Муовини якуми директори Маркази миллии қонунгузорӣ Муҳаммадҷон Соҳибзода ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Асари беҳтарин дар мавзӯи экология» гардид
ДУШАНБЕ, 15.06.2021. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Маҷлиси намояндагон Озмуни ҷумҳуриявии «Асари беҳтарин дар мавзӯи экология», ки ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда буд, ҷамъбаст гардид. Ҷойи якумро номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, муовини якуми директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадҷон Соҳибзода барои таҳияи китоби «Ҳуқуқи экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сазовор гардида, бо «Диплом», мукофоти пулӣ ба андозаи 5000 (панҷ ҳазор) сомонӣ ва туҳфаи хотиравӣ қадрдонӣ шуд. Китоби мазкур дар чунин шакл аввалин маротиба бо забони давлатӣ нашр шуда, бо фарогирии масъалаҳои ҳуқуқи экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахшҳои мубрами назариявию амалии он пешниҳод шудааст.
Дар ин бора котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳамадато Султонов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Ба гирифтани чор ҷойи дуюм — рӯзномаи «Инсон ва табиат», маҷаллаи «Ҳифзи табиат»-и Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои инъикоси нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаллу фасли масъалаҳои экологӣ, дурнамои рушди агроэкотуризм, татбиқи технологияҳои “сабз” дар Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ, муовини сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум» Далер Мерганов барои силсилаи мақолаҳо оид ба мавзӯи экология дар китоби «Нахли ҳақиқатбор», маҷаллаи «Сарзамин»-и Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои инъикоси масъалаҳои ҳифзи муҳити зист ва захираҳои табиӣ, аз ҷумла истифодаи самараноки обу замин, пешгирии шӯршавӣ, эрозияи замин, мавзӯҳои сарфаи об, тағйирёбии иқлим ва дигар матолиби марбут ба ҳифзи муҳити зист ва баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии мардум ва муовини аввали директори Раёсати хоҷагии ҷангали вилояти Хатлон Мираҳмад Давлатов барои мақолаи “Аз пайи ҳифзи ҷангал” дар мавзӯи беҳдошти муҳити зист, рушди ҷангалзорҳои вилояти Хатлон ноил гардида, барои ҳар як ғолиб “Диплом”, мукофоти пулӣ ба андозаи 1500 (як ҳазору панҷсад) сомонӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.
Панҷ ҷойи сеюмро — омӯзгори фанни биологияи Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқати шаҳри Хоруғ Умринисо Каримова барои мақолаҳо оид ба тарбияи маърифати экологии аҳолӣ, ки масъалаҳои муҳимро дарҷ намуда, диққати ҷиддиро ба ҳифзу беҳдошти муҳити зист ва ҳолати экологӣ равона кардааст, раиси Ташкилоти ҷамъиятии «Табиатдӯст»-и ноҳияи Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон Азизмад Шерхонов барои силсилаи мақолаҳои пешниҳоднамуда оид ба таъсири тағйирёбии иқлим ба ҳаёти имрӯзаи инсон, аз он ҷумла хушксолӣ, обшавии бесобиқаи пиряхҳо ва обхезиҳо, номзади илмҳои кишоварзӣ, дотсенти кафедраи геоэкологияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров Мурод Собиров дар ҳаммуаллифӣ бо муаллими калони кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Муҳаммадҷон Ҳусейнов барои мақолаи “Сиёсати экологӣ, нақши Истиқлоли давлатӣ дар ташаккул ва рушди соҳаҳои муҳими ояндасоз”, доир ба ташаккули сиёсати экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳаррири шуъбаи сохтори давлатӣ, қонунгузорӣ ва тартиботи ҳуқуқии рӯзномаи «Садои мардум» Сайфиддин Сунатов (Сайфиддин Суннатӣ) барои силсилаи мақолаҳо дар мавзӯи экологӣ- масъалаҳои муҳими тарбияи экологии аҳолӣ, оқилонаву самаранок истифодабарии сарватҳои табиии кишвар ва Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои силсилаи асарҳои илмӣ дар мавзӯъҳои модели минтақавии таъминоти амнияти обию барқӣ дар шароити тағйирёбии иқлим ишғол намуданд, ки ҳар як ғолиб бо “Диплом”, мукофоти пулӣ ба андозаи 1000 (як ҳазор) сомонӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд.
Ҳамчунин мувофиқи Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагон ба иштирокчиёни фаъоли озмун, аз ҷумла, мукофоти пулӣ ба маблағи 12000 сомонӣ (барои 20 ҷой) ва туҳфаи молӣ дар ҳаҷми 4500 сомонӣ (барои 20 ҷой) супорида шуд.
Ба ғолибони озмун туҳфаҳои хотиравӣ ва молию пулиро муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим ва Раиси комиссияи экологии Маҷлиси намояндагон Муҳамадраҳим Юсуфӣ дар маросими тантанавӣ тақдим намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки то ин муддат ба Озмуни ҷумҳуриявии «Асари беҳтарин дар мавзӯи экология» аз ҷониби аҳли зиё ва шаҳрвандони ҷумҳурӣ, аз ҷумла олимону рӯзноманигорон, мутахассисони касбӣ, омӯзгорони муассисаҳои олӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ, унвонҷӯёну аспирантон, инчунин мактаббачагон ва тарбиятгирандагони муассисаҳои томактабӣ, аз тамоми шаҳру навоҳӣ ва минтақаҳои ҷумҳурӣ, ҳамагӣ бо теъдоди 83 нафар асару мақолаҳо, гузоришу нигоришҳо ва мавод бо забонҳои давлатӣ (64 адад), русӣ (18 адад) ва англисӣ (4 адад) пешниҳод гардиданд. Комиссияи озмун маводҳоро тибқи салоҳияти худ мавриди омӯзишу таҳлил ва баррасӣ қарор дода, беҳтаринҳоро муайян намуд.
АКСҲО аз Маҷлиси намояндагон











Дар вилояти Хатлон беш аз 1400 муассисаи таълимӣ фаъолият дорад
Ҷаласаи ғайринавбатии Кумитаҳои доимии Ассамблеяи СААД ба таври маҷозӣ баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи навбатии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии ИДМ баргузор мегардад
Бахшида ба 31-солагии Конститутсия дар Ёвон бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5 ба истифода дода шуд
Конститутсияи Тоҷикистон дар қатори панҷ конститутсияи беҳтарини ҷаҳон қарор дорад, -бардошт аз ҳамоиш дар Парлумон
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Беш аз 1 километр роҳи мошингарди ноҳияи Ёвон таъмиру навсозӣ гардид
Дар 9 моҳи соли равон дар Тоҷикистон 76 муассисаи тандурустӣ сохта ба истифода дода шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ доир гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Муъминобод роҳҳо таъмиру навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. 14 километр роҳҳои мошингарди ноҳияи Ҷайҳун таъмиру навсозӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Ванқалъаи ноҳияи Шуғнон 3 фароғатгоҳ бунёд карда мешавад
НАМУНАИ ИБРАТ. Соҳибкорону сокинони деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик дар корҳои созандагию ободонӣ саҳми назаррас мегузоранд






