Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парлумонӣ доир шуд

Апрель 29, 2021 16:11

ДУШАНБЕ, 29.04.2021 /АМИТ  «Ховар»/. Имрӯз тибқи нақшаи чорабиниҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2021 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» зикр гардидаанд, бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагон,  роҳбарони Вазорати молия, Бонки миллии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ» муҳокимаи парлумонӣ баргузор гардид.

Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар назди иштирокчиёни ҷаласа раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Файзулло Машраб иброз намуд, ки «Стратегияи рушди низоми пардохти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2025» бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2014, тасдиқ карда шуд.

Стратегия аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо ҳамаи тарафҳои манфиатдор таҳия шуда, татбиқи он дар асоси нуҳ нишондиҳандаи асосии мониторинг дар якҷоягӣ бо мақомоти дахлдори давлатӣ ва иштирокдорони бозори хизматрасониҳои пардохтӣ амалӣ гардида истодааст.

Дар давраи солҳои 2015-2020 бандҳои нишондиҳандаҳои асосии мониторинги татбиқи Стратегияи рушди низоми пардохтии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2025 пурра ё қисман иҷро гардиданд.

Ҳамин тавр, иҷрои нишондиҳандаҳои асосии мониторинги татбиқи Стратегияи рушди низоми пардохтии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2025 66,7 фоизро ташкил намуда, 33,3 фоизи боқимонда дар давраи солҳои 2021-2025 пурра иҷро мегарданд.

Дар заминаи татбиқи Стратегия ҷиҳати муайян намудани асосҳои ҳуқуқию ташкилии фаъолияти низоми пардохтӣ ва тартиби пешниҳод намудани хизматрасониҳои пардохтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ” 24 феврали соли 2017 қабул гардид.

Мутобиқи моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ” санади меъёрии “Тартиби гирифтани иҷозатнома барои фаъолияти оператори низоми пардохтӣ” бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2017 тасдиқ шуд. Ба Тартиби мазкур 2 маротиба тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд.

Давоми солҳои 2017 – 2020 шумораи терминалҳои электронӣ дар нуқтаҳои савдою хизматрасониҳои ҷумҳурӣ 5,4 маротиба афзоиш ёфта, аз 700 адад ба 3 811 адад расонида шуд. Аз шумораи умумии терминалҳои электронии дар нуқтаҳои савдою хизматрасонии ҷумҳурӣ мавҷуда, 2 126 адади он ба шаҳри Душанбе, 256 адад ба вилояти Хатлон, 1 071 адад ба вилояти Суғд, 192 адад ба ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва 166 адад ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рост меоянд.

Дар асоси моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ” санади меъёрии “Тартиб оид ба ҷалби агентҳои бонкии пардохтӣ ва амалисозии назорати риояи шартҳои ҷалби онҳо” бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон 12 апрели соли 2018  тасдиқ гардид.

Тибқи ҳисоботи ташкилоти қарзии молиявӣ, ба ҳолати 31 декабри соли 2020 аз ҷониби ташкилоти қарзӣ 14 адад агентҳои бонкии пардохтӣ ва дар навбати худ аз ҷониби агентҳои мазкур 237 адад субагентҳои бонкии пардохтӣ барои анҷом додани хизматрасонии қабули пардохтҳо ҷалб гардидаанд.

Бо мақсади рушди минбаъдаи низоми ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва вусъат додани истифодаи воситаҳои электронии пардохтӣ ҳангоми ҳисоббаробаркуниҳо дар муомилоти пулии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар доираи Гурӯҳи кории байниидоравӣ лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” таҳия шуда, 30 ноябри соли 2018  қабул гардид.

Дар асоси муқаррароти қисми 16 моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ” қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Тартиби қабули маблағҳои андоз, боҷҳо, пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет ва маблағҳои дигари буҷети давлатӣ тавассути терминалҳо ва терминалҳои худкори худхизматрасон” аз 2 майи соли 2019  қабул гардид.

Тартиби мазкур ба мақомоти давлатӣ имконият медиҳад, ки дар асоси озмун (тендер) як ё якчанд ташкилоти қарзии боэътимодро интихоб намуда, раванди қабули маблағҳои андоз, боҷҳо, пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет ва маблағҳои дигари буҷети давлатиро тавассути шабакаи терминалҳо ва терминалҳои худкори худхизматрасони ташкилоти қарзӣ роҳандозӣ намоянд.

Дар доираи лоиҳаи грантии Бонки ҷаҳонӣ “Баланд бардоштани рақобатнокии бахши хусусӣ” (қисмати 4 “Рушди инфрасохтори молиявӣ”) Низоми автоматишудаи байнибонкии интиқоли маблағҳо (НАБИМ) татбиқ шуда, аз 19 июли соли 2019 дар Бонки миллии Тоҷикистон ба фаъолият шурӯъ намуд. НАБИМ дар асоси технологияҳои муосир сохта шуда, ба стандартҳои маъмули ҷаҳонӣ ҷавобгӯ мебошад ва дорои якчанд бартарият, аз қабили идоракунии навбатнокии пардохтҳо, набудани маҳдудият ба шумораи пардохтҳо давоми рӯзи амалиётӣ, дорои модулҳои муосири интиқоли пардохтҳо дар реҷаи вақти воқеӣ, клиринг ва пардохтҳои босуръат мебошад.

Айни замон 39 иштирокчӣ ба НАБИМ пайваст буда, аз 18 бонк, 18 ташкилоти амонатии қарзии хурд, Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки байнидавлатӣ дар ш. Москва ва филиали Бонки “Тиҷорат”-и Ҷумҳурии Исломии Эрон иборат мебошад.

Мутобиқи талаботи моддаи 28 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ” санади меъёрии ҳуқуқии “Тартиби пешниҳоди ҳисобот оид ба фаъолияти низоми пардохтӣ” бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 5 июли соли 2019  тасдиқ шуд.

Санади меъёрии мазкур бо мақсади амалисозии назорати низомҳои пардохтӣ таҳия шуда, тартиби аз ҷониби операторони низоми пардохтӣ пешниҳод намудани ҳисобот оид ба фаъолияти низоми пардохтӣ ва иштирокчиёни он, шакл, муҳлат ва усули таҳияи ҳисоботи мазкурро муқаррар менамояд.

Дар асоси моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ” санади меъёрии ҳуқуқии «Тартиби ҳисобгирӣ ва интиқол додани маблағҳои электронӣ» бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 24 октябри соли 2019  тасдиқ гардид.

Инчунин бо дастрасии моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ” аз оғози соли 2019 операторҳои алоқаи мобилӣ низ дар якҷоягӣ бо ташкилоти қарзии молиявӣ инфрасохтори зарурии пардохтиро барои қабули маблағҳои пардохти молу хизматрасониҳо ба таври ғайринақдӣ тавассути ҳамёнҳои электронӣ роҳандозӣ намуда истодаанд.

Бо истифода аз маблағҳои электронӣ муштариён имконият пайдо карданд, ки якчанд хизматрасониҳоро тавассути телефонҳои мобилӣ (смартфонҳо) ба таври ғайринақдӣ пардохт намоянд. То 31 марти соли 2021 теъдоди умумии ҳамёнҳои электронии ташкилоти қарзии молиявӣ 2 221 924 ададро ташкил дода, моҳҳои январ-марти соли 2021 тавассути ҳамёнҳои электронӣ 5,5 млн. адад амалиёти пардохти ғайринақдӣ ба маблағи 233,5 млн. сомонӣ анҷом дода шуданд. Дар муқоиса нисбат ба ҳамин санаи соли 2020 теъдоди умумии ҳамёнҳои электронии ташкилоти қарзии молиявӣ 1 706 488 адад (4,3 маротиба) афзудааст.

Файзулло Машраб ҳамчунин таъкид намуд, ки суратҳисобҳои шахсони воқеӣ-5,01 млн адад, аз ҷумла бо дастрасии фосилавӣ 3,2 млн, аз ҷумла кортҳои пардохтии бонкӣ 3,25 млн, банкоматҳо-1281, терминалҳо дар низоми пардохтӣ 1899, терминалҳо дар низоми савдою хизматрасонӣ 3811, QR-рамзҳо 5266, ҳамёнҳои электронӣ 1,71 млн. мебошанд.

Ташкилоти қарзии молиявӣ бо мақсади рушди хизматрасониҳои фосилавии бонкӣ ва зиёд намудани ҳиссаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, дар муассисаҳои савдо ва хизматрасонӣ фаъолона QR-рамз насб карда истодаанд, ки аз ҷиҳати хароҷот ва дастгирии техникӣ назар ба терминалҳои электронӣ нисбатан камхарҷ буда, барои истифодабарандагони он имконияти васеътарро барои пардохтҳои ғайринақдӣ фароҳам меоранд.

Дар назди ҳозирин ҳамчунин муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Карим Гулмуродзода, муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Моҳбону Накҳатзода, муовини раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нарзулло Маликзода ва сардори Раёсати батанзимдарории таърифию гумрукӣ ва назорати арзии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Изатулло Зайдуллозода сухан гуфтанд.

Дар интиҳо аз рӯи масъалаи баррасишуда қарори дахлдор қабул карда шуд.

Апрель 29, 2021 16:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба иҷрои Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ муҳокимаи парлумонӣ доир шуд
Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода бо сенатори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Стив Дейнс мулоқот намуд
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи 57-уми пленарии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии ИДМ иштирок намуданд
Дар Маҷлиси намояндагон Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Рустами Эмомалӣ бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко мулоқот намуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Парламенти Қазоқистон Маулен Ашимбаев мулоқот анҷом доданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи навбатии Шурои Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ иштирок намуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Санкт-Петербурги Русия шуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба шаҳри Санкт-Петербурги Русия рафтанд
Маҳмадтоир Зокирзода дар шаҳри Боку дар ҷаласаи ниҳодҳои парламентӣ иштирок намуд
«ПЕШВОИ САНГАРШИКАНИ МИЛЛАТСОЗ». Дар Душанбе китоби нав рӯнамоӣ гардид