ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ҲАДАФҲОИ УСТУВОРИ РУШДИ СОҲИБКОРИЮ САРМОЯГУЗОРӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ислоҳот ва тадбирҳои таҳти сарварии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон амалигардида имкон доданд Тоҷикистон ба даҳгонаи кишварҳои пешсафи ислоҳотгар шомил гардад

Февраль 6, 2021 14:44

ДУШАНБЕ, 06.02.2021. /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари аграрию саноатӣ буда, ба кишвари саноатию аграрӣ табдил додани он дар Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат муайян шудааст. Бахши хусусӣ дар татбиқи Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 нақши муҳим дорад ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ омили асосии ҷалби сармоя ба иқтисодиёти кишвар ва рушди соҳибкорӣ ба шумор меравад.

Мавриди зикр аст, ки ислоҳот ва тадбирҳои таҳти сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалигардида имкон доданд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ устувории макроиқтисодӣ таъмин гардида, аз соли 2007 буҷети давлатӣ дар баробари доштани хусусияти иҷтимоӣ, маблағгузорӣ барои рушди иқтисодиёт, хусусан барои таъмини рушди соҳибкорӣ низ амалӣ гардид. Дар натиҷа, мавқеи байналмилалии ҷумҳурӣ дар ин самт устувор гардида, тибқи арзёбиҳои байналмилалӣ, Тоҷикистон чор маротиба — солҳои 2010, 2011, 2015 ва 2019 ба даҳгонаи кишварҳои пешсафи ислоҳотгар шомил гардид.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олӣ бо назардошти муҳимияти рушди соҳибкорӣ ва беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ дастур доданд, ки ҷиҳати ҷалби сармояи мустақим, боз ҳам беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ мақомоти марбута тадбир андешанд.

Доир ба рушди соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, ки яке аз омилҳои асосии рушди иқтисоди миллӣ ва расидан ба ҳадафҳои стратегии кишвар маҳсуб меёбад, хабарнигори АМИТ «Ховар» Бекназари АБӮБАКР бо Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ Нуъмон АБДУҒАФФОРЗОДА суҳбат орост, ки фишурдаи онро манзури хонандагон мегардонем:

-Дар замони истиқлол бо ташаббус ва дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ислоҳоти куллии ҳамаи соҳаҳои ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии мамлакат гузаронида шуда, ташаккули муносибатҳои нави иқтисодӣ, таъмини рушди босуботи иқтисодӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, дастгирии соҳибкорӣ ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар, аз оғози даврони истиқлол то ба имрўз ҳадафи стратегии давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор гирифт.

Таҳаввулоти иқтисодии анҷомдодаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат, бахусус дар самти гузариш ба иқтисоди бозорӣ, аз ҷумла ҷиддияти масоили рушди иқтисодӣ бинобар зарурати дар солҳои аввали истиқлол ҳаллу фасл кардани онҳо ва фароҳам овардани заминаи мусоид барои ташаккули бахши хусусӣ бениҳоят бузург аст. Зеро айёми гузариш барои давлати навини мо ниҳоят мушкил буда, кулли нишондиҳандаҳои иқтисодӣ дар солҳои аввали истиқлолият  якбора поён рафт. Масалан, тавварум ва ё беқурбшавии асъори истифодашавандаи ҳамонвақта то сатҳи 2000 фоиз расида буд.

Буҳрони иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла ба истифодаи захираҳои меҳнатӣ таъсири манфӣ расонида, сатҳи бекорӣ афзоиш ёфт. Тавре аз таърихи иқтисоди миллии кишварҳои гуногун маълум аст, барқарорсозии истифодаи захираҳои меҳнатӣ ва мутаносибан, амалисозии ҳуқуқи конститутсионӣ — яъне ҳуқуқ ба меҳнати шоиста ҳамеша ҷанбаи дарозмуҳлатро тақозо менамояд. Маҳз барои ҳамин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо ба масъалаи таъсиси ҷойҳои нави корӣ тавассути рушди бахши хусусӣ ва ҷалби сармоя ҳамчун яке аз самтҳои муҳими сиёсати иқтисодию иҷтимоӣ ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунанд.

Бо тадбирҳои андешидаи Пешвои муаззами миллат марҳила ба марҳила кишвари мо аз буҳрони иқтисодӣ раҳо гардида, роҳҳои дуруст ва самараноки бунёди иқтисоди бозорӣ ва муносибатҳои навини иқтисодӣ муайян ва интихоб карда шуданд. Иқтисодиёти кишвар ба ҷараёни инкишофи устувор ворид гардид

Аз ҷумла, бо мақсади рушди соҳибкорӣ дар мамлакат заминаи қонунгузории соҳа бунёд ва мукаммал карда шуда, аввалин санади меъёрии ҳуқуқие, ки вобаста ба рушди соҳибкорӣ қабул гардид, “Барномаи давлатии дастгирӣ ва рушди соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 20 феврали соли 1998 маҳсуб меёбад.

Рушди бахши хусусӣ ниҳоли пурмаҳсули парваридаи истиқлол ба шумор рафта, бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва кӯшишҳои пайгиронаи Ҳукумати мамлакат тарҳрезӣ шудааст.

Баҳри устувор гардонидани қадамҳои нахустин дар ташаккули бахши хусусӣ қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ” заминаи мусоид гузошт.

Вобаста ба ин, 7 ноябри соли 2003 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нақшаи стратегии хусусигардонии корхонаҳои миёнаву калон, реструктуризатсияи субъектҳои монополияи табиӣ ва корхонаҳои махсусан калон барои солҳои 2003-2012-ро тасдиқ намуд ва дар ин замина марҳалаи асосии  ташаккули шаклҳои гуногуни моликият ҳамчун заминаи рушди фаъолияти соҳибкорию сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардид.

Баҳри рушди минбаъдаи бахши хусусиву соҳибкорӣ қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи: бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ, сармоягузорӣ, санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, созишномаи сармоягузорӣ, консессия, тақсимоти маҳсулот, низоми иҷозатдиҳӣ, мораторияи санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ, аз ҷумла соҳибкории истеҳсолӣ як қатор барномаҳо, стратегияҳо, консепсияҳо ва нақшаи чорабиниҳо қабул ва мавриди амал қарор дода шуданд.

Дар ин давра, рушди институтсионалии соҳа низ ташаккул ёфта, мақоми алоҳида оид ба сиёсати соҳибкориву сармоягузорӣ дар симои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва бо мақсади таъмини рушди иқтисодӣ тавассути муколамаи давлат ва бахши хусусӣ ва ҷалби соҳибкорон ба раванди ислоҳот, Шўрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ таъсис дода шуд.

Шӯро майдони муколамаи озоди байни давлат ва бахши хусусӣ дар сатҳи олӣ буда, таҳти сарварии Раиси Шуро, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то имруз 20 ҷаласаҳои он гузаронида шуд ва як қатор ислоҳоти муҳим дар самти беҳсозии фазои сармоягузориву соҳибкорӣ, аз ҷумла дар бахшҳои саноат, кишоварзӣ ва рушди тиҷорати аграрӣ, ташаккули кластерҳои агросаноатӣ, энергетика, сохтмон, сайёҳӣ, суғурта, рушди бозори такрории қоғазҳои қиматнок, технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ, ташкили рейтинги кредитии соҳибихтиёрии Тоҷикистон ва дигар соҳаҳои иқтисодиёт гузаронида шуданд, ки имрузҳо натиҷаҳои назаррас дода истодаанд.

Инчунин бо дастури Пешвои миллат шӯроҳои минтақавӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлкат ташкил ва фаъолият намуда истодаанд, ки дар онҳо масъалаҳои рушди соҳибкориву сармоягузорӣ дар сатҳи маҳал ҳаллу фасл карда мешаванд.

Ҳамзамон бо мақсади тавсеаи ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ Шўро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ ва Муассисаи давлатии “Маркази татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ” таъсис дода шуданд.

Бо мақсади дастгирии молиявии соҳибкорон, Муассисаи давлатии “Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” таъсис дода шуда, дар заминаи фаъолияти чандсолаи Фонд, КВД “Саноатсодиротбонк” такшил гардид.

Инчунин ҷиҳати баланд бардоштани малакаи касбии соҳибкорон ва ҷорӣ намудани усулҳои муосири соҳибкорӣ, Муассисаи давлатии “Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон” дар шаҳри Душанбе ва марказҳои хизматрасонии он дар шаҳрҳои Бохтар, Кулоб, Хуҷанд ва Хоруғ, ҳамчунин Маркази иттилоотӣ ва машваратии соҳибкории ҷавонон дар водии Рашт (ноҳияи Лахш) таъсис ва ба фаъолият оғоз намуданд.

Дар заминаи сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ, аз ҷумла соҳибкории истеҳсолӣ ва бартараф намудани монеаҳои мавҷуда, се маротиба солҳои 2009-2010, 2012-2014 ва 2019-2020 ба ҳамагуна санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ, хусусан соҳибкории истеҳсолӣ мораторий эълон гардид.

Дар самти коҳиш додани монеаҳои маъмурӣ ислоҳоти назаррас гузаронида шуда, аз ҷумла, дар натиҷаи ислоҳот дар самти ба низом даровардани раванди гирифтани иҷозатҳо, шумораи онҳо аз 605 то 59 номгуй коҳиш дода шуданд. Раванди дастрас намудани иҷозатҳо содда гардида, низоми электронии пешниҳоди ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ба таври пилотӣ ба роҳ монда шуд.

Бо мақсади содаву шаффоф намудани ҷараёни бақайдгирии соҳибкорӣ, низоми «Равзанаи ягона» оид ба бақайдгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ таъсис дода шуд, ки дар натиҷа муҳлати бақайдгирии соҳибкорӣ аз 49 то 3-5 руз коҳиш дода шуд ва ин тадбир барои афзоиши босуръати шумораи субъектҳои соҳибкорӣ такони муҳим бахшид.

Инчунин маъмурикунонии андоз тадриҷан беҳтар гардида, соли 2012 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав қабул гардид, ки дар асоси он шумораи эъломияҳои андозӣ то 41 фоиз, шумораи ҳисоботҳо то 86 фоиз ва шумораи умумии пардохтҳои андозӣ то 43 фоиз кам карда шуданд.

Имрӯзҳо таҳияи лоиҳаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав идома дошта, он ба дастгирии соҳибкорӣ, ҷалби сармоя, хусусан сармояи мустақим, истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир дар дохили мамлакат ва коҳиш додани вобастагӣ аз воридот, баланд бардоштани иқтидори содиротӣ, афзоиши шумораи соҳибкорон, муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ ва дар ин замина ғанӣ гардидани буҷети давлат ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум равона гардидааст.

Инчунин бо мақсади содаву осон намудан, сарфаи вақт ва коҳиш додани хароҷоти соҳибкорон низоми электронии пешниҳоди эъломияҳои андоз ҷорӣ карда шуд, ки аз он соҳибкорон ба таври васеъ истифода бурда истодаанд.

Бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат солҳои охир ҷиҳати ҳимояву дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя, ба соҳаҳои саноати сабук, кишоварзӣ, дорусозӣ, парандапарварӣ, чорводорӣ, сайёҳӣ ва дигар бахшҳои афзалиятнок имтиёзу сабукиҳо фароҳам оварда шуд, ки тибқи таҷрибаи муосири байналмилалӣ аз дастгирии назарраси Ҳукумати мамлакат барои рушди соҳибкорӣ шаҳодат медиҳад.

Ҷорӣ намудани низоми “Равзанаи ягона” ҷиҳати барасмиятдарории амалиёти содиротиву воридотӣ ва транзитӣ дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ, инчунин механизми равзанаҳои ягона барои дастрас намудани иҷозати корҳои сохтмонӣ, пешниҳоди шартҳои техникӣ оид ба пайвастшавӣ ба шабакаҳои барқӣ, бақайдгирии амволи ғайриманқул ва дигар механизмҳои муосир бо истифодаи технологияҳои иттилоотӣ кори соҳибкоронро осон намуда, ба рушди муназзами фаъолияти соҳибкорӣ мусоидат мекунад.

Чорабиниҳои амалигардида, махсусан эълон гардидани мораторий ба санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ, татбиқи ислоҳоти низоми иҷозатдиҳӣ, тақвият бахшидани муколама ва шарикии байни давлат ва бахши хусусӣ ва қабули Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ барои солҳои 2012-2020 ба рушди соҳибкориву сармоягузорӣ такони ҷиддӣ бахшиданд.

Дар натиҷаи татбиқи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони истиқлолият дар ҷодаи таъмини рушди босуботи иқтисодиёт ва таҳкими ҳамкорӣ бо шарикони байналмилалӣ, сол аз сол ҳаҷми сармоягузории хориҷӣ ба иқтисодиёти кишвар афзоиш ёфта истодааст.

Танҳо солҳои 2013-2020 ба рушди иқтисодиёти мамлакат зиёда аз 65 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ ворид гардидааст, ки зиёда аз 30 миллиард сомонии он сармояи мустақим мебошад. Айни замон дар ҷумҳурӣ 70 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ мавриди татбиқ қарор дошта, маблағи умумии онҳо наздики 40 миллиард сомониро ташкил медиҳад.

Дар радифи ислоҳоти татбиқшуда барои ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидани фазои сармоягузорӣ, рушди бахши хусусиву соҳибкорӣ ва ҳамгироӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ, дар кишвар шароити озоди рақобат фароҳам оварда шуда, шароити якранги ҳимояи ҳуқуқӣ байни шахсони ҳуқуқиву воқеии дохилӣ ва хориҷӣ таъмин карда шуд.

Дар ин раванд Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комилҳуқуқи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо гардида, Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид “Дар бораи эътироф ва мавриди иҷро қарор додани қарорҳои арбитражҳои хориҷӣ”, Конвенсияи Гаага ё Конвенсияи Апостил ҷиҳати  эътироф намудани ҳуҷҷатҳои расмии хориҷӣ ва дигар санадҳои байналмилалӣ ба тасвиб расонида шуд, ки ба содда намудани ҷараёни фаъолияти сармоягузорону соҳибкорон ва ҳимояи ҳуқуқии онҳо равона гардидаанд.

Ислоҳот ва тадбирҳои таҳти сарварии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалигашта имкон доданд, ки устувории макроиқтисодӣ таъмин гардида, буҷети солонаи давлатӣ аз 109 миллион сомонии соли 1997 то зиёда аз 23 миллиард сомонӣ дар соли 2020 афзоиш ёфт.

Аз соли 2007 буҷети давлатӣ дар баробари доштани хусусияти иҷтимоӣ, маблағгузорӣ барои рушди иқтисодиёт, хусусан барои таъмини рушди соҳибкорӣ низ амалӣ гардид.

Саҳми бахши хусусӣ дар маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ва таъмини аҳолии фаъоли иқтисодӣ бо шуғл аз 30 фоизи соли 2000-ум мутаносибан то 70 фоиз ва 68 фоиз дар соли 2020 афзоиш ёфт.

Мавқеи байналмилалии ҷумҳурӣ устувор гардида, тибқи арзёбиҳои байналмилалӣ Тоҷикистон чор маротиба солҳои 2010, 2011, 2015 ва 2019 ба даҳгонаи кишварҳои пешсафи ислоҳотгар шомил гардид.

Дар баробари ин, имрӯзҳо як қатор ислоҳот оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва шароити пешбурди соҳибкорӣ ва ба меъёрҳои байналмилалӣ баробар намудани он тавассути рақамигардонии махзани маълумоти вазорату идораҳои давлатӣ, муосиргардонии хизматрасониҳо ба соҳибкорон ва аҳолӣ ва роҳандозии расмиёт дар реҷаи мустақим, сарфаи вақт ва коҳиш додани хароҷоти пешбурди соҳибкорӣ амалӣ шуда истодаанд.

Бахусус, тибқи тағйиру иловаҳо ба қонунҳо “Дар бораи боҷи давлатӣ” ва “Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ” аз 2 сентябри соли 2019, бақайдгирии фаъолияти соҳибкорӣ ва пешниҳоди иқтибос аз феҳристи ягонаи давлатӣ оид ба бақайдгирӣ пурра ройгон ба роҳ монда шуд, ки барои афзоиши шумораи соҳибкорон ва соддаву осон намудани оғози фаъолияти соҳибкорӣ шароити муосид фароҳам овард.

Дар баробари ин, ривоҷ додани амалиёти ғайринақдӣ, ҷорӣ намудани кортҳои пардохт ва насб кардани банкомату терминалҳо, ба роҳ мондани ҳисоббаробаркунӣ тавассути низоми электронӣ барои дар муддати кӯтоҳ анҷом додани амалиётҳои пардохтии дохилию берунӣ ва дигар тадбирҳо ба ташкили инфрасохтори низоми пардохт ва беҳтар намудани хизматрасониҳои бонкӣ замина гузошта, ба пешрафти низоми бонкии мамлакат мусоидат кард. Ин иқдомҳо ба соҳибкорон имкон дод, ки аз чунин воситаҳои муосир самаранок истифода баранд.

Дар Паёми имсолаи Сарвари давлат дастур дода шуд, ки ҷиҳати ҷалби сармояи мустақим, боз ҳам беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ, бахусус ҷиҳати ҷорӣ кардани расмиёти электронии баррасӣ ва пешниҳоди иҷозатномаҳо, ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ва сертификатҳо барои фаъолияти соҳибкорӣ ва дар ин раванд бартараф намудани омилҳои субъективӣ мақомоти марбута фаъолияти худро густариш диҳанд. Минбаъд барасмиятдарории фаъолияти сармоягузориро тавассути пурра ҷорӣ намудани низоми электрониву рақамӣ амалӣ созанд ва фаъолияти марказҳои хизматрасониро ба соҳибкорону сармоягузорон дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ба роҳ монанд.

Имрӯзҳо боиси нигаронии ҳамагон аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба бемории коронавируси COVID-19 дучор гардид ва дар баробари талафоти ҷонии зиёд ба иқтисодиёти мамлакатҳо низ зарарҳои калон расонида, доман паҳн кардани он боиси коста шудани риштаҳои иқтисодӣ ва коҳиш ёфтани табодули молу маҳсулот мегардад.

Пандемия бархе аз соҳаҳои иқтисодиёти мамлакатҳоро зараровар гардонида, ҳамаи кишварҳои дунёро зери таъсири манфии худ қарор дод. Дар баробари ин, қобилияти кории сироятёфтагони ин беморӣ паст гардида, метавонад барои сар задани буҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ замина гузорад.

Бо назардошти ҷанбаҳои манфии пандемияи COVID-19 ва пешгирии паҳншавии ин вабо ва кам кардани таъсири манфии он ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии кишвар, Ҳукумати мамлакат таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат аз рузҳои аввали пайдоиши он тадбирҳои таъхирнопазир андешида, аз ҷумла Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии СOVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расид, ки иқдоми саривақтӣ ва хирадмандона ба ҳисоб меравад.

Тибқи Фармони мазкур ба иншооти сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо, корхонаҳои хӯроки умумӣ, марказҳои саломатию варзишӣ, осоишгоҳҳо, ҳамлу нақли мусофиркашонии байналмилалӣ як қатор имтиёзҳо, аз ҷумла дар шакли таътили пардохтҳои андозӣ, пардохт накардани маблағи иҷораи моликияти давлатӣ, фоизи қарзҳои бонкӣ, пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок ва дигар сабукиҳо фароҳам оварда шуданд.

Инчунин то охири соли 2020 мавқуф гузоштани баландшавии тарифи хизматрасониҳо, аз ҷумла неруи барқ, об, оби полезӣ, алоқа ва хизматрасониҳои коммуналӣ ба кам шудани хароҷоти корхонаву хоҷагиҳо ва сатҳи иҷтимоии аҳолӣ таъсири мусбӣ расонид.

Тавре дар боло зикр гардид, аз оғози замони истиқлол рушди соҳибкориву сармоягузорӣ мавриди таваҷҷуҳи хоссаи Асосгузори сулҳу ваҳлати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифта, ҳанӯз 11 августи соли 2001 мулоқоти нахустини Президенти мамлакат бо соҳибкорону сармоягузорон баргузор гардид, ки барои гузаронидани ислоҳот ва фароҳам овардани шароити мусоид ба фаъолияти соҳибкорӣ такони ҷиддӣ бахшид.

Дар мулоқоти нахустин Президенти мамлакат рушди бахши хусусиро ҳамчун самти асосии сиёсати иқтисодии давлат арзёбӣ намуда, аз ҷумла таъкид намуданд, ки “… минбаъд фаъолияти бахши хусусӣ, соҳибкорӣ ва инкишофи босуръати бизнеси хурду миёна дар кишвар аз омилҳои асосии рушди иқтисодиёт хоҳад буд”.

Сипас, солҳои 2001, 2003, 2007, 2010, 2014, 2015, 2017 ва 2019 мулоқотҳои хосаи Сарвари давлат бо соҳибкорону сармоягузорон баргузор гардида, аз мулоқот то мулоқот таҳаввулоти тоза дар рушди бемайлони соҳибкориву сармоягузорӣ ба вуқуъ пайвастанд.

Аз натиҷаҳои мулоқоти баргузоргардида, нақшаи чорабиниҳо таҳия ва мавриди татбиқ қарор дода шуданд, ки барои рушди соҳибкориву сармоягузорӣ ва бартараф намудани монеаҳо такони ҷиддӣ бахшиданд.

Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти саҳми соҳибкорон дар рушди иқтисодиёти мамлакат эълон гардидани 14 октябр ҳамчун Рўзи соҳибкор, баргузории ҳамоишу форумҳои байналмилалӣ бо иштироки бевоситаи Сарвари давлат, фароҳам будани майдони муколамаи давлат ва бахши хусусӣ дар ҷумҳурӣ баёнгари таваҷҷуҳи доимии Пешвои муаззами миллат дар ташаккули фазои сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ ба ҳисоб рафта, дар таърихи мамлакат ва замони истиқлолият бесобиқа мебошад.

Намояндагони бахши хусусӣ, соҳибкорону сармоягузорони бонангу номуси Ватанамон нақши таърихӣ ва дастгириҳои ҳамаҷонибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакатро сидқан дарк намуда, барои рушди истеҳсолоти ватанӣ, истеҳсоли ҳарчи бештари маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда, таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти рақобатпазир донишу малака ва имкониятҳои худро дареғ надошта, ҷиҳати дарёфти фишангҳои нави иқтисодӣ барои ба бозорҳои ҷаҳонӣ баровардани маҳсулоти ватанӣҳиссаи арзандаи худро мегузоранд.

Бо қадрдонӣ аз ғамхориҳои Сарвари давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ соҳибкорон барои иқдоми бунёдкорӣ ва ташаббуси ватандӯстона, бахусус бахшида ба таҷлили сазовори ҷашни бузурги миллӣ 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ, аз ҷумла дар расонидани кумак ба ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоат ва дигар иқдомҳои дастгирии иҷтимоӣ боз ҳам бештар саҳм гузошта истодаанд.                                                            

ДАР АКС: Пешвои миллат  Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт бо лоиҳаи сохтмони Корхонаи истеҳсоли таҷҳизоти барқӣ шинос шуданд (17.09.2019). Акс аз Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ

Февраль 6, 2021 14:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон «Стратегияи ҷалби сармоя барои давраи то соли 2040» таҳия мегардад
Пешвои миллат: «Дар панҷ соли охир суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,7 фоизро ташкил дод»
Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон аз 39 миллиард сомонӣ ба 73 миллиард сомонӣ расонида шуд
Ба ҳама намуд санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ (ба истиснои санҷишҳои мақомоти андоз) то 1 январи соли 2027 мораторий эълон карда шуд
Президенти Тоҷикистон: «Аз моҳи майи соли 2027 норасоии неруи барқ дар Тоҷикистон пурра бартараф мегардад»
Солҳои 2025-2030 Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон гардиданд
Пешвои миллат: «Аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳӣ барои бунёди инфрасохтори зарурӣ бояд тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд»
Маҳсулоти саноатии Тоҷикистон аз 27 миллиард ба 53 миллиард сомонӣ расонида шуд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон: «То имрӯз беш аз 50 фоизи корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба анҷом расидаанд»
Президенти Тоҷикистон: «Дар 5 соли охир аз ҷониби низоми бонкии мамлакат беш аз 80 миллиард сомонӣ қарз дода шуд»
Ба иқтисодиёти вилояти Суғд 320,8 миллион доллари ИМА сармояи ватанию хориҷӣ ҷалб гардид
Тоҷикистон ва Эрон ҳамкории гумрукиро тақвият медиҳанд