КИСТ ЗАНИ ТОҶИК, АГАР ҚАҲРАМОН НЕСТ? Ва ё бе Офтоб гул, бе муҳаббат хушбахтӣ, бе зан ишқ, бе Модар инсон вуҷуд надорад

Март 8, 2021 11:17

ДУШАНБЕ, 08.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Арҷгузорӣ ба зан, яъне ба Модар ва ба оила, ба сарчашмаи бунёди ҷомеаи инсонӣ ва инсоният дар диёри арҷманди мо ҳамеша баланд буду ҳаст. Имрӯз, вақте Тоҷикистони мо соҳиби Истиқлоли давлатӣ шудааст, ин арҷгузорӣ ба сурати боз ҳам дурахшонтару шукӯҳмандтар аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон ва Пешвои миллат зуҳур кардааст. Ба шарофати ҳамин сиёсати арҷгузорӣ ба зан-модар аст, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол рӯзи иди бонувонро Рӯзи Модар номгузорӣ кардаанд. Дар ин мафҳум маъное ироа мешавад, ки ин ид, ин рӯзро шоиставу азиз мегардонад, зеро марбут ба номи муқаддаси  Модар аст.

Гумон мекунам, Сарвари давлати мо, вақте ки дар таҳия ва қабули  қонунҳо дар бораи масъулияти падару модар, танзими анъана ва ҷашну маросим, роҳандозии озмунҳои наву фарогире, мисли «Тоҷикистон — Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм — фурӯғи маърифат», ки ҳадафҳои баланди миллиро пайгирӣ мекунанд,  раҳнамо буданд, яқин аст, ки пеш аз ҳама, ба саҳми модари тоҷик, ба хираду фазилати ӯ такя ва эътимоди бештар доштанд.   Чунин нигоштааст бахшида ба азамату бузургии зан-модари тоҷик Шоири халқии Тоҷикистон, ходими адабии АМИТ «Ховар» Камол НАСРУЛЛО.

Модар…. Ин вожаи азизу зебо, ин вожаи муқаддас вақте  ба забон меояд, бидуни ихтиёр табъҳо равшан ва чашмҳо мунаввар мегарданд.

Чӣ вожаест дилангез, вожаи модар! Дар он тароватест, ки рӯҳи моро тозаву муаттар медорад. Вожае чун рӯди мусаффо, чу чашмаи зулол сафобахши ҷисму ҷони инсон!

Чи садои навоангезе дорад ин вожа, чи шаҳде дорад, ки аз он комҳо ширин мешаванд!

Шукуфоии гулҳову таровиши хуршед, умеду бовар, эътимоду эътиқод, файзу фараҳе ба мо мебахшад вожаи модар, ки ҳамрадифи вожаи Ватан аст!

Воқеан Ватан модар аст, модар Ватан аст ва ин вожаҳо бо ҳам навои дил доранду сафои ҷон!

Барои миллати хирадпеша ва куҳанбунёди тоҷик, ки “ҷаннатро дар хоки қудуми модарон” дидааст,  парастиш ва эҳтироми модар, арҷгузорӣ бар ӯ ҳамеша волотар аз ҳама чизи дигар буду ҳаст. Метавон муҷассамаи  хираду фазилат, некиву футувват,  меҳру муҳаббатро дар симои модари тоҷик бунёд гузошт. Марому мақоми баланду эҳтироми зан ва модари тоҷикро худи таърих, имтиҳони гарони рӯзгори модар дар тӯли асрҳо муайян намудааст. Бузургии ӯ ҳақиқатест, ки дар саҳифаҳои таърих бо муҳри вақту замон тасдиқ гардида, ҳукми абадият гирифтааст.

Далели нахуст ин аст, ки модари тоҷик модари нобиғагону бузургони оламшумул аст. Ӯ бузургон ва абармардонеро ба дунё овардаву парвариш додааст, ки агар  саф ба саф номбар кунем, саҳифаҳои зиёдеро бояд пур созем. Ба монанди  Одамушшуаро Рӯдакӣ,  Шайхурраис  Бӯалӣ Сино, Ҳаким Умари Хайём, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, Ал-Форобиву Ал-Хоразмӣ, Шайх Саъдиву Абдураҳмони Ҷомӣ ва даҳҳову  садҳои дигар, ки ҷаҳонро бо  илму фарҳангу маърифати худ тасхир намудаанд.  Чӣ ҷойи шубҳа, ки устоди  нахустини ин  бузургворон, пеш аз ҳама, зан- модари тоҷик будааст.

Мо аз таърих медонем, ки зан-модари тоҷик ҳам шоҳ будаасту ҳам сарвари шуҷоъ ва хирадпешаи  сарзамини худ. Шуҷоату корномаи таърихии Томарис-шоҳи ин сарзамини далерон, ки тавонистааст барои дифои кишвари худ ва интиқоми шавҳару фарзанди шаҳидаш бо тавонотарин шоҳи таъриху замон- Курӯши Кабир ба майдони набард барояд ва ӯро мағлуб кунад.

Далели ин ки бонувони тоҷик дар замонҳои ҳассос ватандӯстона ҷавшан ба тан кардаву  силоҳ ба даст гирифта, далерона ба ҳимояи ватани худ бархоста, дар майдонҳои набард на кам аз мардон қаҳрамониву шуҷоат ва ҷоннисорӣ нишон дода, ватанро аз истилои таҷовузгорон эмин доштаанд, дар саҳифаҳои таърих кам нестанд. Далел чунин аст, ки дар гӯшаҳои гуногуни  Тоҷикистон  то имрӯз мавзеъҳое бо номи “Чилдухтарон” маҳфузанд. Қиссаи чилдухтаронро ҳама медонад, чил духтаре, ки ҳангоми  тиҳӣ мондани деҳа аз мардон, вақте душмани истилогар  ҳуҷум мекунад, мардонавор силоҳ ба каф мегиранду ҷоннисорона бар ҳимояи шарафи ватанашон бармехезанд ва то охирин неру меҷанганду дар майдони муҳориба қурбон мегарданд, аммо тан ба душман намедиҳанд. Чунон ки гуфтаанд: “Ҳама сар ба сар тан ба куштан деҳем, аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем!” Чунин мавзеъ-мазорҳо дар тамоми гӯшаҳои кишвар вуҷуд доранд, ки то имрӯз мардум онҳоро пос медоранд. Дар Мӯъминобод, дар Панҷакент, дар Суғду Хатлону Раштон.., дар ҳама гӯшаҳои Тоҷикистон. Ва онҳо далели шуҷоати занони ватандӯсти тоҷиканд.

Агар имрӯз миллати сарбаланди мо баъд аз он қадар ҷабрҳои таърих, он қадар тохтутозу тороҷгариву хунрезиҳои душманон боз ҳам зиндаву поянда аст, бе ширкат, бе фазилат, бе шарофату ҷоннисорӣ ва ақлу заковати баланди зан-модари тоҷик наметавонист ба вуқӯъ пайвандад.

Зани тоҷик ҳамеша ва имрӯз ҳам сазовори он аст, ки дар пеши азамату ҷоннисориҳои модаронаи ӯ сари саҷда фуруд оранд, зеро зани тоҷик бештар аз як зан, бештар аз як модар аст. Боре, ки ӯ бар дӯши худ гирифтааст, хеле фузунтару фарогиртар аз рисолати ӯст. Ба ҷуз ин ки ӯ моро ба дунё овардааст, шабҳо нахобидаву ҳама гарониҳои рӯзгорро таҳаммул намудаву моро парварида, ба роҳи бузурги зиндагӣ баровардааст, боз ӯ тамоми бори гарони рӯзгори хонаводаро бар дӯш дорад. Хусусан дар деҳот, дар кӯҳистон, ки Тоҷикистони мо саросар кӯҳистон аст. Дар куҷо дидаед, ки як зан соҳиби ин қадар касбу кору ҳунар бошад? Зан дар хонавода, зан дар коргоҳ, зан дар гиру мони рӯзгор, зан дар ҷомеа, зан ҳамчун ҳамсар, зан ҳамчун модар ва ғайраву ғайраҳо.

Биёед, бубинем, ки чӣ масъулият ва чӣ борҳои гароне бар дӯши занони наҷиби тоҷик аст. Аввалан, зани тоҷик  модар ва мураббии атфол аст, сипас ин зан ҳам кайвонаву ҳам дӯзанда, ҳам зироаткору ҳам боғпарвар, ҳам чорводору ҳам бинокор, яъне даҳ панҷааш ҳунар аст. Зани тоҷик донандаи ҳама касбу кор ва тамоми ҳунарҳои нодири халқист.

Мегӯянд, ки миллати тоҷикро пеш аз ҳама забони модарӣ ва суннатҳои неки миллӣ, аз ҷумла Наврӯзаш зинда доштаанд. Аммо забон ва суннатҳоро, Наврӯзу Садаву Меҳргонро кӣ ҳифз кард, кӣ зинда дошт? Албатта, пеш аз ҳама занону модарони шарафманди мо.

Агар имрӯз мо ифтихор дорем, ки дар Тоҷикисони азизи мо тамоми суннатҳо, расму русуми нек, анъанаҳову ҳунарҳои наҷиби миллӣ зиндаву пояндаанд, инҳо, пеш аз ҳама, ба шарофати занону модарони тоҷик аст. Ин магар гувоҳи донишмандӣ ва ҳунарпеша будани зани тоҷик нест?

Дар бисёр мавридҳо, хусусан баъд аз ҷангҳои нангини шаҳрвандӣ, ки мардони зиёдеро аз байн бурд, зани тоҷик дар бисёр хонаводаҳо ҳам падар буду ҳам модар. Имрӯзҳо ҳам, ки қисми зиёди мардони кишвари мо дар муҳоҷирати  меҳнатӣ ҳастанд, ҳамин тавр аст, дар ин хонаводаҳо зан аст, ки ҳам мард асту ҳам зан, нигаҳдорандаи гулхани фурӯзони рӯзгор. Пас кист зани тоҷик, агар қаҳрамон нест?!

Имрӯз ба шарафи Истиқлоли давлатӣ ва дар партави хираду муҳаббати Пешвои миллати мо, бубинед, чӣ гуна арҷгузорӣ ва дастгирӣ аз занону духтарон, аз бонувон ба амал бароварда мешавад. Ҳеҷ гоҳ дар тӯли таърихи дарозу пурмоҷарои миллати мо зани тоҷик  дар ҷомеа ин қадар соҳибэҳтирому соҳибмақом ва болонишин нагардида буд, чунон ки имрӯз аст. Имрӯз дар ҳама мақомҳои баланди ҷамъиятиву давлатӣ мо дурахши чеҳра, дурахши хираду ҳунару муҳаббати занҳоро мебинем ва ин беҳуда нест. Зеро дар он ҷойе, ки зан аст, дар он ҷо раҳму шафқат, адолат, зебоишиносӣ, одамгариву хайрхоҳиву накӯкорӣ низ ҳузур дорад.

Дар замони шӯравӣ, вақте ки зани тоҷик ба озодӣ расид, устод Турсунзода суруда буд:

Хуб шуд, ки зан ба давлат ёр шуд,
Мамлакат аз дасти зан гулзор шуд.

Агар устоди шодравон имрӯз зинда мебуд, яқин аст, ки аз ин шароиту имконият ва дастгириҳои боз ҳам шоистатар, ки барои занони тоҷик Истиқлоли давлатӣ ва Пешвои миллат фароҳам овардаанд, бештар ба ваҷд меомад ва шояд ин ситоишро ба оҳанги нав идома медод.

Метавон садҳо далел аз дастгириву фароҳам овардани шароит барои занони ҳунарманди тоҷик дар чанд соли охир овард. Масалан, аз соли 2006 бо ташаббуси  Пешвои миллат барои дастгирии занони соҳибкор  грантҳои президентӣ ҷудо карда мешаванд. Аз соли 2014 дар маҷмӯъ 80 лоиҳаи соҳибкорзанони инфиродӣ аз ҷониби  Комиссияи  озмунҳои грантҳои президентӣ ба маблағи 2 миллион сомонӣ дастгирӣ ёфт. Чунин далелҳоро метавон беохир идома дод.

Эҳёи ҳунарҳои миллӣ, таъсиси корхонаҳои хурди истеҳсолӣ, ҳунарҳои дастии қолинбофӣ, сабадбофӣ, кашидадӯзӣ, дӯзандагӣ, парвариши чорво, боғдорӣ, зироаткорӣ, занбӯриасалпарварӣ ва ғайраҳоро оё метавон бе ширкату саҳмгузории бонувон тасаввур кард?

Баъд аз эълон шудани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ нақш ва фаъолияти занони деҳоти тоҷик боз ҳам баландтар бардошта шуд. Зеро амалӣ гардидани ин барномаи Ҳукумат бе иштироки фаъоли занони деҳот ва саҳмгузории онҳо номумкин менамояд.

Оё метавон имрӯз рушди деҳотро бе заҳмату ҳунару заковати занони тоҷик тасаввур кард? Оё метавон рушди ҳунарҳои миллии моро, ки маҳз зан ва модари тоҷик бунёдгузору нигаҳдорандаи онҳо дар тӯли асрҳо будааст, имрӯз бе файзу баракати дастони модари тоҷик пеши назар овард? Оре, имрӯз маҳз занони тоҷик бо маърифати зотии баланди хонаводагии худ, ки аз имтиҳони асрҳову таърих гузаштаву пирӯз мондааст, сарчашмаи асосии рушди деҳот ва дар маҷмӯъ рушди кишваранд.

Бале, зан – модари тоҷик дар тӯли зиндагии ҳунармандона ва ҳалолу покизаи худ дар ҷомеа обрӯю эҳтироми хосса пайдо кардааст. Зан – модари  тоҷик, ки бисёр бузургону нобиғагони сатҳи ҷаҳониро ба олам овардаву парваридааст; зан — модари тоҷик, ки маҳз бо шарофати ӯ бузургтарин ойину суннатҳои миллии мо, мисли Наврӯзу Меҳргону Сада, ки нигаҳдорандаи воқеии симои миллии халқи моянду  шомили садҳо ҳунару пешаҳои халқиянд, зинда мондаву ҷаҳонӣ шудааанд; зан – модари тоҷик, ки имрӯз ба шарофати фарҳанг ва хиради зотии ӯ мо бо забони ноби тоҷикӣ, яъне забони оламшумули шеъру илму адабу фарҳанг ва меҳру муҳаббат сухан мекунем. Имрӯз боз ҳам ба шарофати ҳамин зан – модари заҳматкаши деҳотии тоҷик дастурхони мо аз  сабзавоту мева, зироати мухталиф, ширу қаймоқи лазиз ва даҳҳо номгӯи дигари маҳсули дастони пурзаҳмати ӯ файзу баракат дорад.

Беҳуда нест, ки бузургони ҷаҳон бо муҳаббату самимияти баландтарин ҳама ситоиши Модар кардаанд ва зебтарину дурахшонтарин дурри суханро нисори қудуми модарон намудаанд.

Навсандаи машҳури дунё Халил Ҷуброн мегӯяд: Модар зеботарин вожаест, ки инсон ба забон овардааст.

Дар ин радиф нависандаи маъруфи ҷаҳонӣ Оноре де Балзак навиштааст: Ояндаи миллат дар дасти модарон аст.

Нависандаи номдори рус Максим Горкий низ ба ин гуфтаҳо ҳамроҳ гардида,  гуфтааст:

Бе офтоб гулҳо, бе муҳаббат хушбахтӣ, бе зан ишқ, бе модар инсон вуҷуд надорад!

Бале чунон ки бузурги дигаре нигоштааст: Дасте, ки гаҳвораро меҷунбонад, дунёро сарварӣ мекунад ва ин даст, бешубҳа, дасти модар аст.

Хушбахтона, имрӯз аҷгузорӣ ба зан ба модар, ғамхориву дастгирӣ аз ӯ дар мадди аввали сиёсати давлатдории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон истодааст ва масъулияту муҳаббати ҳамешагии моро нисбат ба занону модарону хоҳарони азизамон шукӯҳмандтар мегардонад.

Март 8, 2021 11:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бохтар аввалин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ баргузор гардид
Дар мавзуи «Паёми Президенти Тоҷикистон ва масъалаҳои рушди фаъолияти китобдорӣ ва бойгонишиносӣ» ҳамоиш доир шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ҳайати намояндагони Академияи илмҳои Чин вохӯрӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон барномаи омӯзишии Мактаби театрии Александрин мегузарад
ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН. Дар шаҳри Ҳисор озмунҳои «Тоҷикистони ман!» ва «Шоҳнома Ватан аст!» доир мегарданд
Байни Тоҷикистон ва Италия Барномаи ҳамкории фарҳангӣ, илмӣ ва технологӣ барои солҳои 2024-2027 ба имзо расид
Дар Душанбе оид ба рушди ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика конференсияи байналмилалӣ доир мегардад
САДРИДДИН АЙНӢ-БУНЁДГУЗОРИ АДАБИЁТИ НАВИНИ ТОҶИК. Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи илмӣ-адабӣ гузаронида шуд
ИЛМ АЗ ДИДГОҲИ ОЛИМОНИ ҶАВОН. Дар ин мавзуъ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
«ДУРАХШИ АХТАРОН: ҶОМӢ ВА НАВОӢ». Протокол оид ба таҳияи филми ҳунарии муштараки Тоҷикистону Узбекистон ба тасвиб расид
Рӯзҳои синамои Узбекистон дар Тоҷикистон бо намоиши филми ҳунарии «Зинда бод, ҳамсар!» ҷамъбаст гардид
«САД РАНГИ ЧАКАН». Дар Душанбе ин фестивали ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст гардид