Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ дар Машваратҳои ғайрирасмии пленарии маҷозӣ оид ба арзёбии фаъолияти низоми Ҳамоҳангсози муқимӣ иштирок намуд

Июнь 10, 2021 08:10

ДУШАНБЕ, 10.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. 7 июн Машваратҳои ғайрирасмии пленарии маҷозӣ оид ба арзёбии фаъолияти низоми Ҳамоҳангсози муқимӣ бо иштироки Дабири кул ва дигар мансабдорони воломақоми СММ, инчунин намояндагони доимии кишварҳои узв баргузор гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ Ҷонибек Ҳикмат дар чорабинии мазкур иштирок ва суханронӣ намуд.

Зимни суханронӣ ӯ аз арзёбии саривақтии фаъолияти низоми Ҳамоҳангсози муқимӣ истиқбол намуда, ба аҳамияти ҳисоботдиҳӣ, устувории сармоягузорӣ ва маблағгузорӣ, канорагирӣ аз фаъолияти ҷудогона, дуборакорӣ ва ҷалби мутахассисони маҳаллӣ дар таҳияи лоиҳаҳои СММ дар Тоҷикистон ишора кард.

АКС аз ВКХ

Июнь 10, 2021 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Амрико машваратҳои сиёсӣ баргузор шуданд
Мафалда Дуарте: «Тоҷикистон дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии иқлим мавқеи пешсаф дорад»
Ташаббуси навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон дар чаҳорчӯби ИДМ муаррифӣ карда шуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Дафтари Комиссари олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба паноҳандагон баррасӣ шуд
Тавсеаи ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар маросими расмии таҷлили 250-солагии истиқлоли Амрико иштирок намуд
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Арабӣ Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии занон дар дипломатия ҳамоиш доир шуд
Нишасти 5-уми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Ҳиндустон оид ба мубориза бар зидди терроризм доир шуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди байналмилалии алоқа дар соҳаи технологияҳои рақамӣ густариш меёбад
Иҷлосияи шастуми Комиссияи СММ оид ба аҳолӣ ва рушд таҳти раёсати Тоҷикистон мегузарад
Дастовардҳои Тоҷикистон дар рушди сайёҳии экологӣ дар Боку муаррифӣ гардид