Фаъолзанони шаҳри Хуҷанд бо шароити зист ва хизмати сарбозон шинос шуданд
ДУШАНБЕ, 22.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи Рӯзи Артиши миллӣ бо иқдоми шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд як гурӯҳ фаъолзанон иборат аз намояндагони мақомоти маҳаллии шаҳр, соҳибкорзанон, раисони шӯрои кор бо занони маҳаллаҳои шаҳр ва модароне, ки фарзандонашон дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат адои хизмат менамоянд, сарбозони Баталёни қисми низомии Раёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар вилояти Суғдро аёдат намуданд.
Тавре ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд хабар доданд, аёдати мазкур ба ифтихори 28-умин солгарди Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷкистон барпо шуда, ҳадафи он шиносоии модарон бо ҳаёти имрӯзаи сарбозии фарзандонашон буд.
Зимни мулоқот бо сарбозон ва ҳайати қисми низомии мазкур намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр изҳор намуданд, ки “имрӯз сарбозону афсарони Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон рисолати касбии худро сарбаландона ба ҷо оварда, дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва истиқрори сулҳу субот ҳамчун неруи тавоно ва қудратманд саҳми босазо гузошта истодаанд. Аз ин лиҳоз, адои хизмат дар сафҳои Артиши миллӣ на танҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ, балки мояи ифтихор ва шарафи бузург буда, хизмати ҳарбӣ барои ҳар ҷавонмард ҳамчун мактаби ҷасорату матонат, дӯстиву рафоқат ва худогоҳиву меҳанпарастӣ хизмат мекунад”.
Ба иттилои масъулини Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, бахшида ба 28-солагии таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат дар Осорхонаи вилоятӣ вохӯрии судманд бо иштироки афсарону сарбозони қисми ҳарбии ВКД ҶТ дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. Дар он намояндагон аз Шӯрои собиқадорони ҷанговарони интернатсионалисти шаҳри Хуҷанд, раёсати фарҳанги вилоят, донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ва кормандони Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» ширкат доштанд.
Дар ҳамоиш иштирокдорон оид ба нақши Артиши миллӣ дар таъмини амнияти давлат ва зиндагии осоиштаи мардум сухан гуфтанд.











МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ. Ин зуҳуроти манфӣ имрӯз ба таҳдиди нигаронкунанда ба амнияту суботи давлатҳо табдил ёфтаанд
Ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Ҷаласаи бисту сеюми прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон Юсуф Раҳмон дар вохӯрии котибони шуроҳои амнияти давлатҳои аъзои СҲШ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар машварати роҳбарони воҳидҳои оперативии вазоратҳои корҳои дохилии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Ошкор гардидани ҷинояти одамкушӣ
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон 93,5 фоиз иҷро шуд
Ҷалби ноболиғон ба кирдорҳои зиддиҷамъиятӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ дорад!
Дар Душанбе масоили таҳкими амният ва суботи Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе Форуми амниятии Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Кибертерроризм — омилҳои таъсиррасон ва хатари он дар ҷаҳони муосир
Дар Душанбе Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мешавад






