Бахшида ба Рӯзи пойтахт таҳти унвони «Аҷаб шаҳри дилороӣ, Душанбе!» барномаи фарҳангӣ доир гардид

Апрель 17, 2021 18:55

ДУШАНБЕ, 17.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Майдони 800-солагии Москваи ноҳияи Шоҳмансур дар саҳни бинои Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон барномаи фарҳангӣ таҳти унвони «Аҷаб шаҳри дилороӣ, Душанбе!» ва намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ва сайёҳӣ доир гардид. Дар ҷамъомади мазкур ҳамчунин  озмунҳои касбии соҳаи тандурустӣ ва маорифи  шаҳри Душанбе — «Беморхонаи сол», «Муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарии сол», «Табиби сол», «Табиби оилавии сол», «Корманди миёнаи тибби сол», «Мураббии сол», «Омӯзгори сол», «Хонандаи сол», «Гирандагони Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе»  ва дигар озмунҳои шаҳрӣ ҷамъбаст гардида, ғолибони он дар вазъияти тантанавӣ бо мукофотҳои муқаррарнамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуданд.

Дар оғози чорабинии фарҳангӣ — фароғатӣ нахуст бо сухани ифтитоҳӣ муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Амирхон Қурбонзода баромад намуда, иштирокчиёнро аз номи Раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ хайрамақдам ва бо Рӯзи пойтахт муборакбод намуд.

Зикр шуд, ки ба шарофати сиёсати бомароми бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои созандаи самарабахши Раиси шаҳри Душанбе пойтахти Ватани азизи мо — шаҳри Душанбе рӯз ба рӯз ободу зебо гардида, ба яке аз пойтахтҳои зебои ҷаҳон табдил ёфтааст.

Сипас, дар вазъияти тантанавӣ ба ғолибони озмунҳои касбии соҳавӣ, ки то имруз гузаронида шудаанд, ҷоизаҳои шаҳрдорӣ супорида шуд.

Нахуст туҳфаҳои хотиравии арзишнок ва дипломҳо аз ҷониби намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба ғолибони Ниммарафони XI байналмилалии Душанбе-2021 дар фазои тантанавӣ супорида шуд.

Тавре хабарнигори  АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ғолибони озмуни соҳаи маориф ҳавасманд гардонида шуда, дар ин росто мураббии муассисаи таҳсилоти томактабии №132-и ноҳияи Сино Неъматзода Шаҳло ғолиби даври шаҳрии озмуни «Мураббии сол — 2020» дониста шуда, бо маблағи 10 000 сомонӣ ва диплом сарфароз гардид.Баъди баҳодиҳӣ ба донишҳои назариявӣ ва амалии довталабони озмуни “Омӯзгори сол-2020”, омӯзгори фанни химияи Муассисаи таълимии давлатии Литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе Зумратов Азизбек ғолиби даври шаҳрии озмун дониста шуда, соҳиби 10 000 сомонӣ ва диплом гардид.

Дар озмуни «Хонандаи сол» бошад, ҷоиза дар ҳаҷми 6 000 сомонӣ ва диплом ба хонандаи синфи 10-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №52-и ноҳияи И.Сомонӣ Сумая Абдулфаёзиддин супорида шуд.

Дар вазъияти тантанавӣ ғолибони озмунҳои касбии соҳаҳои тандурустии шаҳри Душанбе “Беморхонаи сол”, “Муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарии сол”, “Табиби сол”, “Табиби оилавии сол” ва “Корманди миёнаи тибби сол” ҳавасманд гардиданд.

Дар ин бахш коллективи кормандони Муассисаи давлатии “Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятӣ” ғолиби озмуни “Беморхонаи сол” дониста шуда, бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 10 000 сомонӣ сарфароз гардонида шуд.

Коллективи кормандони Муассисаи давлатии “Маркази саломатии шањрии №13” ғолиби озмуни “Муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарии сол” эълон гардида, бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 10 000 сомонӣ, ғолиби озмуни “Табиби сол” — Хоҷаев Фирдавс – табиби љарроњи Муассисаи давлатии “Маркази саломатии шањрии №15”, бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 5000 сомонӣ, ғолиби озмуни “Табиби оилавии сол” — Абдуллоева Шоира – табиби оилавии Муассисаи давлатии “Маркази саломатии шањрии №15” бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 5000 сомонӣ ва Азизова Хуршеда – ҳамшираи тиббии Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” ғолиби озмуни “Корманди миёнаи тибби сол” эълон гардида, бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 4 000 сомонӣ қадрдонӣ шуданд.

Фаъолияти самрабахши кормандони соҳаи нақлиёти пойтахт низ натиҷагирӣ карда шуда, дар озмуни «Беҳтарин корхонаи нақлиётӣ» Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Автобус-1»-и шаҳри Душанбе мақоми аввал ва соҳиби 5000 сомонӣ, Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Талко Персия» зинаи дуюм соҳиби 3000 сомонӣ ва Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Беҳруз-15» ҷойи сеюм ва соҳиби 2000 сомонӣ гардиданд.

Ғолиби озмуни «Беҳтарин ронанда» Қурбонов Бобоҷон Назарович — Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Автобус-2»-и шаҳри Душанбе дониста шуда бо 3000 сомонӣ ва диплом сарфароз гардид. Зинаи дуюм насиби Ҳамидов Талабшоҳ Фатҳуддинович — Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Сорбон-14» гардида сазовори 2000 сомонӣ ва диплом дониста шуд. Мақоми сеюмро дар озмуни мазкур Ҳалимов Акбар Абдусаломович — Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Саёҳон» касб кард ва бо 1000 сомонӣ ва диплом сарфароз гардонида шуд.

Сипас аз ҷониби роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба 170 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт, ки тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 14 апрели соли 2021, № ҳамчун барандагони стипендияи Раиси шаҳри Душанбе барои соли таҳсили 2020 – 2021 муайян шудаанд, ба ҳар кадоме маблағ барои 9 моҳи соли хониш дар ҳаҷми 2700 сомонӣ ва шаҳодатномаҳо тақдим карда шуданд.

Дар намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ва сайёҳӣ  дастранҷи   ҳунармандони тоҷик, аз ҷумла чакан, заргарӣ, кулолгарӣ, сӯзанидӯзӣ, кандакорӣ, зардӯзӣ  пешниҳоди сокинон ва меҳмонони пойтахт  гардид.

Дар барномаи фарҳангии «Аҷаб шаҳри дилороӣ, Душанбе»  ҳаваскорони ҷавон ва устодони санъати тоҷик бо суруду таронаҳои ҷолиб ҳунарнамоӣ карда, фазои идонаи базмгоҳро пуршукӯҳтар  гардониданд.

Ёдовар мешавем, ки имрӯз ҳамчунин бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон-шаҳри Душанбе таҳти унвони «Саҳми ман дар шаҳри ман» аксияи умумишаҳрии ҷавонон доир карда шуд. Аксияи мазкур  аз соати 08:00 то  10:00 баргузор  гардида, дар доираи он ҷавонон кӯчаву гулгашт, атрофи бино, хобгоҳҳо, иншооти ташкилоту муассисаҳо, шаҳраку маҳаллаҳо ва майдончаҳои варзишии пойтахтро  тозаю озода намуданд.

Мавриди ёдоварист, ки Душанбе пеш аз Инқилоби Октябр як деҳаи хурдакаки камаҳолӣ буд. Бо вуҷуди хурд буданаш дар Бухорои Шарқӣ бо бозорҳои калони хариду фурӯши мол маълуму машҳур буд. Одамон аз гирду атроф ва кӯҳистонҳои дурдаст ба ин ҷо омада, молу маҳсулоташонро мефурӯхтанду маводи рӯзғорро харида бармегаштанд.

Дар сарчашмаҳои таърихи омадааст, «Дар охири асри XIX ва аввали асри XX дар Душанбе қалъаи мир, қозихона, дорухона, шифохона ва чойхонаҳо амал мекарданд. Мардум ба соҳаҳои кишоварзӣ, ҳунармандӣ, пахтакорӣ, чорводорӣ, боғдорӣ, оҳангарӣ, кулолгарӣ, чармгарӣ ва ғайра машғул буданд».

Мояи ифтихор аст, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ шаҳри Душанбе ба таври бесобиқа рушд карда, ба яке аз шаҳрҳои зеботарини минтақа табдил ёфтааст. Бо шарофати сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои созандаи Раиси ҷавони шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ пойтахти ватани мо рӯз ба рӯз ободу зебо гардида,  макони писандидаи ҷаҳониён мегардад.

Тавре Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А.Рӯдакӣ Камол Насрулло нигоштааст: «Онҳое, ки имрӯз, баъд аз солҳои ҷудоӣ ба Душанбе меоянд, Душанбеи ба куллӣ дигар, сарсабзтару зеботару шукуфотарро меёбанд. Файзу баракати Истиқлоли давлатии Тоҷикистон симои Душанберо ба куллӣ дигар кард ва ин дигаргунӣ пайваста ҳама кишварро фаро мегирад.  Чӣ ҷойи ҳарф аз хусуси онҳое, ки чандин сол аз Душанбе дур будаанд, вақте ки худи мо — сокинони он имрӯз, агар баъд аз моҳе ба гӯшаи дигари пойтахтамон равем, онро намешиносем. Биноҳои баландошёнаи наву зебо, кӯчаву хиёбонҳои ба куллӣ аз нав бунёдшуда, боғҳои зебову гулгашту хиёбонҳои нави шукуфову сарсабз, лолазороне, ки мегӯӣ имрӯз аз афсонаҳо ба ин ҷо кӯчида бошанд, ҳама дар якҷоягӣ симои пойтахти азизамонро ба куллӣ дигар мекунанд.

Шаҳри ишқам, шаҳри бахтам, шаҳри армонам, Душанбе!
Бо ту будам, бо ту ҳастам, бо ту мемонам, Душанбе!..»

 Душанбе -пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрест дар оғӯши доманакӯҳҳои сабзу хуррам ва паҳнои водии рӯдхонаҳои хурӯшон, дар муҳити барои зиндагӣ хеле созгору писандида, ки ба василаи роҳҳои мошингард, оҳан ва ҳавоӣ тамоми гӯшаву канори мамлакатро ба ҳам мепайвандад. Дарвозаҳои бошукӯҳ дар чаҳор самти пойтахт нишони суннатҳои шаҳрсозӣ ва низоми устувори шаҳрдорӣ, сифатҳои наҷиби инсондӯстӣ, бародарӣ ва меҳмоннавозии сокинони шаҳррро таҷассум менамоянд.

Тибқи маълумоти оморӣ, ҳоло дар пойтахт фурудгоҳи байналмилалӣ, вокзали роҳи оҳан, вокзали нақлиётӣ, 37 меҳмонхона ва 57 тарабхона, 4 чойхонаи миллӣ, 32 маркази дилхушӣ, 25 бозор ва 91 маркази савдо, 26 мағозаи армуғонфурӯшӣ, 17 боғи фарҳангу фароғатӣ ва 1 боғи ҳайвонот, 14 гулгашт, 5 кӯли шиноварию истироҳатӣ, 204 кошонаи ҳусн ва 201 сартарошхона, 4 кохи фарҳангӣ ва 7 театри касбӣ, 10 осорхонаву 6 китобхона, 6 амфитеатр, 23 ёдгориҳои бостонӣ, монументалӣ ва меъморӣ, 109 ширкати сайёҳӣ, фаввораҳо дар 37 мавзеи пойтахт, 1 Қасри теннис ва маҷмааи варзишии обӣ, кохҳои «Наврӯз» «Борбад», «Ваҳдат», «Сурӯш», 306 муассисаи табобатию профилактикӣ ҷойгир буда, ҳамарӯза ба садҳо меҳмонони дохиливу хориҷӣ аз рўйи талаботи онҳо хизматрасонӣ менамоянд.

Баландтарин парчам дар ҷаҳон бо баландии 165 метр маҳз дар шаҳри Душанбе қомат афрохта, дар китоби «Рекордҳои Гиннес» сабт гардидааст, ки яке аз мавзеъҳои истироҳативу сайёҳии сокинону меҳмонони пойтахт аст.

Ҳамзамон дар пойтахт Кохи «Наврӯз», ки аз намунаҳои олии санъати шаҳрсозии муосир буда, таҷассумгари сабки хоси меъмории миллӣ ба шумор меравад, ҷойгир шудааст. Нақшу нигор ва унсурҳои фарҳанги ороишии он таърихи беш аз 6000-солаи фарҳангу тамаддуни халқи тоҷикро инъикос мекунад ва он ҳамчун муъҷизаи муосири сайёҳӣ эътироф шудааст.

Дар ин давра дар пойтахт 5 боғи нав – боғҳои фарҳангию фароғатии «Алишер Навоӣ», «Куруши Кабир», «Ҷавонон», «Аҳмади Дониш» ва «Восеъ» сохта шуда, 6 боғ – боғҳои фарҳангию фароғатии «С.Айнӣ», «Кӯли Ҷавонон», «Абулқосим Фирдавсӣ», «Хайём», «Кӯдакон» ва «А.Мироненко» пурра навсозӣ гардидаанд.

Мавриди зикр аст, ки имрӯз пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе узви Ассамблеяи байналхалқии пойтахтҳо ва бузургшаҳрҳо (МАГ), Ташкилоти байналхалқии бародаршаҳрҳо (МОГП), Ташкилоти Боулдер-Душанбе бародаршаҳрҳо (БДГП), Ташкилоти умумиҷаҳонии шаҳрҳои муттаҳида ва ҳокимиятҳои маҳаллӣ (ВО ОГМВ), узви Федератсияи умумиҷаҳонии шаҳрҳои туристӣ (WTCF) буда, айни замон бо 18 шаҳрҳои Осиё, Африқо, Аврупо, Амрико ва ИДМ муносибатҳои дӯстона ва бародарона барқарор намудааст. Ҳамчунин бо шаҳрҳои Москваи Федератсияи Россия ва Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар соҳаҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳангӣ ҳамкорӣ менамояд.

Мавриди ёдоварист, ки бо дастгирии Фонди байнидавлатии ҳамкории башардӯстонаи ИДМ 22 ноябри соли 2020 дар маҷмааи таърихию фарҳангии «Ситадел» -и шаҳри Шимкенти Ҷумҳурии Қазоқистон маросими пӯшидашавии соли «Шимкент — пойтахти фарҳангии ИДМ-2020» ва супоридани навбат ба шаҳри Душанбе барои соли 2021 баргузор гардид.

21 марти соли равон  дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо иштироки Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ  маросими ифтитоҳи расмии Пойтахти фарҳангии ИДМ-2021 эълон гардидани Душанбе  баргузор шуд.

Дар оғози барнома муовини Раиси Кумитаи иҷроия — котиби иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Бекетжан Жумангулов ва директори иҷроияи Бунёди байнидавлатии ҳамкории гуманитарии кишварҳои аъзои ИДМ Анатолий Иксанов дар бораи таърих ва аҳамияти барномаи байнидавлатии «Пойтахтҳои фарҳангии Иттиҳод» маълумоти муфассал дода, сертификати «Душанбе-пойтахти фарҳангии Иттиҳод-2021»-ро ба Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ супориданд.

Раиси шаҳри Душанбе  Рустами Эмомалӣ зимни суханронии худ намояндагони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, бародаршаҳрҳо, намояндагиҳои корпуси дипломатӣ, созмонҳои байналмилалии муқими шаҳри Душанбе ва меҳмонону иштирокдорони барномаи мазкурро ба пойтахти Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, барои интихоби Душанбе ва Пойтахти фарҳангии ИДМ эълон намудани он ба роҳбарону  масъулини ин барномаи байнидавлатӣ  изҳори сипос намуданд.

Сипас, ба ширкаткунандагони маросими мутантан ба муносибати  Пойтахти фарҳангии Иттиҳод (ИДМ) эълон гардидани Душанбе филми кутоҳе дар бораи дастовардҳои пойтахти  Тоҷикистон  ва  баномаи мусиқӣ иборат аз суруду таронаҳои дилангез дар иҷрои  устодони санъати мамлакат ва кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  пешниҳод карда шуданд.

Бо ҳамин чорабиниҳо дар чорчӯбаи «Душанбе-пойтахти фарҳангии Иттиҳод-2021» расман оғоз гардиданд.

Фирӯза ДАВЛАТОВА,
АМИТ «Ховар»

Апрель 17, 2021 18:55

Хабарҳои дигари ин бахш

«БОНУИ ҲУНАР». Дар Душанбе 30 нафар занону духтарон даври омӯзишии дӯзандагӣ ва қаннодиро хатм намуданд
Ҳайати меъморон ва сохтмончиёни вилояти Фарғонаи Узбекистон барои омӯзиши таҷрибаи шаҳрсозӣ ба Душанбе омад
Иҷлосияи бисту якуми маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум баргузор мегардад
Кормандони Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Шоҳмансур дар рӯзҳои сарди зимистон шабонарӯзӣ фаъолият менамоянд
Кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин менамоянд
Озмуни «Беҳтарин маводи телевизионӣ, матбуотӣ ва радиоӣ дар бораи шаҳри Душанбе» ҷамъбаст гардид
Иҷлосияи ғайринавбатии бистуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум баргузор гардид
ДУШАНБЕ – ШАҲРЕ, КИ ҲАР РӮЗУ СОАТ ЗЕБОТАРУ ДИЛРАБОТАР МЕШАВАД. Дар пойтахт бунёди 9 роҳи дусатҳаи дигар ба нақша гирифта шудааст
Доир ба нақши Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими давлатдории навини тоҷикон конференсия баргузор гардид
Иҷлосияи ғайринавбатии бистуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум баргузор мегардад
ЗАХИРА БАРОИ ЗИМИСТОН. Дар сардхонаҳои махсуси шаҳри Душанбе 18 238,3 тонна маҳсулоти хӯрокворӣ захира гардидааст
Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе