Тарабхонаи «Дидор»-и пойтахт ғолиби даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Хӯришҳои миллӣ ва муосир» гардид

Июнь 26, 2021 09:45

ДУШАНБЕ, 26.06.2021 /АМИТ «Ховар»/.  25 июн  бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи «Тоҷикматлубот» даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии  «Хӯришҳои миллӣ ва муосир» баргузор гардид. Дар даври шаҳрии озмун довталабоне, ки дар даври ноҳиявии ин озмун  ғолиб гардида буданд, иштирок намуда, ба ҳайати ҳакамон ва меҳмонон хуришҳои омоданамудаи худро муаррифӣ намуданд. Дар натиҷа  тарабхонаи  «Дидор» ҷойи аввалро мушарраф гардида,  ҷои дуюм ба   тарабхонаи «Яккасарой» ва мақоми сеюм ба  тарабхонаи «Мерве» сазовор дониста шуд.

Дар ин бора сардори шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Олимов ба АМИТ«Ховар» хабар дод.

— Дар даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Хӯришҳои миллӣ ва муосир» муовинони Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ва Умед Гуреззода, намояндагони Иттифоқи «Тоҷикматлубот», намояндагони чор ноҳияи пойтахт ва беҳтарин ошпазону кадбонувон иштирок намуданд-, иттилоъ дод манбаъ.

Қабл аз маросими мукофотсупорӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ  иштирокчиёни озмунро табрик намуда, зикр кард, ки бо ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушди тамоми соҳаҳо, ҷалби бештари сайёҳон ба мамлакат ва муаррифии кишвар дар арсаи ҷаҳон солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шудааст.


«Озмуни «Хӯришҳои миллӣ ва муосир дар шаҳри Душанбе» бо мақсади тарбияи ҳисси зебоипарастӣ, хештаншиносӣ, ҳунармандӣ, ватандӯстӣ, тарғиби тарзу намуди тайёр кардани хуришҳои миллию муосир, табодули таҷрибаи пешқадами истеҳсолкунандагони хӯришҳои миллию муосир ва сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардидааст”, — афзуд М.Муинӣ.

Ғолибони озмун бо мукофотҳои пулӣ, диплому сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ аз ҷониби роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Иттифоқи «Тоҷикматлубот» қадрдонӣ карда шуданд. Иштирокчиёни фаъоли  озмун низ қадрдонӣ карда шуданд.


Ёдовар мешавем, ки  Озмуни ҷумҳуриявии “Хӯришҳои миллӣ ва муосир” ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018 “Дар бораи тасдиқи ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021” ва Қарори Раиси шаҳри Душанбе дар бораи баргузор намудани  ин озмун  баргузор гардид.

Июнь 26, 2021 09:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд