Дар маъракаи хуррамгардонӣ дар ноҳияи Ш.Шоҳин 2000 дона гули садбарг ва 5000 дона гулҳои мавсимӣ мешинонанд
Ш.ШОҲИН, 20.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ҷиҳати сари вақт ба анҷом расонидани нақшаи сабзазоркунӣ, ниҳолшинонӣ, ҳифзи муҳити зист ва саҳмгузорӣ дар ободонии диёр дар мавсими ниҳолшинонии имсола 2100 бех арчаи ардаҷу сарвиноз, 700 бех ниҳоли тут, 2000 дона гули садбарг ва 5000 дона гулҳои мавсимии ҳархела вориди ноҳия ва дастраси ташкилот, муассиса ва ҷамоатҳои деҳот гардонида шуданд.
Бино ба иттилои мудири бахши мазкур Ҷалолхон Абдуллозода, бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин аз ҷониби бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия маъракаи ободонию хуррамгардонӣ идома дошта, масъулин дар роҳраву гулгаштҳо ба шинонидани ниҳолҳои ҳамешасабз ва гулҳои гуногун машғул мебошанд.
Дар ноҳия дар мавсими тирамоҳи соли 2020 ва баҳори соли 2021 шинонидани 10500 бех ниҳоли сояафкан, ороишӣ ва ҳамешасабз пешбинӣ шуда буд, ки иҷрои он имрӯз 10900 бехро ташкил дода, ба 103 фоизи нақша баробар аст.
Маъракаи ниҳолшинонӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия идома дошта, дар ин самт аз ҳисоби мутахассисону шахсони масъул ситоди ноҳиявӣ ташкил гардидааст.








«КИШВАРИ САБЗ». Дар Мурғоб беш аз 3 ҳазор бех ниҳоли дарахтони сояафкан шинонида шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд






