Дар Душанбе таҳти унвони «Баланд бардоштани маърифати фарҳангии ҷавонондухтарон — омили рушди суботи ҷомеа» ҳамоиш доир шуд

Июнь 8, 2021 14:28

ДУШАНБЕ, 08.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон  ва варзиши назди Ҳукумати мамлакат имрӯз дар Осорхонаи миллӣ таҳти унвони «Баланд бардоштани маърифати фарҳангии ҷавонондухтарон- омили  рушди суботи ҷомеа» ҳамоиш доир шуд.

Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати мамлакат  Абдулло Раҳмонзода зикр намуд, ки масъалаи мавриди назар мавзӯи муҳим ва саривақтӣ буда, он барои давлатдорӣ ва рушди он зарур дониста мешавад. Ба гуфтаи мавсуф, то имрӯз баргузории чунин ҳамоишҳо дар шаҳрҳои Ҳисор, Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ  роҳандозӣ шуда, доираи васеи занону бонувони касбу кори гуногун дар он ҷалб карда шуданд.

Ба гуфтаи муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон  ва варзиш Дилноза Аҳмадзода Ҳукумати мамлакат имрӯз имкон фароҳам овардааст, ки занону духтарони мо дар паҳлӯи мардон дар пешравии ҷодаҳои мухталифи ҳаёти давлатӣ саҳмгузор бошанд.

«Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ шуда, тамоми имкониятҳои худташаккулёбии афроди ҷомеаро таъмин менамояд, он имрӯз асоси пешравии занону духтарон маҳсуб меёбад. Ҳарчанд, ки дар зарфи 30 –соли Истиқлоли давлатӣ санадҳои меъёриву ҳуқуқии устуворкунандаи мавқеи духтарону занон дар ҷомеа қабул гардида бошад ҳам, дар баробари ин имрӯз ҳуҷуми фарҳанги бегона на танҳо Тоҷикистон, балки дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ба назар мерасад»,- гуфт Д. Аҳмадзода.

Ёдовар мешавем, ки ҳадаф аз баргузории ҳамоиши «Баланд бардоштани маърифати фарҳангии ҷавонондухтарон- омили  рушди суботи ҷомеа», пеш аз ҳама пешгирии занону ҷавондутарон аз хурофот ва бегонапарастӣ, садди роҳ шудан ба исрофкорӣ, ҷалби ҷавондухтарон ба касбомӯзӣ ва бо ин мақсад паст кардани сатҳи бекориву  камбизоатӣ мебошад.

Июнь 8, 2021 14:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хоруғ 72 лоиҳаи сармоягузорӣ ба беҳтарсозии инфрасохтори маҳаллаҳо равона мешавад
Дар ноҳияи Нуробод намоиши сайёри «Инъикоси обу пирях дар асарҳои рассомони Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид
Аз водии Рашт то Искандаркӯл: мақомоти шаҳри Душанбе бо ташкили хатсайрҳои сайёҳӣ рушди сайёҳии дохилиро тақвият мебахшад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фархор бинои замонавии муассисаи таълимӣ сохта мешавад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар деҳаи Челонзори ноҳияи Ёвон маркази саломатии дуошёна бунёд мегардад
Рӯзи фарҳанги шаҳри Левакант дар фазои идона баргузор гардид
Дар Рӯзи фарҳанги шаҳри Хуҷанд дастовардҳои шаҳр муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Темурмалик доир гардид
«МӮҚАЛАМЕ, КИ ТАЪРИХРО ТАҶАССУМ НАМУДААСТ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши асарҳои Ашур Ҳайдаров ифтитоҳ ёфт
Дар пойтахт рӯзҳои фарҳанги шаҳри Хуҷанд, Левакант ва ноҳияи Темурмалик доир мегардад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фархор мумфаршкунии 12 километр роҳ оғоз гардид
Дар Рӯзи фарҳанги ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ пешниҳод гардиданд