Гурӯҳи кории байниидоравӣ дар Душанбе ҷараёни иҷрои се барномаи соҳавиро таҳлил намуд
ДУШАНБЕ, 29.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Таҳлил ва баҳодиҳии се барномаи соҳавӣ дар ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба гузаронидани таҳлил ва баҳодиҳии ҷараёни иҷрои барномаҳои соҳавӣ ва минтақавӣ дар соли 2021, ки таҳти роҳбарии муовини аввали Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Ашӯрбой Солеҳзода бо иштироки намояндагони вазорату идораҳо доир гардид, дар Душанбе баррасӣ шуд.
Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савои ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад.
Иштирокдорони ҷаласа «Барномаи ислоҳоти оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2025», «Барномаи маҷмӯи рушди тарбияи чисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021» ва «Барномаи рушди Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022»-ро матраҳ намуданд.
Барномаҳои соҳавиро муовини якуми Вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ Ҷамшед Шоҳимзода, муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати мамлакат Ризо Назарзода ва муовини якуми Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Ҳотамшо Латифзода тавзеҳ доданд.
Доир ба масъалаҳои матраҳгардида мубодилаи афкор сурат гирифта, аз натиҷаи он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузоришҳои дахлдор пешниҳод карда мешаванд, хабар медиҳад манбаъ.
АКС аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ.








Ҳавопаймои нави «Boeing 737-8 MAX»-и «Сомон Эйр» дар Душанбе муаррифӣ гардид
Дар деҳаи Рожи ноҳияи Шуғнон неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 3 мегаватт бунёд карда мешавад
Дар минтақаи Кӯлоб дар 204,7 гектар ҷангалзори нав бунёд гардид
Дараи Камароб дорои захираҳои нодири агробиологӣ ва имконияти васеи рушди кишоварзии кӯҳистон аст
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар шаҳри Конибодом кишти такрорӣ идома дорад
Ҷалби сармоя ба соҳаи энергетикаи Тоҷикистон бо намояндагони ширкати «Рокс Групп»-и Ветнам баррасӣ гардид
Оғози хизматрасонии байналмилалии пардохтии Apple Pay дар Тоҷикистон баррасӣ шуд
Корхонаи коркарди партовҳои сахти маишӣ ва истеҳсоли неруи барқ бунёд карда мешавад
Дар минтақаҳои ҳавзаи дарёҳои Қаратоғ ва Зарафшон қариб 95 фоизи захираи барфи мавсимӣ об шудааст
Дар доираи татбиқи 6 созишномаи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор ҷойи нави кор таъсис дода мешавад
Ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар вилояти Хатлон беш аз 17 миллиард сомониро ташкил медиҳад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Файзобод дар шаш моҳ 10,6 миллион сомонӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ равона гардидааст






