Дар Тоҷикистон аввалин намоишгоҳ-ярмаркаи «Study in Ukraine» баргузор гардид

Апрель 6, 2021 16:53

ДУШАНБЕ, 06.04.2021/АМИТ «Ховар»/.  Аз 30 март то 1 апрел дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур аввалин намоишгоҳ-ярмаркаи «Study in Ukraine» дар Тоҷикистон бо иштироки 90 нафар намояндаи Вазорати маориф ва илми Украина ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии он бо роҳбарии Вазири маориф ва илми ин кишвар  Сергей Шкарлет баргузор гардид.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии Украина аз муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуда, дар самти ба роҳ мондани ҳамкории дуҷониба ва вусъат бахшидани муносиботи минбаъда  табодули назар намуда, якчанд созишномаҳои ҳамкории байнидонишгоҳӣ ба имзо расониданд. Аз ҷумла, бо Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 11 созишномаи ҳамкорӣ, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ 13 созишнома, Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон 2 созишнома, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ 5 созишнома, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур 35 созишнома, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон 8 созишнома, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 12 созишнома, Донишгоҳи давлатии Данғара 45 созишнома, Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат 13 созишнома, Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов 1 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расиданд.

Нахуст дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти расмии Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода ва Вазири маориф ва илми Украина Сергей Шкарлет баргузор гардид, ки дар он вобаста ба ҳамкории ҷойдошта дар соҳа, аз ҷумла зиёд намудани теъдоди бурсияҳо барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, табодули таҷрибаи профессорону омӯзгорон, эътирофи ҳуҷҷатҳои намунаи давлатӣ, дараҷа ва унвонҳои илмӣ ва ғайра табодули назар карда шуд.

Сипас, маросими ифтитоҳи аввалин намоишгоҳ-ярмаркаи «Study in Ukraine» дар Тоҷикистон дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур сурат гирифт, ки дар он вазирони маориф ва илм, Сафири Украина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Василий Серватюк, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳо, инчунин донишҷӯёну хонандагони муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат намуданд.

Дар намоишгоҳ-ярмаркаи мазкур Донишгоҳи миллии нафту гази Ивано-Франковск, Донишгоҳи миллии савдо ва иқтисоди Киев, Донишгоҳи миллии сохтмон ва архитектураи Киев, Донишгоҳи миллии технология ва дизайни Киев, Донишгоҳи давлатии иқтисод ва технология (Кривой Рог), Донишгоҳи миллии Кривой Рог, Донишгоҳи миллии техникии Лутск, Донишгоҳи миллии авиатсия, Донишгоҳи миллии техникии «Институти политехникии Харков», Донишгоҳи миллии политехникии Лвов, Донишгоҳи миллии политехникии ба номи Юрий Кондратюк, Донишгоҳи миллии политехникии Чернигов, Донишгоҳи миллии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, Донишгоҳи миллии Прекарпатия ба номи  В. Стефаник, Донишгоҳи давлатии Сум, Донишгоҳи миллии аграрии Сум, Донишгоҳи миллии Ужгород, Донишгоҳи миллии автомобилӣ ва шоҳроҳи Харков, Донишгоҳи миллии Черкас, Донишгоҳи ба номи Петро Магила, Донишгоҳи Алфред Нобел, Донишгоҳи давлатии технологияҳои зеҳнӣ ва коммуникатсия, Донишгоҳи миллии идоракунии об ва идоракунии муҳити зист, Донишгоҳи давлатии Нижин ба номи Николай Гогол, Донишгоҳи гумрук ва молия, Донишкадаи тиббии анъанавӣ ва алтернативии тиббии Днепр, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Умон, Донишгоҳи миллии хоҷагии шаҳри Харков ба номи Бекетов, Донишгоҳи миллии Украинаи Ғарбӣ, Донишгоҳи давлатии Сумии ба номи Макаренко, Донишгоҳи аграрии Одесса, Донишгоҳи давлатии экологии Одесса, Донишгоҳи миллии аграрии Белосерковский, Донишгоҳи давлатии технологии Черкасс, Донишгоҳи миллии омӯзгории ба номи Драгоманов, Донишгоҳи миллии киштисозии ба номи адмирал Макаров, Донишгоҳи давлатии технологияҳои кимиёвии Украина, Академияи миллии мусиқии Украина ва чанде дигар ширкат карда, дастовардҳои худро муаррифӣ намуданд.

Ҳамчунин дар ин рӯз дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон вохӯрии Вазири маориф ва илми Украина бо хатмкунандагони муассисаҳои таълимии Украина, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазифаҳои гуногун фаъолият менамоянд, баргузор гардид.

Дар баробари ин, ҳайати бисёрнафараи иштирокдорони намоишгоҳ-ярмарка аз ҷойҳои таърихию фарҳангии шаҳри Норак ва ноҳияи Данғара дидан намуданд.

Зимни чорабиниҳои доиргардида дар доираи намоишгоҳ-ярмарка ба як гурӯҳ иштирокчиён-намояндагони Вазорати маориф ва илми Украина ва ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Украина нишони «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон», «Ифтихорнома»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва туҳфаҳои рамзӣ тақдим карда шуданд. Ҳамчунин барои дар сатҳи баланд истиқбол ва баргузор намудани ярмарка-намоишгоҳ ва ҳамкории судманд ба Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюуф Имомзода ва муовини Вазири маориф ва илм Д.Қодирзода нишони «Аълочии маориф ва илми Украина» тақдим карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва илм бо Украина дар асоси «Созишнома миёни Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Украина оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф» аз 9 апрели соли 2003 ва санадҳои ҷаласаи ҳамасолаи Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Украина оид ба ҳамкории иқтисодӣ ба роҳ монда шудааст.

Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси созишномаҳои дуҷонибаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ тибқи бурсия ба хориҷи кишвар ба таҳсил фиристонидани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Ҳамасола дар доираи ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва илм ҷонибҳо 20 бурсия барои таҳсили шаҳрвандони якдигар дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҷудо менамоянд.

Вазорати маориф ва илми Украина дар соли таҳсили 2020-2021 барои таҳсили шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии ин кишвар дар зинаҳои бакалавр ва магистратура 20 бурсия (15 бакалавр, 5 магистратура) ҷудо намуд.

Ҳамчунин аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Украина дар соли таҳсили 2021-2022 барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 бурсия дар бахшҳои бакалавр ва магистр аз рӯи ихтисосҳои техникӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ пешниҳод шудааст.

Шумораи донишҷӯёни тоҷик дар панҷ соли охир дар муассисаҳои таҳсилоти олии Украина 194 нафарро ташкил медиҳад.

Фирӯзаи ДАВЛАТ,
АМИТ «Ховар»

 Аксҳо аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 6, 2021 16:53

Хабарҳои дигари ин бахш

БУЗУРГИИ САНЪАТ ДАР МУСИҚӢ ВОЗЕҲТАР ИФОДА МЕЁБАД. Дар Душанбе консерти ғайриодӣ баргузор хоҳад шуд, ки ташкили онро расо даҳ сол пеш Пешвои миллат шахсан пешниҳод карда буданд
Дар Бӯстон ба ифтихори 110-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода рамзи ҷашнӣ гузошта шуд
Жириновский гуфт, ки интиқоди ӯ аз композитсияи «Зани рус» ба матни суруд дахл дорад, на ба миллати овозхон Манижа
«Тасвири об дар асарҳои рассомони Тоҷикистон». Таҳти чунин унвон дар Осорхонаи таъриху кишваршиносии шаҳри Кӯлоб намоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон навсозии заминаи моддӣ ва техникии муассисаҳои таълимии омӯзиши ибтидоии касбӣ идома дорад
11 апрел даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии гулҳо — «Сайри гули лола» бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мешавад
Имсол барои баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 2 835 000 сомонӣ ҷудо мегардад
«Мисгарӣ — бозгӯи рамзҳо, эътиқод ва анъанаҳои мардумӣ». Таҳти чунин унвон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиш оғоз шуд
Навори видеоии Манижа дар шабакаи «Евровидение» миёни иштирокчиёни соли 2021 аз ҳама бештар машҳур шуд
МУШКИЛОТИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ НОҲИЯИ ТОҶИКОБОД. Чаро сохтмони мактаби №6, ки қариб 20 сол пеш оғоз шуда буд, анҷом намеёбад?
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» – ФАРОТАР АЗ ЯК РӮЗНОМА. Имрӯз «ҶТ» 91-сола шуд
Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Асалбегим Саодатова дар 71-солагӣ аз олам даргузашт

Маводҳои таҳлилӣ