Дастаи «Истиқлол» бори шашум ғолиби Ҷоми ФФТ-2021 гардид
ДУШАНБЕ, 22.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. 20 феврал бозии финалии Ҷоми ФФТ-2021 миёни дастаҳои футболи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар ва «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе дар сатҳи баланд баргузор гардид. Дар ин бозии ҷолиб дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо ҳисоби 1:0 ғалаба кард. Голи ягонаро дар дақиқаи 90+4 Алексей Ларин ба ҳадаф расонид. Дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бори шашум ғолиби Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон гардид.
Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Медалҳои биринҷии Ҷоми ФФТ-2021 насиби дастаи футболи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода шуданд. Дастаи шаҳри Турсунзода дар бозӣ барои ҷои сеюм дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлобро бо ҳисоби 2:1 мағлуб намуд. Ҳар ду голи дастаи ғолибро Диловаршоҳ Ғаниев ба нишон расонид.
Ёдовар мешавем, ки Ҷоми ФФТ маротибаи даҳум баргузор шуд. Дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе қаблан солҳои 2014, 2015, 2017, 2018 ва 2019 ғолиби Ҷоми ФФТ шуда буд. Дастаи футболи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода ду маротиба, дастаи «Хайр»-и шаҳри Ваҳдат ва дастаи футболи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ якмаротибаӣ ҷомро ба даст овардаанд.
Ҳамаи бозиҳои финалии Ҷоми ФФТ (2012-2021):
2012. «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хайр» (Ваҳдат) – 1:0
2013. «Хайр» (Ваҳдат) – КМВА «Помир» (Душанбе) – 1:1. Пеналтӣ – 6:5
2014. «Истиқлол» (Душанбе) – «Хайр» (Ваҳдат) – 2:0
2015. «Истиқлол» (Душанбе) – «Хайр» (Ваҳдат) – 5:1
2016. «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 1:0
2017. «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:1
2018. «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 3:1
2019. «Куктош» (Рӯдакӣ) – «Истиқлол» (Душанбе) – 2:5
2020. «Равшан» (Кӯлоб) – «Кӯктош» (Рӯдакӣ) – 1:2
2021. «Хатлон» (Бохтар) – «Истиқлол» (Душанбе) – 0:1
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд






