм оғоз намуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар 14-умин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Макао муаррифӣ мегарданд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ беш аз 80 фоиз иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
Вакилони парлумонҳои кишварҳои аъзои ИДМ тарҳи таҳрири нави қонуни намунавии «Дар бораи мақоми ваколатдори ҳуқуқи инсон»-ро тасдиқ намуданд
Дар Хуҷанд сеюмин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2026 баргузор гардид






