Муаррифии дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ашъори Мирзо Турсунзода дар Шарқи Дур

Май 2, 2021 08:58

ДУШАНБЕ, 02.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори  30-солагии Истиқлоли давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 110-солагии зодрӯзи Шоири халқии Тоҷикистон, Қаҳрамони  Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бо ташаббуси Ҷамъияти «Тоҷикони Шарқи Дур»  дар китобхонаи бачагонаи  №1-и шаҳри Хабаровск барномаи пуршукӯҳи фарҳангӣ-адабӣ баргузор гардид.

Тавре хабарнигори махсуси АМИТ «Ховар» дар Федератсияи Россия Садбарги БОҚӢ иттилоъ медиҳад, дар ин маҳфил хонандагони мактаби кадетии шаҳри Хабаровск иштирок намуда, нахуст аз намоши аксу мусаввараҳо,  расму оинҳои миллӣ ва дигар дастовардҳо, ки инъикоскунандаи таърихи солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистонанд, дидан намуда, сипас дар қисми дигари барнома ширкати фаъол намуданд.

Роҳбари   Ҷамъияти «Тоҷикони Шарқи Дур» хонандагонро бо дастовардҳои арзандаи халқи тоҷик, ки  бо талошҳои пайвастаи  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми 30 соли Истиклоли давлатӣ ба он ноил гардидаанд,  шинос намуд.

Дар ҷараёни муаррифии ин дастовардҳо гуфта шуд, ки таърихи халқи тоҷик аз решаҳои куҳани ниёгон сарчашма гирифта, марҳилаҳои зиёдеро пушти сар кардааст, аммо бо шарофати Истиқлоли давлатӣ Тоҷикистон ҳамчун кишвари рӯ ба рушд ва соҳибихтиёру озод ба комёбиҳои бузург ноил гардиду дар арсаи ҷаҳон бо ташаббусҳои созандаву мондагор мавқеи устувор касб намуд. Дар ин муддат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдомҳои бузурге рӯйи даст гирифта шуда, зина ба зина  амалӣ гардиданд, ки ин ҳама мояи ифтихори кулли мардуми кишвар мебошад. Аз ҷумлаи ин рӯйдодҳои таърихӣ метавон  бунёди нақбу пулҳо, неругоҳҳои хурду бузург, хосса НБО «Роғун», ибтикороту  ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонии Тоҷикистон, баргузории конфронсу саммитҳои байналмилалӣ ва чандеи дигарро номбар кард.

Қисми дигари маҳфил ба ифтихори 110-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода,  ҳаёту фаъолият ва эҷодиёти ин шоири тавоно бахшида шуд. Хонандагон дар баробари шиносоӣ бо осори гаронбаҳои   Қаҳрамони Тоҷикистон, ҳамчунин аз ашъори ӯ    бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ шеърҳо қироат карданд.

Май 2, 2021 08:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба рушди соҳаи телевизион ва радио байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ҷайҳун муассисаи томактабӣ бунёд мегардад
Дар Қирғизистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор мешаванд
Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Қирғизистон баргузор мегарданд
Дар Бадахшон 55 муассисаи томактабӣ бунёд карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар деҳаи Шодоби ноҳияи Варзоб муассисаи таълимӣ ба истифода дода мешавад
Иштирокчиёни Симпозиуми байналмилалии Хутали қадим бо мавзеъҳои таърихии ноҳияи Ховалинг шинос шуданд
Иштирокчиёни Симпозиуми байналмилалии Хутали қадим бо ҳафриёти бостоншиносӣ дар шаҳристони Ҳулбук шинос мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Норак ба сохтмони ду иншооти нави соҳаи маориф оғоз бахшида шуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ ШАШМАҚОМ. Дар Суғд таҳти унвони «Ушшоқи Раҳмонӣ» фестивал–озмуни байналмилалӣ доир шуд
Имрӯз дар Бохтар Симпозиуми байналмилалии «Хутали қадим — пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ-форсӣ ва тамаддуни бостонии Осиёи Марказӣ» оғоз мегардад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА РУШДИ ИЛМИ ҲУҚУҚШИНОСӢ. Бо роҳбарии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон тавонист низоми ҳуқуқии миллӣ эҷод намояд

Маводҳои таҳлилӣ