ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 31 январ, якшанбе, 31-умин рӯзи соли 2021 аст
31 январи соли 2017 дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари ширкати «Салини Импреҷило» (Salini Impregilo) Пиетро Салиниро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот масъалаҳои вобаста ба вазъ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Ширкати «Салини Импреҷило» дар бунёду барқарорсозии иншооти гидроэнергетикӣ, аз ҷумла, Неругоҳи барқи обии “Роғун” мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
***
94 сол муқаддам, 31 январи соли 1927 ноҳияи Исфара (ҳоло шаҳри Исфараи вилояти Суғд) таъсис дода шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2017 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ боз ду минтақаи озоди иқтисодӣ (МОИ) – МОИ «Ишкошим» ва «Данғара» таъсис дода шуданд.
31 ЯНВАР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
ДАР ТОҶИКИСТОН ҶАШНИ САДА. Сада ҳамчун яке аз ҷашнҳои бостонии миллати тоҷик аз ҷумлаи ойинҳои эҳёшудаи мо буда, дар ҳамаи манотиқи мамлакат таҷлил карда мешавад. Тавре Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид гуфтанд: «Ниёгони мо панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯзро то ҷашни Наврӯз ҳисоб карда, Садаро таҷлил мекарданд. Яъне Сада ҷашни омодагӣ ба Наврӯз буда, ин ду ҷашни қадима бо ҳам тавъам мебошанд. Мувофиқи сарчашмаҳои таърихӣ сабаби Сада номгузорӣ шудани ин ҷашн низ ҳамин аст».
***
Рӯзи байналмилалии заргар.
***
Рӯзи истиқлоли Науру.
РӮЙДОДҲО:
31 январи соли 2013 дар шаҳри Душанбе масъалаи ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва ИМА баррасӣ гардид.
***
31 январи соли 2017 дар шаҳри Душанбе маросими супоридани дипломҳо ба барандагони озмуни Д. Менделеев ва М. Ломоносов баргузор гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 1865 Дмитрий Иванович Менделеев рисолаи докториашро дар мавзӯи «Дар бораи омехташавии спирт бо об» ҳимоя намуд ва унвони профессори Донишгоҳи Петербургро дар кафедраи кимиёи техникӣ ба даст овард.
***
31 январи соли 1893 тамғаи молии «Кока-Кола» ба қайд гирифта шуд.
***
31 январи соли 1906 дар Эквадор пуршиддаттарин заминҷунбӣ дар таърих ба қайд гирифта шуд, ки он аз рӯи ҷадвали Рихтер 8,6 баллро ташкил дод.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ …
Соли 1729 аввалин китоб бо ҳуруфоти арабӣ нашр шуд.
***
Соли 1924 аввалин Конститутсияи Иттиҳоди Шӯравӣ қабул гардид.