Аввалин истеъфои сармураббӣ дар лигаи олии футболи Тоҷикистон дар мавсими имсола
ДУШАНБЕ, 19.04.2021/АМИТ «Ховар»/. Сармураббии дастаи футболи Клуби марказии варзишии артиши Вазорати мудофиаи Тоҷикистон КМВА «Помир» Алиёр Ашӯрмамадов баъд аз се бохти пайҳами ин даста дар Чемпионати Тоҷикистон аз вазифаи худ канор рафт. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба иттилои саҳифаи расмии даста хабар медиҳад, мутахассиси 52-солаи тоҷик бо хоҳиши худ курсии сармураббиро тарк намудааст.
КМВА «Помир» дар оғози мавсими имсола зери роҳбарии ьАлиёр Ашӯрмамадов аз дастаҳои футболи «Файзаканд», «Эсхата» ва «Хуҷанд» мағлуб гардид.
Иҷрои вазифаи сармураббии дастаро феълан Файзалӣ Давлатов ба уҳда гирифтааст.
Ёдовар мешавем, ки соли 2019 баъд аз рафтани мутахассиси украинӣ Сергей Житскийи 63-сола Ашӯрмамадов ба мақоми сармураббии дастаи КМВА интихоб гардида буд.
КМВА «Помир» феълан баъди се бозӣ дар мавсими имсола ягон хол ба даст наоварда, дар охири ҷадвали Чемпионати Тоҷикистон бийни дастаҳои лигаи олӣ қарор дорад.
Алиёр Ашӯрмамадов 20 августи соли 1968 дар шаҳри Қурғонтеппа (ҳозира Бохтар) таваллуд шуда, дастпарвари бошгоҳи футболи “Скиф -1” мебошад. Ӯ дар давоми фаъолияти футболбозиаш дар дастаҳои «Вахш» (Қурғон-теппа, 1990), «Помир» (Душанбе, 1991—1992), «Локомотив» (Москва, 1993), «Авангард» (Коломна, 1994), «Анжи»(Махачқала, 1995—1998), «Варзоб» (Душанбе, 1999—2000), «Иртиш» (Павлодар, 2001—2002, март-июл 2005), СКА «Помир» (Душанбе, апрел-июл 2004), «Хима» (Душанбе, август 2005—2007) ҳунарнамоӣ кардааст.
Ба сифати мураббӣ таҷрибаи кориро дар дастаҳои “Помир” (ВМКБ-2008), КМВА “Помир” (Душанбе-2009), Тоҷикистон U19-2009-10, “Энергетик” (Душанбе-2010), КМВА “Помир” (Душанбе-2011-12), “Парвоз” (Б.Ғафуров-2013-14), “Далерон-Уротеппа” (Истаравшан-2015), “Ҳосилот” (Фархор-2016-17), “Панҷшер” (Ҷалолиддини Балхӣ-2018-19) пайдо кардааст.
ФОТО: ftv.tj








ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тимҳои Австралия, Ироқ ва Сингапур бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Чин иштирок дорад
ФУТБОЛ. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) ба Ҷоми ҷаҳон-2026 роҳ ёфт
Дар ноҳияи Темурмалик Мусобиқаи байналмилалии гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) баргузор мегардад
Соли 2024 Маҷмаи Умумии СММ пешниҳоди Тоҷикистон доир ба эълони Рӯзи ҷаҳонии футболро пазируфт
Ба муносибати Рӯзи телевизион, радио ва кормандони соҳаи алоқа мусобиқаҳои варзишӣ доир гардиданд
ҶОМИ ОСИЁ-2026. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) мусобиқаро бо ғалаба оғоз намуд
Ғолибони даври ҳафтуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
ҶОМИ ОСИЁ-2026. Имрӯз дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол бозии аввалро анҷом медиҳад
DUSHANBE GRAND SLAM 2026: ҷудокорони Тоҷикистон 4 медал ба даст оварданд
DUSHANBE GRAND SLAM 2026. Дар рӯзи охирини мусобиқа ҷудочиён аз рӯйи 5 вазн қувва меозмоянд
Роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон дар Конгресси 76-уми ФИФА дар Канада иштирок намуд






