Дар ноҳияи Рӯдакӣ 475 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд
РӮДАКӢ, 02.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Барои бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудани муроҷиаткунандагон Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ дар асоси талаботи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2009 аз корхонаву ташкилот маълумоти ҷойҳои кории ишғолнашударо ҷамъоварӣ намуда, моҳе ду маротиба тавассути тахтаи эълонҳо ба корҷӯён пешниҳод мекунад. Дар натиҷаи гузаронидани чунин ярмаркаҳо 457 нафар шаҳрвандон бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.
Тавре сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ Холназар Баротзода ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар ноҳияи Рӯдакӣ барои амалӣ намудани «Барномаи давлатии шуғли аҳолӣ барои солҳои 2020-2022» ва иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи меҳнат» мунтазам ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ ва вазифаҳои озод ташкил менамоянд.
Дар назар аст, ки соли 2021 даҳ маротиба ярмаркаҳои ҷойҳои холии корӣ баргузор шаванд. Дар семоҳаи аввали соли равон 1174 нафар шаҳрвандон бо масъалаҳои гуногун муроҷиат карданд, ки 1095 нафарашон ҳамчун корҷӯй ба қайд гирифта шуданд. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 82 нафар зиёд мебошад. Дар ин давра ба 803 нафар расман мақоми бекорӣ дода шудааст.
Дар се моҳи аввали соли равон Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ се маротиба ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ ва вазифаҳои озод баргузор кард, ки дар ҳар яки он ба ҳисоби миёна 23 корфармо иштирок намуда, ҷойҳои холии кориро муаррифӣ карданд. Дар ин замина, ба 42 нафар барои омӯзиши касбу ҳунарҳои гуногун роҳхат дода, 38 нафар ба ҷойи кори доимӣ ҷалб гардиданд, ки аз ин шумора 18 кас зан мебошанд.
Ҳамчунин дар се моҳи сипаришуда 196 нафар шахсони бешуғл барои касбомӯзӣ ба маркази таълимӣ сафарбар шуданд.
АКС аз бойгонӣ








Имсол дар истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Шарора» 720 нафар кӯдакону наврасон таътили худро босамар мегузаронанд
ТАЪТИЛИ БОФАРОҒАТ. Имсол 1000 нафар кӯдаку наврас ба истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Зимчуруд» ҷалб мегарданд
Дар Тоҷикистон даври сеюми Форуми коршиносони Осиёи Марказӣ — Корея доир мешавад
Дар Душанбе маъракаи хунсупории шаҳрвандон доир гардид
Байни Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Тоҷикистон ва Ташкилоти ғайридавлатии «Good Neighbors» Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Чин дастовардҳои Тоҷикистон дар самти ҳуқуқи инсон муаррифӣ гардиданд
Дар Тоҷикистон беморони диабети қанд метавонанд инсулини ройгон дастрас намоянд
Иштирокдорони Форуми байналмилалии ҳизбҳои сиёсӣ дараи Алмосӣ ва Қалъаи Ҳисорро тамошо карданд
Форуми байналмилалии ҳизбҳои сиёсӣ зери унвони «Ҳизбҳои сиёсӣ ва уфуқҳои нави ҳамкорӣ» доир гардид
АБУАЛӢ ИБНИ СИНО — МУТАФАККИРИ БУЗУРГИ ШАРҚ, ФАРЗАНДИ ФАРЗОНАИ ХАЛҚИ ТОҶИК. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар ин мавзуъ
Оқибатҳои офатҳои табиӣ дар мавзеъҳои хатарноки роҳҳои минтақаи Рашт бартараф карда шуданд
Табибони тоҷик дар Туркия малакаи касбиии худро такмил медиҳанд






