Вакилони Маҷлиси намояндагон лоиҳаи Қонун «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ»-ро қабул карданд

Апрель 7, 2021 13:15

ДУШАНБЕ, 07.04.2021 /АМИТ  «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид.

Дар он вакилони Маҷлиси намояндагон  Созишномаи грантӣ (амалиёти махсус) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд оид ба Лоиҳаи идоракунии захираҳои об дар ҳавзаи дарёи Панҷ, маблағгузории иловагии дуюм, Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷикгидроэлектромонтаж» оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли таҷҳизоти барқӣ дар шаҳри Душанбе, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ»,  лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои корфармоён»,  лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ» ва  лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд

Масъалаҳои мазкурро ба вакилони мардумӣ масъулини соҳавӣ — Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода, муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Шерализода, муовини аввали Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ, муовини якуми Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуғаффор Раҳмонзода, раиси Иттиҳодияи корфармоёни Тоҷикистон Азизбек Шарипов, муовини якуми Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Собирзода, муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзоамон Рофизода ва вакилони Маҷлиси намояндагон Сурайё Дӯстмуродзода, Абдуҳалим Ғаффорзода, Саидмурод Фаттоҳзода, Сумангул Тағойзода, Парвиз Шодизода, Мироҷ Абдуллоев, Фазлидин Икромов муаррифӣ намуданд.

Дар иҷлосия таъкид карда шуд, ки Созишномаи грантӣ (амалиёти махсус) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд оид ба лоиҳаи идоракунии захираҳои об дар ҳавзаи дарёи Панҷ, маблағгузории иловагии дуюм- 15 декабри соли 2020 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Маблағи созишномаи мазкур 15,0 млн доллари амрикоиро ташкил медиҳад ва аз ҳисоби маблағи гранти захираҳои Фонди махсуси Бонки Осиёии Рушд ҷудо карда мешавад.

Ҳадафи асосии Созишнома сохтмон ва ба истифода супурдани иншооти гидротехникии обтаҳшинкунӣ бо усули давравӣ шустани таҳшинҳо дар сарбанди канали Чубек дар ноҳияи Ҳамадонӣ мебошад, ки дар натиҷа низоми идоракунии захираҳои обӣ, вазъи обёрии минтақа, таъмини афзоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва ба нақшагирии самарабахш дар ҳавзаи дарёи Панҷ сифатан беҳтар мегардад.

Андоза ва намуди сохтмони иншооти мавҷудаи обтаҳшинкунӣ бо усули гидравликӣ бо сабабҳои номусоид будани релефи ҷойгиршавии ҳавз, нопурра будани маълумоти гидрогеологӣ, баланд ва паст шудани сатҳи дарёи Панҷ ғайриимкон мебошад. Бо усули давравӣ шустани таҳшинҳо дар навбати худ то 68% обро таҳшин менамояд ва дар натиҷа дараҷаи фарсудашавии насосҳои пойгоҳҳои обӣ ва чархаҳои кории онҳо ба маротиб коҳиш меёбад

Бо дарназардошти афзалияти бо усули давравӣ тахшин намудани об, таҳлили хусусиятҳои релефи маҳал ва сатҳи дарёи Панҷ, мутахассисони байналмилалии ширкати лоиҳакаш сохтмони варианти иншооти ин намуди ҳавзро пешниҳод намуданд, ки аз ҷониби намояндагони Бонки Осиёи Рушд ва Ширкати сохтмонӣ ҷонибдорӣ гардидааст.

Дар иҷлосия аз рӯи ҳамаи масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

Акс аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Апрель 7, 2021 13:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Шермуҳаммад Шоҳиён дар ҷаласаи навбатии Кумитаи доимии умури сиёсии Ассамблеяи парлумонии Осиё иштирок намуд
Вакилони тоҷик дар конфронси байналмилалӣ оид ҳамкории байнипарламентии кишварҳои ИДМ иштирок намуданд
Ориф Амирзода муовини раиси Шурои коршиносон оид ба экология ва истифодаи табиат дар назди Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ интихоб шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Ҷумҳурии Туркия Нумон Куртулмуш мулоқот намуд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия Нуман Куртулмуш дар ҳузури ҳайатҳои парламентҳо мулоқот анҷом доданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия Нуман Куртулмуш мулоқот намуданд
Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт
Раиси Маҷлиси бузурги миллии Туркия Нуман Куртулмуш бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
15 декабр ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад
Ҷаласаи якуми Комиссия байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва Маҷлиси умумичинии намояндагони халқии Чин доир гардид