Навори видеоии Манижа дар шабакаи «Евровидение» миёни иштирокчиёни соли 2021 аз ҳама бештар машҳур шуд
ДУШАНБЕ, 05.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Навори видеоии овозхони 29-сола Манижа ба суруди Russian Woman («Зани рус»), ки бо он Россияро дар 65-умин озмуни байналмилалии «Евровидение-2021» дар Роттердами Нидерландия муаррифӣ хоҳад кард, дар шабакаи расмии ҳунарнамоӣ дар YouTube миёни 39 клипи иштирокчиёни намоиши имсола аллакай беш аз 6,7 миллион тамошобин пайдо карда, дар байни онҳо машҳуртарин шудааст. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС иттилоъ медиҳад, дар ин бора маълумоти видеохостинг шаҳодат медиҳад.
Иштирокчии россиягӣ тавонист аз пешсафи қаблӣ — гурӯҳи сербии Hurricane бо суруди Loco Loco пеш гузарад. Ҳоло навори ин дастаро зиёда аз 6,6 миллион истифодабаранда тамошо кардаанд.
Наворҳои овозхонҳо Эфендӣ аз Озарбойҷон ва Destiny аз Малтаро беш аз 2,5 миллион истифодабаранда тамошо кардаанд.
Қаблан рекордсмени мутлақи канали расмии “Евровидение” видеои гурӯҳи русии Little Big бо суруди Uno шуда буд ва даста мебоист кишвари худро дар намоиш соли 2020 муаррифӣ мекард. Озмун бо сабаби пандемияи коронавирус лағв шуд. Дар айни замон ин клипро тақрибан 195 миллион маротиба тамошо кардаанд.
Ёдовар мешавем, ки овозхон Манижа ҳангоми интихоби миллӣ, ки 8 март дар мавҷи “Шабакаи якум” баргузор шуд, ба ҳайси намояндаи Россия дар “Евровидение” интихоб шуд. “Шабакаи якум” зикр кард, ки ҷараёни овоздиҳӣ аз санҷиши аудитии EY гузаштааст. Тибқи изҳороти “Шабакаи якум”, ширкат мувофиқати раванди овоздиҳӣ ва ҳисобкунии овозҳоро ба қоидаҳои интихоб тасдиқ кардааст.
Озмуни байналмилалии «Евровидение» аз 18 то 22 май дар Роттердам таҳти шиори «Боз шав» баргузор мешавад. Иштирокчии Россия таҳти рақами сеюм дар нимфинали аввал баромад мекунад.
Аакс аз News potok








Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 800 бозёфти нодири таърихӣ ба намоиш гузошта шудааст
РӮЗИ БУЗУРГДОШТИ САЪДИИ ШЕРОЗӢ. Осори безаволи шоир дар тарбияи ахлоқӣ ва маънавии ҷомеа нақши муҳим дорад
Филми ҳунарии «Моҳӣ дар шаст» дар кинофестивали 48-уми байналмилалии Москва намоиш дода шуд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамоиш баргузор гардид
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Дар Кӯлоб даври шаҳрии фестивал-озмун баргузор гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗ ВА НИГОҲДОРИИ ЁДГОРИҲО ВА ҶОЙҲОИ ТАЪРИХӢ. Қалъаи Ҳисор таърихи зиёда аз 3000-сола дорад
ТАЪРИХИ ВАТАНРО МЕОМӮЗЕМ! Имрӯз дар мавзеъҳои таърихии мамлакат Рӯзи дарҳои боз гузаронида мешавад
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир гардид
«РАҚС МОРО МУТТАҲИД МЕНАМОЯД». Таҳти чунин унвон дар Тоҷикистон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
Дар ноҳияи Айнӣ бахшида ба зодрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ ҳамоиши илмӣ-адабӣ баргузор гардид
ИМРӮЗ — ЗОДРӮЗИ САДРИДДИН АЙНӢ. Осори Устод Айнӣ ҳамчун сарчашмаи муҳими илмӣ ва фарҳангӣ истифода мешавад
АЙНИШИНОСЕ ПУРТАЛОШ АЗ КИШВАРИ ҲАМЗАБОН. Эҳдо ба зодрӯзи сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ






