Дар Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи илми тоҷик шабакаи «Илм ва табиат» ба фаъолият оғоз менамояд

Апрель 14, 2021 12:10

ДУШАНБЕ, 14.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи илми тоҷик имрӯз дар маҷлисгоҳи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд.

Дар ҳамоиш муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён  зикр намуд, ки «таҷлили Рӯзи илм тафсири он аст, ки фазои маърифативу маънавии кишвари соҳибтамаддун ва соҳибфарҳанги мо дар ҳазорсолаи нави таърихӣ боз ҳам рӯ ҷониби эҳёи падидаҳои фарҳанги миллӣ дорад. Пешвои миллат олимону муҳаққиқонро, ки ҷузъи аслии зиёиёни мамлакат маҳсуб меёбанд, равшангарони ҷомеа унвон кардаанд. Ин, пеш аз ҳама, ба он марбут аст, ки шумо тавассути нури хираду заковати таҷассумёфта дар осору китобҳо ҷомеаро ба сӯи қуллаҳои баланди илму ирфон ҳидоят мекунед».

Мояи хурсандист, ки олимону муҳаққиқони  мо, хосса донишмандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар таҳқиқу нигориши таърихии дирӯзу имрӯзи миллат, бахусус падидаҳои таърихи навини Тоҷикистон  ва рушди навовариву ихтироъкорӣ хизмати арзанда мегузоранд,- гуфт Матлубахон Сатториён.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ ҳамагонро бо Рӯзи илми тоҷик  табрик намуда,  зикр дошт, ки «ин санаи таърихӣ танҳо дар натиҷаи фаъолияти илмии ходимони илмӣ метавонад  дар зеҳни шаҳрвандон сабти ном шавад. Ин ҳам ба шарте, ки агар олимони мо дар рушди илм ва ҷаҳонбинии илмӣ саҳми беназир гузоранд».

Ба зикри мавсуф, масъулияти олимон дар назди миллату меҳан бинобар «миллӣ» номгузорӣ шудани Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон  дучанд афзудааст.

«Моро зарурат пеш омадааст, ки беш аз пеш дар рушди илми тоҷик саҳми хешро гузорем. Зеро таъмини рушди илм пешрафти мамлакат маҳсуб мешавад»,- гуфт Фарҳод Раҳимӣ.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон  ҳамчунин афзуд, ки имрӯз фаъолияти  Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон   аз ҷониби Пешвои миллат ҳамаҷониба дастгирӣ меёбад ва худи баргузории озмуни навбатии «Илм- фурӯғи маърифат» бозгӯи он аст, ки Сарвари давлат ба рушди илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиатшиносӣ аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд.

-Мояи хушнудист, ки дар Рӯзи илми тоҷик шабакаи «Илм ва табиат» ба фаъолияти худ оғоз мекунад. Фикр мекунам, ин шабака минбари саривақтӣ ва хуб буда, олимони тоҷик метавонанд дар ин ҷо заҳматҳо ва натиҷаи таҳқиқоти худро ба ҷомеаи Тоҷикистон муаррифӣ намоянд ва дар роҳи тарбияи насли наврас саҳми назаррас гузоранд,-гуфт мавсуф.

Ёдовар мешавем, ки  бахшида ба Рӯзи илми тоҷик субҳи имрӯз  аз ҷониби олимону аҳли кормандони Академияи миллии илмҳо дар пояи нимпайкараҳои олимони барҷастаи тоҷик: Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров,  Муҳаммад Осимӣ ва дигарон гулчанбарҳо гузошта шуданд.

 

Холисаи АСОМИДДИН,
АМИТ «Ховар»

Апрель 14, 2021 12:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе дуюмин Синамоҷашнвораи байналмилалӣ «Тоҷи сомон» баргузор мегардад
Дар театри Муҳаммадҷон Қосимов намоишномаи «Ман Таҳминаам…» аз рӯи достони «Шоҳнома» пешниҳод мегардад
Бо ташаббуси Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ дар ноҳияи Ховалинг Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта шуд
Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло: «Ҳақиқат ин аст, ки Пешвои миллат ваҳдатро бунёд гузошту таҳким доду қавӣ сохт»
Дар Осорхонаи миллӣ гӯшаи доимоамалкунандаи «Ваҳдати миллӣ» ташкил гардидааст
Тамоми комёбиҳои миллат ва саодати рӯзгори мардум аз иттиҳоди миллӣ ибтидо мегирад
«ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТ». Дар Вазорати фарҳанг ҳамоиши илмӣ доир гардид
Таҳти унвони «Қисса ва ҳикояҳо» китоби Абдурофеъ Рабизода нашр гардид
«ДАР МЕҲМОНИИ ДУШАНБЕ». Фестивали байналмилалии эҷодиёти бадеии кӯдакон ва наврасони ИДМ оғоз гардид
Дар Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ таҳти унвони «Ваҳдати миллат — бақои миллат!» ҳамоиш баргузор шуд
Дар ёдгории Ҳалқаҷари ноҳияи Хуросон бозёфти нодири таърихӣ — «обкӯзаи хонуми Сагкин» кашф гардид
«Душанбе — нусхае аз биҳишт». Таҳти ин унвон дар васфи пойтахти Тоҷикистон китоб ба нашр расид