ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 январ, душанбе, 4-умин рӯзи соли 2021 аст
4 январи соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Мамлакати Арабистони Саудӣ бо хабарнигори рӯзномаи «аш-Шарқ ал-Авсат» мусоҳиба анҷом доданд.
***
4 сол пеш, 4 январи соли 2017 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 25-солагии барқарории робитаҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин барқияи табрикӣ ирсол намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2009 дар ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи сохтмони НБО «Роғун» баррасӣ гардид.
4 ЯНВАР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Рӯзи ҷаҳонии Нютон.
***
Дар Мянма – Рӯзи истиқлолият.
РӮЙДОДҲО:
4 январи соли 1963 шаҳри Қайроққум (ҳоло Гулистон) таъсис дода шуд.
***
4 январи соли 2010 дар шаҳри Пекин Сафири вақти Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Рашид Олимов дар робита ба 18-солагии барқарории робитаҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин бо намояндагони ВАО вохӯрӣ баргузор намуд.
***
10 сол пеш, 4 январи соли 2011 Маҷлиси намояндагони Мачлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи ҳамроҳ шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Протоколи Созишномаи Мадрид дар бораи бақайдгирии байналмилалии тамғаҳоро баррасӣ намуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2015 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки соли 2015 ба Тоҷикистон зиёда аз 463 ҳазору 700 нафар шаҳрвандони хориҷӣ ташриф оварда, аз онҳо 413 ҳазору 834 нафарашон ба ҳайси сайёҳ омадаанд.
***
4 январи соли 2018 Тоҷикистон дар раддабандии Ташкилоти байналмилалии «British Backpacker Society» аз рӯи имкониятҳои саёҳати саргузаштӣ ва пиёдагардӣ ба даҳгонаи аввали кишварҳои беҳтарини ҷаҳон шомил шуда, мавқеи 7-умро ишғол намуд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ …
Соли 1964 дар корхонаи истеҳсоли яхдони шаҳри Душанбе аввалин маротиба яхдони тамғаи «Помир» истеҳсол карда шуд.
***
Соли 2010 дар Дубай маросими ботантанаи ба истифода додани баландтарин бинои ҷаҳон- Бурҷи Халиф баргузор гардид.