«АЗ ЗАМИН НОНРЕЗАҲОРО ЧИДА МЕМОЛАМ БА ЧАШМ…». Ва ё рангҳои зиндагӣ дар шеъри рангини устод Мирзо Турсунзода

Апрель 21, 2021 13:51

ДУШАНБЕ, 21.04.2021. /АМИТ «Ховар»/.  Дар асоси пешниҳод ва супориши Президенти Тоҷикистон имсол дар ҳавои ҷашну сури 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистони азиз саду даҳсолагии Шоири халқии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода низ бо тантана таҷлил мешавад. Ба ин муносибат имрӯзҳо дар саросари кишвар- дар муассисаву корхонаҳо ва ташкилоти давлатию ҷамъиятӣ чорабиниҳои зиёде бахшида ба ҷашни ин фарзанди фархундаи миллатамон доир мегарданд ва пажӯҳишу таҳқиқоти тоза доир ба ҳаёт ва эҷодиёти ӯ ба нашр мерасанд.

Инак, ба ин муносибат пажӯҳиши тозае бо номи «Рангҳои зиндагӣ дар шеъри рангин» мансуб ба қалами Шоири халқии Тоҷикистон, ходими адабии АМИТ  «Ховар» Камол НАСРУЛЛО манзури хонандагони сомона гардонида мешавад.

-Устод Мирзо Турсунзода шоирест, ки аз байни халқ баромадааст. Ӯ дар як хонадони одии деҳаи кӯҳистон тарбият ёфтааст. Аз саргузашти халқ, аз таърихи воқеиву зиндаи он, одоби миллӣ, суннату ойинҳо,  мушкилоту фоҷиаҳои ба сари мардум омада, ормонҳои миллии халқаш ба хубӣ огоҳ аст.  Ӯ ин ҳамаро аз дилу аз сар гузаронидаву дар пӯсти худ эҳсос намудааст. Ба ҷуз ин ӯ фарзанди содиқу бовафо ва ҷоннисори  ҳамин диёр аст, ватанашро дӯст медорад. Аз ин рӯ дар тасвирҳои шоиронааш аз ин дониш истифода мекунад ва ҳамин сифату ҳамин огоҳист, ки ашъори ӯ шираи маърифати халқро дорад, ба забони халқ наздику фаҳмост. Аз ҳамин рӯст, ки сухани ӯ дар ин мавзӯъҳо равшану равону табиист:

Аз замин нонрезаҳоро чида мемолам ба чашм,
Нони халқи меҳнатиро дида мемолам ба чашм…

Чӣ қадар фалсафаву одобу ойини неки халқ таҷассум ёфтааст дар ин як байт. Аз роҳҳо чидани нонреза, ба чашмҳо молидани  нон ин — тасвири зебо бо ҳадафҳои маънавие, ки ин байт баён мекунад, на байт, балки як алмоспораи дурахшони маънавиву шоиронаест, ки дар он ҳам ҳунари диди шоирона, ҳам рӯшанбаёнӣ, ҳам тасвирнигории олӣ ва ҳам илқои маъниву одоби бузург ифода ёфтааст.

Дар мисраъҳои баъдина тасвир аз паи тасвир ба ҳамин услуби дилпазиру зебо меояд ва як ҷаҳон завқи маънавӣ ба шумо мебахшад:

Чунки ман ҳам дар замони худ даравгар будаам,
Хӯшачину боғбанду дос дар бар будаам.

Ва хонанда на ин ки огоҳӣ аз ин касбу ҳунари гандумкориву даравгарӣ меёбад, балки манзари зебои онро беҳтар аз ҳар наворе ба чашм мебинад:

Гӯш мекардам суруди марди хирманкӯбро,
Мешунидам зарбҳои говрона-чӯбро.

Ва минбаъд тасвирҳои шоирона хонандаро бо манзараҳои воқеии он замон ва мардуми он замон ошно мегардонад, ки наметавон онро бе риққати дил пазируфт:

Побараҳна,  дилгурусна сарсари кӯҳу адир,
Хӯрҷин дар китф мегаштам чу як марди фақир.

Ҳамин манзараи кӯчак тавонистааст тамоми фоҷиа ва мушкили рӯзгори он замонро дар худ таҷассум кунад. Чӣ қадар ҳунармандона бо бадеияти баланд ва тасвирҳои зебои шоирона баён ёфтаанд андешаҳои шоир дар ин мисраъҳо:

Рӯзу шаб чун коҳҳои монда дар саҳро будам,
Дар парешонӣ чу боди бесару бепо будам.

Ҳамин чанд байти кӯтоҳ кофӣ буд, ки шоир тамоми тасвиру манзараи он рӯзгорро муҷалло ба қалам бидиҳаду як олам маъниву тасвирро дар он бигунҷонад.

Аммо баъд шоир дар ин шеър тавассути як вожаи “кунун” гардиши  ғайричашмдошт   мекунад ва  ноаёну ҳунармандона имрӯзро бо дирӯз пайванд медиҳад:

Нонвои шаҳр меояд кунун дар пушти дар,
Нони гарми хешро бардошта вақти саҳар.

Ва ин манзара: нони гарми саҳар дар пушти дар, албатта, рамзи сериву пурии замона, рамзи шодбошии рӯзгори хушбахтонаи нав аст.

Шеърро мехонед ва машоми шумо аз бӯи нони гарм муаттар мешавад. Ин аст ҳунари шоир, сеҳри сухани шоиронаву бамаврид гуфтаи ӯ:

Кӯчаҳоро пур кунад аз бӯи нони ширмол,
Пур кунад хони арӯсон дар шаби тӯи висол…

Воқеан шеъри устод Мирзо Турсунзода на фақат бӯи нон, бӯи меҳр, бӯи ишқ, бӯи ҷавонмардӣ, бӯи сиришти нек, бӯи хайрхоҳӣ ва дар маҷмӯъ бӯи Замин — бӯи Ватан мекунад. Чунон ки дар шеъри “Нонреза” дидем, як вижагии ашъори Турсунзода, хусусан шеърҳое, ки аз зиндагии мардум ва табиати диёр гирифта шудаанд, дар он аст, ки ӯ  огоҳии комил аз ин мавзӯъҳо дорад ва бардоштҳояш ҳаргиз зоҳириву сатҳӣ нестанд. Барои далел,  метавон шеъри “Чӯпон”-ро мисол овард. Вақте ки ин тасвирҳои дилпазир, ин мазараҳои зебои шоирона таҷассумшударо мехонед:

Чӯпон ба сари сангу чаридан рама дорад,
Аз санг ба харсанг паридан рама дорад.
Бӯи гули кӯҳию алафзори чарогоҳ
Дар панҷаи бод асту давидан рама дорад.
Чун абри сафеде, ки гирифтаст фазоро,
Чодар ба сари сабза кашидан рама дорад,
Сарчашма занад ҷӯш, аз он барра кунад нӯш,
Аз ҷӯи сафобахш паридан рама дорад…,

яқин мекунед, ки устод Турсунзода огоҳии хубе аз чӯпониву рамачаронӣ дорад, балки дар наврасиҳо чӯпонӣ ҳам кардааст.

Ба замми он ки дар ин тасвир бо камоли маҳорати як рассоми чирадаст манзараҳои рамаву дара ба қалам омадаанд, баёнҳое чунин шоирона- “дар панҷаи бод будани бӯи гули кӯҳиву алафзор”, “чодар ба сари сабза кашидани абри сафед” аз бозёфтҳои шоиронаи устод Турсунзода мебошанд.

БО БӮИ ЗАМИН

Банда як кашфиёти бузургро дар шеъри устод Турсузода мушоҳида кардаам. Биёед, аввал далел меорам, таваҷҷуҳ ба ин байтҳо кунед:

Дар фазо парвоз кардам гарчи аз рӯи замин,
Чашмро аммо намекандам ман аз сӯи замин.
Бо ситора ҳамнишин, бо моҳ гаштам ҳамнафас,
Лек будам сархушу сармаст аз бӯи замин.

Агар Нютон қонуни кашиши заминро дар илм кашф карда бошад, маҷозан мегӯем, ки ба андешаи мо устод Турсунзода қонуни маънавии кашиши заминро кашф кардааст, ки ҷои баҳс надорад. Зеро дар саросари ин шеър неруи ин кашиш ба тасвир омадаву эҳсос мешавад ва ин фалсафа, яъне фалсафаи неруи кашиши замини ватан дар шеъри “Оҳанрабо” бо далелҳои шоирона нишон дода шудааст:

Чунки инсонро фазои дилкушо гардидаӣ,
Халқ чун оҳан, ту чун оҳанрабо гардидаӣ.

Чӣ қадар зиндагӣ, чӣ қадар рӯҳбаландӣ, бовару эътимод – он меъёрҳое, ки инсонро сарбаланд медоранд, баён мешаванд дар шеъри устод Турсунзода:

Зинда кардам дар замин ман шӯълаи хомӯшро,
Бо сухан дар ҷӯш овардам дили беҷӯшро,
Ман ба ҳар як тифли аз модар ба дунёомада
Боз кардам аз сари сидқу вафо оғӯшро.

Бо  замин, бигзор, ки пайванд бошад пойи ман,
Дар замин, бигзор, ки бошад муқаррар ҷои ман,
То абад, бигзор, бошад шӯълаафкан, шӯълабор
Он чароғе, ки фурӯзон гашт дар маъвои  ман!

Замин-модар дар шеъри Турсунзода ҷисми ҷондор ва ҳассос аст. Шоир  табиатро мисли инсони зинда дармеёбаду ба тасвир мегирад:

Боғбон боғи ҷавонро ба буридан сар кард,
Шираи ток чу ашке ба чакидан сар кард.
Синаи хок дили модари деринаи мо
Чун дили дардкашида ба тапидан сар кард.

Ин манзараи муассирро бубинед, ки чӣ гуна равшану зебо ҳунармандӣ, дид ва мушоҳидаи шоиронаи Турсунзодаро ба мо нишон медиҳад. Ин қадар таъсирбахш, рехта ва шоирона!

Дар ин пораи шеъри кӯчак, ки “Ток ва замин” унвон гирифтааст, бо тасвирҳое, ки саросар рамзанд, пайванди инсону замин, фалсафаи ягонагии инсону табиат хеле маънидор, нишонрас ва шоирона зебо ба қалам омадааст:

Решаи ток, ки дар зери замин маскан дошт,
Бо замин ваъдаи як умр вафо кардан дошт,
Аз дами хоки сияҳ, аз нафаси гарми баҳор
Ток болида амал кардану сабзидан дошт.

Шояд устод Мирзо Турсунзода ягона шоирест, ки бештар аз дигарон ситоиши замин карда бошад, аммо ин ситоишҳо ба ҷуз он ки бори гарони заминро мекашанду фалсафаи инсону заминро ба таҳқиқ мегиранд, самимияту муҳаббати фарзандонаи инсонро ба замин бо забон ва тасвирҳои ноби шоирона  ба қалам медиҳад, ки наметавон аз сари онҳо безавқ ё бетаваҷҷуҳ гузашт. Масалан, ин қитъаи шеър бо ҳунари комил ва тасвирҳои хеле зебо ва тозаи шоирона гуфта шудааст:

Сабр кун, то сер бинад чашми ман рӯи замин,
То барам бо хеш чун атри кафан бӯи замин.
Сабр кун  гардад парешон ҳар саҳар дар гирди мо
Шӯълаи хуршед чун заррина гесӯи замин.

Бо хеш бурдани атри замин чун бӯи кафан ва тасвири  ҳар саҳар парешон гардидани шӯълаи хуршед чун гесӯи заррини замин бозёфти олиҷаноби шоиронаи устод Турсунзода аст.

Бо шеъри ноби Турсунзода  хонандаи хушзавқу закӣ пайваста вориди дунёи нотакрори зебои шоирона мегардад, аз ҳар зуҳуроти табиат завқ мебардорад, неру мегирад. Ва ин ҳама тасвирҳои дилпазир дар шеъри Турсунзода барангезандаи беҳтарин ва баландтарин  эҳсосоти инсониянд. Аз ҷумла:

Имрӯз баъди борон тиру камон баромад,
Байроқи навбаҳорон партавфишон баромад.
Аз қатраҳои борон дар офтоби тобон
Рухсора тар намуда абрукамон баромад.
Бо рангҳои дилкаш, бо чеҳраи мунаққаш
Ҳусни замин дамида фавворасон баромад…

Ин сатрҳо чунон ҳунармандона гуфта шудаанд, ки лозим нест манзараҳои дар он бақаламомадаро хонанда тасаввур кунад, зеро мисраъ ба мисраъ худи шеър ин маназараҳоро пеши назаратон бо ҳама шукӯҳ ҷилвагар менамояд:

Аз кӯҳ то ба кӯҳе, аз дашт то ба даште
Товуси хушхироми Ҳиндустон баромад..

Рассоме чирадаст мебояст, ки тасвире чунин фарогирро ҳамин гуна зиндаву эҳсосшаванда мисли устод Турсунзода  ба қалам дода тавонад.

Вусъати ҳаёт ва фаъолияти Мирзо Турсунзода- ин фарзанди наҷиби халқи тоҷик, ки тавонистааст мақоми башарӣ гирад, чунон фарогир аст, ки ӯ аз баландии осмон метавонад қитъаҳоро назора намудаву дарк намояд ва андешарониву баҳогузорӣ кунад:

Аз замин беҳтар барои мо дигар сайёра нест,
Беҳтар аз он дидаи моро раҳи наззора нест.
Ҷуз заминро ҳифз кардан аз балоҳои азим,
Аз барои насли инсон ҳеҷ дигар чора нест.

Ин тасвирҳо имрӯз ҳам замонавӣ буда, аҳамияти худро гум накардаанд, балки бештар аз дирӯз аҳамият доранду ба дарди одамизод мехӯранд ва раҳнамои роҳи дурусти наҷоти инсониятанд.

БӮИ ВАТАН

Вожаи дигари муқаддас  дар шеъри Турсунзода, ки бо назари тоза ва камоли шоирӣ мавриди тасвир қарор гирифтааст, вожаи “Ватан” аст.

Тозагониву навовариҳои устод Турсунзода дар тасвири Ватан на як бор мавриди гуфтугузор қарор  гирифтаанд ва мо ҳам дар ин хусус изҳори андеша доштаем.

Устод Турсунзода аз он нахустин шоиронест, ки бар акси ситоишу тавсифи урён ва шиоргунаи ватансароёни он  замон кӯшидааст  симои Ватан, ормонҳои миллии халқи худро дар пероҳани сухани бадеъ, дар ҳолаи табиати зебои кӯҳистони диёр, чашмасору хоки зархези Тоҷикистон,  заҳмати ҳалоли мардумонаш  бо эҳсосоти баланд ва тасвирҳои таъсирбахш ба қалам бидиҳад.

Гумон мекунам, ин маънӣ  ҷойи баҳс надорад, ки фалсафаи муҳаббати Ватанро касе шоиронатару волотар аз устод Турсунзода ба қалам надодааст ва барои исботи ин андеша овардани ҳамон қитъаи машҳур ва вирди забони ӯ кофист:

Ватан дар ҳар куҷо форам ба сар омад ҳавои ту,
Ман аз он сӯи уқёнус бишнидам садои ту,
Агарчи дар миён тӯфону мавҷи баҳрҳо буданд,
Вале омад ба гӯши ман садои рӯдҳои ту.

Ин истеъдоди бузург ва муҳаббати беназири ватандӯстонаи устод Мирзо Турсунзода аст, ки тавонистааст чунин эъҷоз кунад, ки садои рӯдҳои Ватан баландтар аз садои тӯфонҳои баҳру уқёнусҳо садо диҳанд ва ин қадар фосилаҳои бузург, ҳазорон фарсахро пушти  сар карда, ба гӯшаи дигари олам, ба гӯши шоир бирасанд. Ва аз ҳама шигифтангез ин аст, ки ин ҳама муболиға нест, ҳақиқат аст, боварибахш аст ва наметавон онро инкор кард.

Вожаи муқаддаси Ватан дар шеъри Турсунзода ҷилову дурахш ва сеҳри хосаи худро дорад. Ва ин ҷилоест, ки дили шуморо равшан мекунаду   сеҳрест, ки худи шуморо тасхир месозад. Ва шумо низ таслими ин муҳаббат  худро “ба мисли гӯшту нохун ҳамеша бо Ватан” эҳсос менамоед ва шумо ҳам “ба овози дуруди ватан ва ба оҳанги суруди ватан” “дар замини ӯ менишинеду дар ҳавои он парвоз мекунед”.

Маҳз устод Мирзо Турсунзода фалсафаи дигари ватандориро ба мо талқин менамояд, ки метавон ва бояд дур аз Ватан ҳам бо Ватан бошӣ ва ин гуфтаҳои худро ӯ бо тамоми ҳастӣ, зиндагӣ ва фаъолияти шарафмандонаи  худ собит кардааст. Аз ин рӯ  ҳуқуқ дошт бо садои баланд нидо кунад:

Агарчи борҳо афтодам аз ёру диёрам дур,
Ба сайёҳӣ маро карданд агарчи  дӯстон машҳур,
Вале ман дар ҳама, ҷо дар ҳама кунҷу канори даҳр
Ҳамеша бо Ватан будам, ҳамеша бо Ватан масрур.

Устод Мирзо Турсунзода, ки вожаи “қасам” дар ашъораш яке аз вожаҳои калидӣ ва дурахшон аст,  дар шеъри машҳур ва баланди худ бо номи “Савганд” савганди инсонию шоирии худро дода,  ҳама умр ба он содиқ мондааст ва агар назари  нек андозем, мебинем, ки воқеан ҳар шеъри устод савганду ниёиши шоиронаи вафодориву ватандориву  инсонигарист.

Ба қасам то абад вафо кардан
Сарбаландии ҳар як инсон аст.
Ҳам қасам хӯрда, ҳам адо кардан
Ин фақат кори ҷумла мардон аст.

Имрӯз мо медонем, ки ин суханони устод Турсунзода суханони хушку холӣ набудаанд. Устод Турсунзода  бо зиндагӣ ва эҷодиёти ҷоннисорона, бо ҳаёту фаъолияти муҷалло,  дар баҳои ҷони бедареғ дар хидмати халқу Ватан додаи худ инро ба таври дурахшон исбот кардааст.

Ҳаминро метавон илова кард, ки кам шоире тавонистааст мисли Мирзо Турсунзода  ифтихори миллӣ, муҳаббати ватандӯстонаи худро бо мавзӯъҳои ҷиддии башарӣ, чун озодӣ, сулҳу дӯстӣ ва якдилии халқҳои олам пайванди ногусастанӣ дода бошад.

Апрель 21, 2021 13:51

Хабарҳои дигари ин бахш

ЭЪЛОН: «ВАССОФИ ВАТАН». Барои рӯзноманигорон ва корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаҳои интернетӣ фестивал-озмун баргузор мешавад
Тандиси биринҷии чеҳраи Президенти Тоҷикистон ба Осорхонаи миллӣ супорида шуд
АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ. Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон фестивали муд баргузор мегардад
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ТЕАТР. Дар давраи соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон барои пешрафти санъати касбии театрӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуд
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Суғд Фестивали вилоятии гулҳо доир мешавад
КОНИ ЛАЗЗАТ ВА ХОНИ НЕЪМАТ. Хабарнигори АМИТ «Ховар» оид ба таомҳои наврӯзӣ дар Бадахшон маълумот ҷамъоварӣ намуд
НАВРӮЗ-МАҲБУБТАРИН ҶАШНИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН. Суратгузориш аз таҷлили бошукуҳи ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи оммавӣ, илмӣ-техникии шуъбаи Академияи илмҳои Русия дар минтақаи Сибир Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Оши бурида дар Наврӯз ҳамчун рамзи умри дароз ва ҳаёти хушбахтона омода мешавад
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ЭҲЁ. Ин ҷашни ҷаҳонӣ бунёди маънавии миллати тоҷик мебошад
МАЗМУНҲОИ НАВРӮЗӢ ДАР АШЪОРИ АҲДИ КЛАССИКИИ ФОРСУ ТОҶИК. Андешаҳои адабиётшинос дар хусус
НАВРӮЗ ДАР ЗАРАФШОН. Он бо «тухмҷангак»-и кӯдакон оғоз мегардад