Таҳдиди терроризм аз байн нарафтааст ва он ба худ шаклҳои гуногун мегирад

Июнь 29, 2021 11:12

ДУШАНБЕ, 29.06.2021./АМИТ «Ховар»/. Дар мубориза бо терроризм муваффақиятҳо ба даст омадаанд, аммо таҳдиди он аз байн нарафтааст ва имрӯз он шаклҳои  гуногун ба худ гирифта истодааст. Гурӯҳҳои террористии «Ал-Қоида» ва ДИИШ аз таконҳои иҷтимоӣ ва қолибҳои гендерӣ суиистифода мекунанд. Онҳо ҷангиёни навро, асосан аз ҳисоби ҷавононе, ки умеди худро ба ояндаи беҳтар гум кардаанд, ба сафҳои худ ҷалб мекунанд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти СММ хабар медиҳад, дар ин бора дабири кулли СММ Антонио Гутерриш изҳор кардааст.

 “Дар мубориза бо терроризм муваффақиятҳои муҳим ба даст оварда шудааст. Дар саросари ҷаҳон бисёр ҳамлаҳо пешгирӣ ва садҳо террористон ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд. Бо вуҷуди ин, таҳдид боқӣ мемонад … “ — гуфт Антонио Гутерриш дар ҷаласаи сатҳи баланд оид ба терроризм.

Сарвари СММ нисбат ба  вазъи вобаста ба ҷангиён — террористони хориҷӣ изҳори нигаронии амиқ кард. Вай таъкид кард, ки ҳамаи онҳо бояд барои аъмоли худ муҷозот шаванд ва занону фарзандонашон ба ватан баргардонида шаванд.

«Маро тақдири даҳҳо ҳазор хешовандон, занон ва хусусан кӯдаконе, ки дар минтақаҳои низоъ боқӣ мондаанд, ба ташвиш меорад. Умедворам, ки кишварҳои аъзо масъалаи бозгардонидани онҳоро тибқи ҳуқуқҳои  байналмилалӣ баррасӣ хоҳанд кард», — таъкид  кард Дабири кулл.

Гутерриш дар бораи тамоюлҳои кунунии муқовимат бо ифротгароӣ сухан ронда, зикр  кард, ки террористон аз афзоиши қутбгароӣ дар ҷомеаҳо ва нокомиҳо дар мудирият истифода кардаанд. Онҳо оқибатҳои ҳама гуна суханрониҳои нафратангез ва таҳдидҳои афроди сафедпӯст, милатгароёни навбаромад ва дигар ҳаракатҳои қавмгароӣ ё нажодпарастиро, ки дар солҳои охир бештар фаромиллӣ шудаанд, ба манфиати худ истифода мекунанд.

«Инчунин яқин аст, ки гурӯҳҳои террористӣ аз мушкилот ва нобаробариҳои вобаста ба пандемияи COVID-19 истифода хоҳанд кард. Дар ин заминаи тағйирёбанда, усулҳои асосии Стратегияи глобалии зиддитеррористии Созмони Милали Муттаҳид бо неруи комили худ боқӣ хоҳанд монд», — гуфт Дабири кулли СММ.

Вай аз талошҳои муттасил, ҳамоҳангшуда ва фарогир дар кишварҳои мухталиф, бахшҳо ва соҳаҳои фаъолият, ки дар асоси ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун бунёд ёфтаанд, ҳимоят кард.

Дабири кулли СММ бар ин назар аст, ки дар мубориза бо терроризм бояд иқдомоти пайвастаи зиддитеррористӣ тақвият бахшида шаванд; ҳуқуқҳои инсон дар ин мубориза ба инобат гирифта шаванд; инчунин он ба имкониятҳо ва мушкилоти нав дар интернет мутобиқ карда шавад.

Ба технологияҳои нав  дахл карда, Гутерриш таъкид намуд, ки мубориза бо терроризм бояд ҳамқадам бо имкониятҳои нав дар соҳаи технологияҳо бошад.

“Рамзкунонии маълумот барои таъмини маҳрамият мусоидат мекунад, аммо аз он террористон барои муошират байни ҳам суиистифода мекунанд. Барои маблағгузории фаъолияти худ террористҳо барномаҳои блокчейн ва нармафзори тамаъҷӯйро истифода мебаранд”, — гуфт сарвари СММ. Вай таъкид кард, ки дронҳои тиҷоратӣ ва чопи 3D дастрасии террористонро ба силоҳ осон мекунад ва қалбакикориҳои устокорона бо истифода аз зеҳни сунъӣ боиси эҷоди назарияҳои тавтиа мешаванд, ки террористон онҳоро паҳн мекунанд ва системаҳои шинохти симо ва садоро фалаҷ мекунанд.

“Бисёр муҳим аст, ки давлатҳо қобилияти ҷамъоварӣ, истифода ва табодулаи далелҳои электронии фаъолияти террористиро дар шабакаҳо ва ба таври офлайн густариш бидиҳанд. Дронҳо, биометрия, зеҳни сунъӣ ва маълумоти калон имкон медиҳанд, ки афзорҳои нав барои ҳифзи ҳадафҳои осебпазир, пешгирии ҳамлаҳо ва ба ҷавобгарӣ кашидани террористон истифода шаванд”, — гуфт Гутерриш. Вай ба қатъ намудани истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ҷиҳати барангехтани нафрат ва таблиғи идеологияи зӯроварӣ даъват кард.

Конфронси дуввуми роҳбарони сохторҳои зиддитеррористӣ оид ба мубориза ва пешгирии терроризм дар асри технологияи пешрафта имрӯз дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар Ню Йорк шурӯъ шуд. Он то рӯзи чоршанбе идома меёбад. Роҳбари Дафтари зиддитеррористии СММ Владимир Воронков зимни ифтитоҳи ҷаласа суханронӣ намуда, дар бораи талошҳо барои расонидани кумак ба давлатҳо дар ин самт сухан ронд. Чанде пеш дар Будапешт, Доҳа ва Работ намояндагиҳо кушода шуданд ва ба наздикӣ мутахассисони дахлдор ба Найробӣ ва Мадрид фиристода хоҳанд шуд.

АКСИ: УПН СММ

Июнь 29, 2021 11:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон машварати минтақавии роҳбарони идораҳои сарҳадии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид
Қонуни миллӣ — омили некуаҳволии мардум ва таъмини зиндагии шоиста!
Таҳкими низоми таъмини бехатарии озуқаворӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон бо БОР баррасӣ гардид
Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид