Имрӯз ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум доир шуд
ДУШАНБЕ, 16.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид.
Тавре аз дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷаласаи имрӯза аъзои Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмӯъ 17 масъала, аз ҷумла Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», қонунҳои мукаммали Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон», 7 қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунанда, лоиҳаҳои қарорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тағйир додани сарҳади ноҳияҳои Шоҳмансур, Фирдавсӣ, Сино ва Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, иваз намудани номи баъзе воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва маҳалҳои аҳолинишини ноҳияҳои вилояти Хатлон ва ноҳияи Тоҷикобод, аз вазифаи судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Абдуллозода Лутфулло Иззатулло, инчунин дигар масъалаҳои ташкилиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Аз рӯи натиҷаи баррасии масъалаҳои рӯзномаи ҷаласаи Шӯро қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.
Бо ҳамин ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кори худ хотима бахшид.
Аксҳо аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ









Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид






