Шаҳло Сайфзода: «Зани бомасъулият ва соҳибмаърифат дар фаъолияти корию рӯзгордорӣ низ муваффақ мегардад»

Март 7, 2021 09:30

ДУШАНБЕ, 07.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо шарофати истиқлоли давлатӣ ва ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақш ва мақоми занону бонувон дар рушди соҳаҳои гуногуни ҷомеабаланд гардидааст. Ҳукумати мамлакат ташаббусҳои занону бонувони кишварро доимо дастгирӣ намуда, бо мақсади  ҷалби ҳар чи бештари онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда тадбирҳои  иловагӣ меандешад. Хусусан солҳои охир ҷалби занону бонувон ба низоми бонкдории мамлакат дар асоси дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон афзоиш ёфтааст. Дар арафаи Рӯзи Модар хабарнигори АМИТ «Ховар» бо муовини Раиси  Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаҳло Сайфзода суҳбат анҷом дод, ки фишурдаи онро пешкаши хонандагони сомонаи АМИТ «Ховар» мегардонем.

АМИТ «Ховар»: Шаҳло Сайфзода, қаблан Шумо ва дар шахси Шумо тамоми бонувони Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» -ро бо иди бонувон- Рӯзи Модар  шодбош гуфта, саломатӣ, хонаободӣ ва дар фаъолияти пурмасъулатон муваффақият таманно дорем. Лутфан бигӯед, ки  саҳми занону бонувони мамлакат дар рушди соҳаи бонкдорӣ дар кадом сатҳ аст?

Шаҳло Сайфзода: Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  нисбат ба баланд бардоштани  мақоми зани тоҷик, ба вазифаҳои роҳбарикунанда пешниҳод намудани онҳо, дастгирии занони соҳибкор, ба шуғл фаро гирифтани занони хонашин, рушди ҳунарҳои миллӣ ҷудо намудани квотаҳои Президентӣ ба духтарони навоҳии дурдасти кӯҳистон ва қабули даҳҳо барномаву санаду меъёрҳои ҳуқуқӣ нисбат ба занон шаҳодати ғамхориҳои Пешвои миллат ба бонувони мамлакат мебошад. Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон зан-модарро ҳамчун неруи пешбаранда ва ҷузъи муҳими ҷомеа эътироф намуда, иштироки занонро дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла,  сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, варзиш ва  маънавиёт муҳим медонад.

Дар ҷавоб ба таваҷҷуҳи пайвастаи Ҳукумат ва Пешвои миллат занон дар радифи иҷрои рисолати модарӣ феълан дар тамоми соҳаҳо фаъолияти пурсамар доранд. Аз ҷумла, дар Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Амонатбонк» бо таваҷҷуҳи бевоситаи Пешвои муаззами миллат шумораи занон рӯз аз рӯз зиёд шуда истодааст. Дар бонк занони фаъол ниҳоят зиёданд, ки бо як ҳисси баланди миллӣ, ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ дар пешрафти соҳа саҳми назаррас мегузоранд.

АМИТ «Ховар»: Президенти ҷумҳурӣ дар вохӯрӣ бо кормандони соҳаҳои молия, андоз, гумрук ва бонкдории кишвар моҳи майи соли 2019 зикр намуда буданд, ки «дар низоми бонкии кишвар кормандон аз ҳисоби занону бонувон бояд бештар ба кор қабул карда шаванд». Лутфан бигӯед, ки дастури Пешвои миллат дар Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар кадом сатҳ амалӣ гардонида шудааст?

Шаҳло Сайфзода: Дар партави сиёсати пешгирифтаи  Пешвои муаззами  миллат  дар самти зиёд намудани шумораи бонувон дар низоми бонкдорӣ  тавассути озмун бонувони соҳибкасбу болаёқат дар «Амонатбонк» ба кор қабул мегарданд ва бонувони дорои маҳорати баланди касбию роҳбарӣ ба вазифаҳои роҳбарикунанда пешбарӣ шуда истодаанд. Барои фаъолияти пурсамари занон дар бонк тамоми шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Шӯрои занони «Амонатбонк» низ  фаъолияти пурсамар дорад. Соли 2020  135 нафар ва моҳи январи имсол 15 нафар бонувон тавассути озмун дар «Амонатбонк» ба кор қабул гардиданд.

Ҳоло дар «Амонатбонк» 1252 нафар занон фаъолият доранд, ки 43 фоизи шумораи умумии кормандони соҳибтахассусро ташкил медиҳанд. Аз ҷумла, шумораи занони дар марказҳои хизматрасонии бонкии «Амонатбонк» фаъолиятдошта ба ҳолати имрӯза ба 290 нафар расидааст. Алҳол  33 нафар занон дар сатҳи роҳбарикунанда дар «Амонатбонк» фаъолият доранд. Шумораи занон ҳамчун сардорони воҳидҳои сохтории бонк 64 нафар, муовини сармуҳосиб  16 нафар, мудири хазина 19 нафар ва  дигар вазифаҳои дорои масъулияти моддӣ 29 нафарро ташкил медиҳад.

Дар баробари ин, бонк ҷиҳати пешниҳод намудани рӯйхати духтароне, ки тибқи квотаҳои Президентӣ аз рӯи ихтисосҳои «молия ва қарз», «фаъолияти бонкӣ», «технологияи иттилоотӣ», «муносибатҳои байналмилалии иқтисодӣ» ва «баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит» таҳсил мекунанд,  ба донишгоҳҳои олии кишвар ҷиҳати дар оянда ба озмунҳо барои ишғоли вазифаҳои холӣ даъват намудани онҳо ҳамкорӣ намуда истодааст.

«Амонатбонк» тасмим дорад, ки дар оянда низ  нисбат ба масъалаи ҷалби ҳарчӣ бештари занон ба соҳа, пешниҳод ба вазифаҳои роҳбарикунанда, масъулияти моддидошта ва бозомӯзии кормандон аз ҳисоби занону духтарон  диққати  махсус диҳад.

АМИТ «Ховар»: Фаъолият дар низоми бонкдорӣ аз занмодар кадом хислату фазилатҳои наҷибонаи инсонӣ тақозо менамояд?

Фаъолият дар низоми бонкдорӣ аз зан-модар, пеш аз ҳама, одоби ҳамида ва муомилаи хуб тақозо мекунад. Зеро, ки зан-модар табиатан ғамхору меҳрубон буда, сиришташ бо меҳр омехта шудааст. Ба таври дигар гӯем, зан модар аст, тарбиятгар аст.  Ман фикр мекунам, ки занону бонувони тоҷик бо  табиати латиф, бо шарму ҳаёи шарқиёна, меҳру муҳаббати модарона ва рафтору гуфтор ва пиндори неки худ ҳамеша бояд намуна бошанд. Занону бонувоне, ки дар низоми бонкдорӣ вазифаҳои пурмасъулиятро иҷро мекунанд, бояд бо пешниҳоди сатҳи баланди хизматрасониҳои бонкӣ ва пешниҳодҳои саривақтию судманд барои рушди соҳа саҳм гузошта, сазовори боварӣ  ва эътимоди Роҳбари давлат бошанд.

АМИТ «Ховар»: Барои зан роҳбарӣ дар идораи бонкдорӣ мушкил нест

Шаҳло Сайфзода: Ман фикр мекунам, ки агар шахс касбашро дӯст дорад, ҳисси баланди миллӣ дошта бошад, ҳар масъулияте, ки ба зиммааш гузошта мешавад, бо сарбаландӣ иҷро менамояд. Дарвоқеъ мо, занон масъулияти тарбияи фарзандону иҷрои оини рӯзгордориро низ ба зимма дорем. Ба ҳамаи ин дастамон мерасад. Зеро, ки сарчашмаи   ин неру  ва иқтидори кории мо  таваҷҷуҳ ва ғамхории пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба бонувон мебошад. Бахусус мо, бонувони «Амонатбонк», ки Пешвои муаззами миллат иҷрои вазифаҳои дорои масъулияти моддӣ, пешниҳоди хизматрасониҳои бонкиро дар самти татбиқи як ҳиссаи сиёсати иҷтимоии давлат ҳамчун бонки давлатӣ бовар намудаанд,  кӯшиш менамоем, ки  дар соҳа бо фаъолияти пурсамари худ саҳм гузошта, ба Ватани азизу маҳбубамон -Тоҷикистон содиқона хизмат намоем. Яқин аст, ки бонуи  соҳибмаърифат  ҳам   дар  фаъолияти корӣ ва ҳам  дар хона  муваффақ  аст.

 АМИТ «Ховар»: Занону бонувонро дар зиндагӣ на танҳо олиҳаи ҳусну зебоӣ, балки ба ҳайси шахси дар рӯзгор оқилу чашмикордон ва сарфаю сариштакор эътироф намудаанд. Саҳми бонувони тоҷикро дар риояи яке аз қонунҳои миллӣҚонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ» чӣ гуна арзёбӣ менамоед?

Шаҳло Сайфзода: Анъана ва ҷашну маросими миллӣ яке аз омилҳои муҳими  зарурати иҷтимоӣ маҳсуб ёфта, дар ҳаёти ҳаррӯзаи мо зуҳур меёбанд.

То қабул гардидани қонун аз ҳад зиёд серхароҷот гаштани ҷашну маъракаҳо бори гарон ба сари мардуми мо гардида буд. Дар натиҷаи қабул ва татбиқи қонуни мазкур, хароҷоти беҳуда пешгирӣ гардиданд ва буҷети оилаҳо барои дигар масъалаҳои муҳими зиндагӣ равона карда мешаванд. Дар  пешгирии хароҷоти буҳуда ва муътадил нигоҳ доштани буҷети оила нақши занон, ки сарфаю сариштакорӣ табиати хоси занон аст, басо  назаррас мебошад.

Ҳамаи мову шумо шоҳиди он суханҳое будем, ки  Пешвои миллат бо ифтихор ва як ҷаҳон муҳаббату самимият иброз намуда буданд: «То вақте, ки ҳастам, занону модаронро дастгирӣ мекунам, зеро, ки онҳо аввалин шуда, ташаббусҳои манро ҷонибдорӣ мекунанд ва дар татбиқи қонунҳои қабулшуда, бахусус қонун дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим нақши муассир доранд».

АМИТ «Ховар»: Ба дунё овардан,  тарбия ва ба камол расонидани фарзандон рисолати азалии занон аст. Қабули қонуни миллӣ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» масъулияти волидайн, аз ҷумла модаронро дар самти ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят намудани фарзандон, хусусан таълиму тарбияи онҳо баланд намуд. Нигоҳи Шумо ба ин масъала?

Шаҳло Сайфзода: Қабули ин қонун дарвоқеъ саривақтӣ ва муҳим  буд ва натиҷаю самараи хуб ҳам дода истодааст. Дар замони ҷаҳонишавӣ хоҳу нохоҳ омилҳои гуногун ба тарбияи фарзандон ба таври  мусбату манфӣ таъсир мерасонанд. Ҳамкории доимии падару модарон бо мактаб, масъулияти баробар ҳис намудан дар таълим ва тарбияи фарзандон, яъне насли наврасу ҷавон, ки ояндаи давлату миллат мебошад, ниҳоят муҳим арзёбӣ мегардад. Дар воқеъ, қабули қонуни миллӣ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»  масъулияти волидайнро, аз ҷумла, модаронро дар самти ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят намудани фарзандон, хусусан таълиму тарбияи онҳо баланд намуд. Дар ин росто, мо, модарон бояд анъанаҳои хуби аҷдодонамонро дар самти тарбияи фарзандон идома диҳем. Ба онҳо касбу ҳунар омӯзем, на фақат духтарон, балки писаронамонро соҳибкасб намуда, онҳоро  барои оиладоршавӣ омода созем ва ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят созем. Дар замири  онҳо меҳру муҳаббат ба Ватан-модар, ҳисси баланди миллӣ, арҷгузорӣ ба таъхиру фарҳанги миллиро ҷой диҳем.

АМИТ «Ховар»: Таманнои Шумо ба модарони тоҷик?

Шаҳло Сайфзода: Чун дар остонаи таҷлили Рӯзи Модар қарор дорем, кулли модарон,  бонувони тоҷику тоҷикистониро бо самимияти беандоза муборакбод мегӯям. Бигузор ҳамеша чун баҳори нозанин сарсабзу зебо бошанд, тимсоли гулҳои шукуфтаи баҳорӣ табассуми зебою малеҳ аз лабонашон дур нагардад. Бигузор осмони бахту иқболи миллати мо софу беғубор бошад. Офтоби меҳру муҳаббат хонадони ҳар як модари тоҷикро ҳамеша мунаввар созад.

                                                                                           Мусоҳиб Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

Март 7, 2021 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон бо дастгири Фонди Саудии Рушд 3 лоиҳа амалӣ мегардад
Дар Душанбе нахустин маротиба Форуми байналмилалии «Digital Tajikistan» баргузор гардид
Масъалаи барқароркунии қатораи мусофирбари роҳи оҳани «Душанбе – Москва» ва хатсайрҳои байналмилалии автобусҳо баррасӣ гардид
Дар Душанбе Форуми иқтисодии СПЕКА-2024 доир мегардад
Роҳбари Гурӯҳи Бонки исломии рушд бо ордени «Дӯстӣ» қадрдонӣ карда шуд
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 рубли русӣ аз 0.1038 то 0.1055 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар ноҳияи Шоҳмансур беш аз 14 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ ҷамъоварӣ гардидааст
Ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо дар бахши энергетика ва захираҳои об тавсеа меёбад
Дурнамои муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузории Тоҷикистон ва Индонезия баррасӣ шуд
Дар Душанбе ҷаласаи даҳуми Шурои ҳамоҳангсози миллӣ оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ баргузор гардид
Дар Озарбойҷон ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар самти ҳифзи пиряхҳо таъкид гардиданд
Масъалаҳои фаъолияти дидбонгоҳҳои гумрукии наздисарҳадӣ баррасӣ шуданд