НАВРӮЗИ ИСТИҚЛОЛ- ИСТИҚЛОЛИ НАВРӮЗ АСТ. Ва ё ин ҷашни муборак рамзи пирӯзии миллати мост

Март 23, 2021 13:35

ДУШАНБЕ, 23.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Наврӯз яке аз вожаҳои  муқаддас  аст, зеро он  таҷассуми таърихиву башарии фарҳанги бузурги халқи мо, хиради азалии мардуми мост; фарҳанге, ки тамоми дастовардҳои гаронбаҳо ва хуҷастагиҳои дурахшони маънавии  миллатамонро дар худ маҳфуз доштаасту инъикос мекунад. Фарҳанге, ки дар он илму адаб, одобу маърифат, ҳунару санъат, сиришти неки миллатамон поянда мондааст. Тамоми анъанаҳо, ойинҳо, суннату маросими миллии мо, ки  маҳз дар онҳо сиришти неку рӯҳияи зафарманди ин миллати куҳанбунёд абадан нақш бастааст, маҳз онҳо миллати моро дар тӯли таърихи гарону хунин зинда доштаву ба имрӯз расонидаанд, дар  Наврӯз абадан зинда мондаанд. 

Чунин навиштааст Шоири халқии Тоҷикистон, ходими адабии АМИТ «Ховар» Камол НАСРУЛЛО дар нигориши наврӯзии хеш.

Наврӯз боз ҳамрадифи вожаи бебаҳои дигар- вожаи наҷот аст, чунки Наврӯз воқеан наҷотбахши миллати мост. Ҳамин Наврӯз аст, ки бо суннатҳои волову маънавиёти баландаш  ҳамеша ба наҷоти миллати некманиши мо дар душвортарин марҳилаҳои таърих омадааасту бо хиради зотияш онро наҷот додааст. Беҳуда нест, ки беҳтарин дуои тоҷикӣ умеди расидан ба Наврӯзи нав аст, яъне: «То ба Наврӯзи дигар моро расон!».

Наврӯз вожаест, ки метавонад ҳамрадифи бисёр вожаҳои  муқаддаси дигар бошад. Ва яке аз онҳо вожаи озодист, яъне истиқлол, зеро бо фарорасии Наврӯз табиат ба озодӣ, ба истиқлол мерасад. Ва ин озодӣ- озодии инсону замину кайҳон аст. Ва ин озодии рӯҳи фарҳехта ва маънавиёти намирандаи халқи хирадпешаи мост.

Вожаи Наврӯз ҳамчунин ҳамрадифи вожаи пирӯзист, зеро маҳз  расидани Наврӯз оғози пирӯзии рӯшноӣ бар торикӣ, пирӯзии гармо бар сармост, пирӯзии нишот бар ғаму кулфат аст. Наврӯзи мо рамзи пирӯзӣ бар ҷаҳолат, бар таассуб, бар кинаву бухлу ҳасад, бар ҳама бадиҳо, пирӯзии хайр ба шарр аст.  Зеро табиати Наврӯз дар тӯли ҳазорсолаҳо ҳамеша муқобили инҳо ва ҳамрадифи  некиву хайрхоҳӣ будаасту мебошад.

Вожаи Наврӯз ҳамрадифи вожаи эҳёст. Яъне таваллуди нав, яъне оғози нав, бунёди нав… Ҳамин “нав”-и Наврӯз аст, ки моро нав ба нав ба навиву навоварӣ, ба парҳез аз куҳангароӣ  бурдаву ҳамеша офарандаву бунёдкор, неруманду ҷавон нигоҳ доштааст.

Вожаҳои ишқ, муҳаббат, дӯстӣ, хайр, баракат, некӣ, озодагиу покӣ… инҳо ҳама ҳамрадифи Наврӯзанд. Бубинед, халқе, ки ҳазорон сол Наврӯз доштааст, ин ҳамаро: наҷот, озодӣ, пирӯзӣ, эҳё, муҳаббат,  озодагӣ, бунёдкориҳоро доштааст.  Инҳо ҳама ҳамеша халқи некманиши моро зиндаву пояндаву солиму соҳибдил ва соҳибандеша нигаҳ  доштаанд ва  хоҳанд нигаҳ дошт. Мо миллати пояндаем, зеро мо Наврӯз дорем, зеро наврӯз — ин наҷотбахши зотӣ ва таърихии мо ҳамеша бо мо будаасту хоҳад монд.

Наврӯз ҷашни хуҷастаи миллии мост, ки имрӯз башариву ҷаҳонӣ шудааст. Ва ин бесабаб нест, зеро тамоми ойинҳо, маросим  ва суннатҳои фархундаи  Наврӯзи фаррухпайи мо зотан башариянд ва чунонанд, ки ба дарду армони тамоми одамизод мехӯранд. Аз ин рӯ онро ҳама қабул доранд ва имрӯз ҳамагон дар тамоми гӯшаҳои дунё ошиқи онанд.

Танҳо овардани ду-се далел кофист, ки хуҷастагиҳои беназири суннатҳои Наврӯзи оламшумуламонро собит созем.

Нахустин суннати Наврӯз тозагиву озодагист. Мардум аввалан хонаҳои худро аз чангу гарду ғаждиҳо тоза мекунанд. Аз ҳарчи кӯҳнаву фарсудаву шиаставу нолозим аст, худро раҳо месозанд. Аммо тозаву нав кардан танҳо ба хонаву дар ва сару либос дахл надорад. Ин рамзест, ки дар зимни он, пеш аз ҳама, тоза кардани дилу андешаву сиришти инсонҳо дар назар дошта шудааст. Бале, аввалин шарти Наврӯз озодагист, ҳам ба зоҳир ва ҳам ба ботин. Тоза кардан, нав кардан!

Суннати волои дигари Наврӯзи фаррухпай, ки дар дунё назир надорад, ин бахшидани гуноҳон аст. Ба андешаи банда, ин таомул нуқтаи баландтарини фарҳанги Наврӯз аст, ки дар ҳеҷ маросими дунё  собиқа надорад. Танҳо дар Наврӯзи Аҷами мо — мардуми ориёнитабор одамон водошта мешаванд, ки гуноҳони ҳамдигарро бубахшанд. Баландтарину нектарин одоби башарӣ, ки дар байни халқи мо ба шарофати Наврӯз маҳфуз аст, ин аст, ки андар рӯзи Наврӯз ҳатто душманон дӯст мешаванд. Ва ин далели баэътимоди  хуҷастагии фарҳанги бузурги халқи мост, ки ғояти баланди инсонигарӣ ва одобу таҳаммулу хиради инсониро инъикос мекунад.

Метавон боз суннатҳои баланди инсонии дигарро аз Наврӯзи пирӯзи мо мисол овард ва якеи дигар аз онҳо гиромидошти ёди гузаштагон аст, таъзиму дуруд овардан ба пешгоҳи рӯҳи муқаддаси пешиниён, падарону модарон, ки низ ғояти пок доштани рӯҳу равони инсонии мост. Рафтан ба зиёрати оромгоҳҳо, покиза доштани марқади гузаштагон, ки ҳавои рӯзгори зиндагонро тоза нигоҳ хоҳад дошт.

Дар қатори даҳҳо суннатҳои ногуфта метавон боз аз як суннати дигар — афрӯхтани оташ ва паридан аз болои гулханро далел овард, ки низ  дар худ рамзҳои хуҷастаеро аз тоза кардани гуноҳон то парастиши яке аз унсурҳои муқаддас, яъне оташ, яъне нуру рӯшноиро таҷассум менамоянд.

Хеле зиёданд рамзҳои неку муқаддасу башардӯстонаи Наврӯз, оғоз аз ҳафт шину ҳафт син то об задан ба рӯи роҳи мардум; пос доштани ҳунарҳои волои мардумӣ; аз таомпазиву дӯзандагӣ то рақсу суруду мусиқии рӯҳафзо, ки миллати моро асрҳо рӯҳбаланду пирӯз, соҳибмақому соҳибмаърифат нигоҳ доштаанд.

Кунун  метавон сарфароз аз он буд, ки дар даврони навини соҳибистиқлолии Тоҷикистони азизамон мо ба шарофати сиёсати миллатдӯстонаву ватанпарастона ва аслан башардӯстонаи Пешвои миллатамон шоҳиди эҳёи воқеии маросими наҷотбахши халқи ҳунарманду хирадпешаи худ, шоҳиди эҳёи дигарбораи миллати бузургу беназирамон  гаштаем. Воқеан имрӯз пирӯзии Наврӯз – пирӯзии Истиқлол ва пирӯзии Истиқлол пирӯзии Наврӯзи  Аҷам – ин ҷашни бошукӯҳ ва беназири халқи некманишон мебошад. 30 соли Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, сӣ шаҳсутуни баэътимодест, ки бар он Кохи пуршукӯҳу бегазанди  озодии миллатамон пайваста қомат меафрозад? Мо шоҳидон ва зодагони Истиқлоли давлатии Тоҷикистон-ин армони ҳазоронсола, ин армони дерини халқи некбунёду некманишамон ҳастем!  Оё хушбахтие беш аз ин метавонад буд?!

Ҳоло ба муносибати Наврӯзи фаррухпай — ин ҷашни бузурги миллиамон чанд шеъри наврӯзии Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи устод Рӯдакӣ Камол Насруллоро, ки саршори ғояҳои Истиқлоли давлатӣ ва муҳаббати ватандӯстона мебошанд, чун дастовези наврӯзӣ тақдим ба хонандагони азиз мегардонем.

 

СИМОИ ТОҶИКОН

Наврӯзи файзафшон  симои тоҷикон аст,

Рӯи сафову некӣ дар ройи тоҷикон аст.

Наврӯз бо ҳазорон оинаҳои покӣ

Имрӯзи тоҷикон аст, фардои тоҷикон аст.

То бар фалак расонад суру суруди худро,

Овои ғижжаку тор овои тоҷикон аст.

Азбаски дар вуҷудаш чун ҷон сухан даромад,

Сарводаҳои сурӣ сарвои тоҷикон аст.

Бунёди нек то ҳаст ин халқ пойдор аст,

Зеро манори некӣ минои тоҷикон аст.

Ин ҷодаҳои гулгун, ин кӯҳи сар ба гардун,

Ин марғзори серун ҷопои тоҷикон аст.

Сад пеша реша дорад дар ҷону пайкари ӯ,

Эъҷози офариниш эҳдои тоҷикон аст.

Ҳар нахли он ҳабиб аст, ҳар пири он табиб аст,

Ин ҷо худи табиат Синои тоҷикон аст.

Азбаски аз муҳаббат густурда хоки покаш,

Дар лонаи муҳаббат улёи тоҷикон аст

 

ФАЙЗУ ФАРАТ МУБОРАК

Эй кишвари азизам, файзу фарат муборак!

Парвози мурғи бахтат, болу парат муборак!

Ин мулк зодгоҳи наврӯзи ҷовидонист,

Иқболу бахту шодӣ, файзи дарат муборак!

Имрӯз тоҷи заррин дар парчамат парафшон,

Эй мулки тоҷдорон, тоҷи сарат муборак!

Имрӯз хоки покат файзу шукӯҳи нав ёфт,

Ин халқи некному бахтоварат муборак!

Мо роҳи хайру эҳсон аз синаҳо кушодем,

Хуршеди нурафшон дар боварат муборак!

Симу зари диёрам файзу фари диёр аст,

Файзу фарат муборак, симу зарат муборак!

Оби зулол дорӣ, халқи ҳалол дорӣ,

Файзи зулолу покӣ дар кишварат муборак!

Дар домани гулафшон парвардаи ту моро,

Навбол чӯҷаҳои пароварат муборак!

Чун кӯҳи сарфарозат ман бо ту сарбаландам, ,

Озодии шукӯҳат, файзи барат муборак!

Дар мулки бостонӣ, наврӯзи ҷовидонӣ,

Ин бахти осмонӣ пеши барат муборак!

Наврӯз ҷовидон кард нуру нишоти моро,

Ин оби лоязолӣ дар соғарат муборак!

 

ИН НУР ИН ЗУЛОЛӢ…

Ин нур, ин зулолӣ моро зи умқи ҷон аст,

Ин чашмаҳои меҳан аз ҷони мо равон аст.

Ин меҳани суруд аст, ин меҳани дуруд аст,

Ин меҳани табассум, ин хоки ошиқон аст.

Ин ҷо ҳазор чашма аз меҳру ишқ ҷорист,

Ин ҷо  сахову  некӣ чун рӯдҳо равон аст!

Ин ҷо шукӯҳи модар волотар аз ҳама чиз,

Ин ҷо биҳишти олам дар хоки модарон аст.

Аз санг чашма рӯяд, аз нанг чашма рӯяд,

Зеро ки ин зулолӣ  дар ҷони одамон аст!

Ҳар  рӯзи мардумонаш, наврӯзи зиндагонист,

Дар ҷисму ҷони халқаш наврӯзи ҷовидон аст!

Хайру сафо бирезад аз суннату таомул,

З-озодагиву некӣ бунёди тоҷикон аст!

Ин ҷо ба пеши пои ҳар меҳмон зананд об,

Покӣ  русуми поки    ин халқи покҷон аст

Покиза обшораш, покиза ҳар навораш,

Дар обгинаи ҷон покии ӯ ниҳон аст!

Садҳо таомули нек аз табъи ӯ падидор,

Покии ӯ ту гӯӣ ойинаи ҷаҳон аст!

Симои неки халқаш наврӯзи ҷовидонист,

Нураш зи чашми мардум, файзаш аз осмон аст.

Бо Пешвои миллат бар чор самти олам

Дарёи меҳри халқи покизаҷон равон аст!

 

НАВРӮЗ

Маънои   ману намои ман Наврӯз аст!

Қутби  ману раҳнамои ман Наврӯз аст!

Озода зи ғуссаҳову  осуда зи ранҷ,

Анвори раҳи раҳои ман Наврӯз аст!

Он махзани пур зи ганҷу симу зари ман,

Мероси ман аз ниёи ман, Наврӯз аст!

Гар зинда ба сад ҳазор захми теғам,

Дасти мададу давои ман Наврӯз аст!

Наврӯз! Биё, ки душманон дӯст шаванд,

Эҳсони Худо, сафои ман Наврӯз аст!

Бо ҳар нафаси умед покизатарем,

Покии ману ҳавои ман Наврӯз аст!

Оинаи хушнамои ойинҳоям,

Дар даҳр ҷаҳоннамои ман Наврӯз аст!

Ишқу адабу фазилати миллати  ман,

Ҷуди ману ноҷудои ман Наврӯз аст!

Дар чашму дилам чароғи нури ишқ аст,

Тӯмори дилу зиёи ман Наврӯз аст!

Ман дар хати аҳд устуворам зи азал,

Зеро хати устувои ман Наврӯз аст!

Дар баҳри азал сафина дорам аз дил

Лотарс, ки нохудои ман Наврӯз аст.

Дар тӯли ҳазорсолаҳо ҷавшани ман

Аз душмани ҷонрабои ман Наврӯз аст!

Сад гуна сади садад куҷо садди ман аст,

То ҳафт осмон садои ман Наврӯз аст!

Аз вартаи марг вораҳонад моро,

Бемаргии ман, барои ман Наврӯз аст!

Аз баъди ҳазор сол нав омадаам,

Навбоваи ман, навои ман Наврӯз аст!

Бигзаштаву ояндаву имрӯзи ман аст,

Боқӣ чӣ бувад, бақои ман Наврӯз аст!

 

Март 23, 2021 13:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Италия Барномаи ҳамкории фарҳангӣ, илмӣ ва технологӣ барои солҳои 2024-2027 ба имзо расид
Дар Душанбе оид ба рушди ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика конференсияи байналмилалӣ доир мегардад
САДРИДДИН АЙНӢ-БУНЁДГУЗОРИ АДАБИЁТИ НАВИНИ ТОҶИК. Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи илмӣ-адабӣ гузаронида шуд
ИЛМ АЗ ДИДГОҲИ ОЛИМОНИ ҶАВОН. Дар ин мавзуъ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
«ДУРАХШИ АХТАРОН: ҶОМӢ ВА НАВОӢ». Протокол оид ба таҳияи филми ҳунарии муштараки Тоҷикистону Узбекистон ба тасвиб расид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар шаҳри Гулистон даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Рӯзҳои синамои Узбекистон дар Тоҷикистон бо намоиши филми ҳунарии «Зинда бод, ҳамсар!» ҷамъбаст гардид
«САД РАНГИ ЧАКАН». Дар Душанбе ин фестивали ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст гардид
Роҳбарзанони Узбекистон бо табиати зебои шаҳри Норак шинос шуданд
Дар Душанбе ҳамкории илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи Акитаи Ҷопон баррасӣ шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон бо 4 муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон ҳамкорӣ мекунад