Дар Душанбе даври шаҳрии Фестивали ҳунарҳои мардумӣ таҳти унвони «Ҳунар беҳтар аз зар бувад» доир мегардад

Апрель 13, 2021 11:17

ДУШАНБЕ, 13.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баҳри  гузаронидани  даври шаҳрии Фестивали  ҳунарҳои мардумӣ таҳти унвони «Ҳунар беҳтар аз зар бувад»  9970 (нуҳ ҳазору нуҳсаду ҳафтод) сомонӣ ҷудо намуд. Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ  ҳайати Кумитаи тадорукот ва  нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ва баргузории фестивали мазкур  тасдиқ гардиданд.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод  гардид.

Тибқи қарори мазкур Раиси шаҳри Душанбе  масъулинро  вазифадор намуданд, ки ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ ва ғоявӣ баргузор намудани фестивали ҳунарҳои мардумӣ таҳти унвони «Ҳунар беҳтар аз зар бувад» тадбирҳои дахлдор андешанд.

Фестивал бо мақсади иҷрои Нақшаи баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018 тасдиқ гардидааст, роҳандозӣ мегардад.

Мавриди зикр аст, ки  бо ташаббус ва дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистон эҳё гардида, босуръат рушд намуда истодааст. Бо ташаббуси Президенти мамлакат  ҳунармандон аз андозҳо озод карда шуда, қарзҳои имтиёзнок   ба ҳунармандон ва соҳибкорон муқаррар гардид.

Натиҷаҳо нишон дод, ки дар ин муддат бисёре аз ҳунарҳои мардумӣ эҳё шуда, сафи соҳибкорон ва ҳунармандон афзудааст. Тибқи маълумотҳои дастрасгардида, айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 7000 ҳунармандон фаъолият намуда, аз имтиёзҳои андозии фароҳамовардаи Ҳукумати мамлакат истифода намуда истодаанд.

Имрӯзҳо бо мақсади пайдо намудани бозорҳои нави маҳсулоти ҳунармандӣ, дастранҷи истеҳсолнамудаи ҳунармандони кишвар дар як қатор намоишгоҳҳои байналмилалӣ, аз ҷумла дар Британияи Кабир, Малайзия, Америка, Франсия, Кореяи Ҷанубӣ, Арабистони Саудӣ, Амороти Муттаҳидаи Араб, Қатар, Юнон, Германия, Испания, Белгия, Туркия, Федератсияи Россия, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва дигар давлатҳои хориҷи дуру наздик ба намоиш гузошта шуда, харидорони худро пайдо намудаанд.

Аксҳо аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Апрель 13, 2021 11:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ — фароғатии «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мешавад
Дар 4 ноҳияи шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ташкил карда мешавад
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол байни занону духтарон ҷамъбаст шуд
Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Озмуни ноҳиявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид
«МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ». Дар Душанбе Рӯзи модарро ботантана таҷлил намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Маросими қадршиносии беҳтаринҳо дар соҳаҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе баргузор гардид
МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ. Дар ноҳияи Шоҳмансур ҳамоиши идонаи фарҳангӣ – фароғатӣ доир шуд
УФУҚҲОИ ДӮСТӢ. Муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Боку тақвият меёбад
«ЗАН-МОДАР — ПАЙВАНДГАРИ НАСЛҲО». Дар Душанбе ҳамоиши маърифатӣ — фарҳангӣ доир гардид