Шоҳигарии Белгия ба Беморхонаи марказии ноҳияи Рӯдакӣ таҷҳизоти тиббӣ кумак намуд
ДУШАНБЕ, 04.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Шоҳигарии Белгия ба Беморхонаи марказии ноҳияи Рӯдакӣ кумаки башардӯстона намуд. Кумаки мазкур аз таҷҳизоти тиббӣ, матрас, рахти хоб, болишт, бистари тиббӣ, қайчии нӯгтез ва дастпӯшакҳо иборат мебошад.
Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар маросими супоридани кумак муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода, Сафири Шоҳигарии Белгия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (қароргоҳ дар Нур-Султони Қазоқистон) Алексис да Кромбурге, консули фахрии Шоҳигарии Белгия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Ҳакимов, роҳбарият ва кормандони Беморхонаи марказии ноҳияи Рӯдакӣ иштирок намуданд.
Муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода, зимни қабули кумакҳои тиббӣ миннатдории Ҳукумати Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакатро ба Шоҳигарии Белгия баён намуд.
АКСҲО аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ









МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли қулфинай фаромӯшхотириро кам мекунад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ бо фаъолони ноҳияҳои минтақаи Рашт ва шаҳри Роғун вохӯрӣ намуд
ҲХДТ ва Ҳизби коммунистии Чин робитаҳоро густариш медиҳанд
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Дӯстии ҷавонон» баргузор мегардад
Доир ба татбиқи грантҳои Хазинаи пандемикӣ дар Тоҷикистон ҷаласа баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи пойтахт дар шаҳри Душанбе ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Женева оид ба иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон гузориш пешниҳод намуд
Роҳҳои муассири мубориза бо чангу ғубор кадомҳоянд?
Оид ба саҳми тоҷикон дар ташаккули тамаддуни Осиёи Марказӣ конфронси ҷумҳуриявӣ доир гардид
Кумита бар зидди шиканҷаи СММ ба гузориши миллии Тоҷикистон оид ба иҷрои Конвенсия бар зидди шиканҷа баҳои баланд дод
Чангу ғубор сабаби авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бо намояндагони Кумитаи СММ бар зидди шиканҷа вохӯрӣ намуд






