Абдуҷаббор Азизӣ дар конфронси байналмилалии СҲШ иштирок намуд

Июль 29, 2021 18:57

ДУШАНБЕ, 29.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) Абдуҷаббор Азизӣ 28 июл дар конфронси байналмилалии «20 соли Созмони ҳамкории Шанхай: рушди давлатӣ ва идоракунии давлатӣ» тариқи онлайн иштирок намуда, сухан гуфт.

Тавре аз  КИМ ҲХДТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, конфронс бо ибтикори шуъбаи муносибатҳои байналхалқии Ҳизби коммунистии Чин ва иштироки доираи васеи роҳбарони академияҳои идоракунии давлатии кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) доир гардид.

Дар ҷаласаи ифтитоҳӣ аъзои бюрои сиёсӣ, мудири шуъбаи ташкилии кумитаи марказии Ҳизби коммунистии Чин ва ректори Академияи давлатии маъмурии Чин Чэн Си ва муовини якуми Раиси ҲХДТ Абдуҷаббор Азизӣ маърӯзаҳои пурмуҳтаво намуданд.

Абдуҷаббор Азизӣ таъкид дошт, ки «барои нигоҳ доштани фаъолияти муътадили СҲШ корҳои зиёде ба анҷом расидаанд. Соли 2021 Тоҷикистон дар Созмон раисӣ мекунад, аз ин рӯ ин сол барои мамлакат хеле муҳим ва махсус аст. Мо 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн мегирем».

Гуфта шуд, ки Тоҷикистон ҳамчун раиси амалкунанда дар СҲШ вазифаи худро мутобиқи афзалияти муайяншуда пайваста иҷро мекунад ва аз роҳнамоиҳои Раиси муаззами ҳизб корбарӣ менамояд.

Ба таъкиди муовини якуми Раиси ҳизб, СҲШ худро ташкилоти фаъоли минтақавӣ муаррифӣ намуда, дар арсаи байналмилалӣ эътибори калон дорад. Дар тӯли таърихи бистсолаи худ СҲШ ба яке аз ташкилоти бонуфузи байналмилалӣ ва сохтори беназири минтақавӣ табдил ёфт, ки хусусияти умумиинсонии худро дар ҳалли масъалаҳои мубрами ҷаҳонӣ борҳо исбот кардааст.

— Дар шароити муосир ягон давлат қодир нест, ки бо мушкилот ва таҳдидҳои амниятӣ дар алоҳидагӣ самаранок мубориза барад, — гуфт А.Азизӣ. — Дар чунин шароит танҳо тадбирҳои мувофиқашуда ва саъйҳои муштараки ҳамаи давлатҳо метавонанд муассир бошанд.


Тӯли 20 соли фаъолияташ СҲШ минбари хоссае барои муҳокима ва ҳалли мушкилоти мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ гардид.

Ба таъкиди Абдуҷаббор Азизӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз асосгузорони СҲШ ҳастанд ва истиқболи 20-солагии Созмон дар Тоҷикистон масъулият ва ифтихори бузург аст.

Инчунин ҳамраъйӣ бо суханронӣ ва пешниҳодҳои ироанамудаи Раиси муаззами ҳизб дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои СҲШ баён гардид.

— Мо бояд саъй кунем, ки амният дар минтақа ва ҳамзистии осоиштаи ҳамаи кишварҳои ҷаҳон таъмин гардад. Фаъолияти СҲШ ба принсипҳои асосии стратегияи сиёсати хориҷии давлати мо мувофиқат мекунад. Мо манфиатдорем, ки нақши он дар ҳалли вазифаҳои асосии таҳкими сулҳу амният, тавсеаи робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ густариш бахшида шаванд, — гуфт А.Азизӣ.

ҲХДТ итминон дорад, ки СҲШ минбаъд низ сохтори фаъол, платформаи муассири мубодилаи афкор, шаклдиҳандаи мавқеъҳои умумӣ ва мувофиқа кардани нуқтаи назари гуногун ва такмилдиҳандаи сиёсат мутобиқи талаботи замон хоҳад буд.

Хотиррасон менамоем, ки баргузории ҳамоиши ҷашнии сарони кишварҳои узви СҲШ дар шаҳри Душанбе–пойтахти фарҳангии кишварҳои ИДМ дар соли 2021 16-17 сентябр ба нақша гирифта шудааст.

Ҳамкории байналхалқии ҲХДТ бо ҳизбҳои сиёсии ҷаҳон шоистаи таҳсин буда, дар шароити муосир бомаром густариш меёбад. Аз ҷумла, ҳамкории ҲХДТ бо ҳизби умумироссиягии «Единая Русия», Ҳизби коммунистии Чин, ҳизбҳои сиёсии «Нур Отан» ва «Ени Азербайджан» дар доираи шартномаҳои имзошудаи ҳамкорӣ ҷараён дорад. Дар ин замина, иртиботи мутақобилан судманди ҲХДТ бо «Единая Русия» ва Ҳизби коммунистии Чин шоистаи таъкиди хос аст. Тоҷикистонро бо Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин муносибатҳои чандинасраи дӯстона ба ҳам мепайвандад. Ин кишварҳо имрӯз яке аз шарикони асосии тиҷоративу иқтисодии мо боқӣ мемонанд. Гардиши мол миёни мамлакатҳо мунтазам афзоиш меёбад.

Дар сиёсати хориҷии ҲХДТ, ки бо роҳбарии бевоситаи Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат мегирад, ҳамкорӣ  бо Федератсияи Русия мавқеи калидӣ дорад. Аз соли 2016 қабулгоҳи ҷамъиятии ҲХДТ дар ин кишвар фаъолияти пурсамар менамояд. Пайваста расонидани ёрии амалӣ ва ҷашн гирифтани идҳои миллӣ дар заминаи расидагӣ ба мушкили баъзе аъзои ҳизб, ки феълан дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, қабулгоҳи ҷамъиятии ҲХДТ дар шаҳри Москва кумакҳои зиёд намуда, мавҷудияти он дар шароити кунунӣ беш аз пеш муҳим аст. Ҷоннок намудани кори қабулгоҳи ҷамъиятии ҲХДТ дар дигар минтақаҳои Федератсияи Русия низ тақозои замон дониста мешавад.

Ҳамкории Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ҳизби коммунистии Чин дар асоси созишнома беш аз 10 сол татбиқ мегардад. Муносибатҳои ҳизбҳои сиёсӣ рушди наву динамикӣ касб намудаанд. Саҳми бевоситаи раисони ҳизбҳои сиёсӣ дар ин марҳила хосатан таъкид мегардад.

Ирсоли паёми табрикотии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Котиби гереналии Ҳизби Коммунистии Чин, Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба ифтихори 100-солагии таъсиси ҲКЧ, мулоқоти муовини якуми Раиси ҳизб Абдуҷаббор Азизӣ бо Сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Лю Бин, анҷом додани суҳбати онлайнии муовини якуми Раиси ҳизб бо муовини мудири шуъбаи муносибатҳои байналмилалии дастгоҳи марказии Ҳизби Коммунистии Чин Сян Хуншан, ташкил ва баргузор намудани тамошои Саммити Ҳизби коммунистии Чин ва аҳзоби сиёсии ҷаҳон бо ширкати беш аз 80 нафар фаъолони ҳизб ва иштироки муовини Раиси ҲХДТ Хайринисо Юсуфӣ дар муколамаи Шанхай аз муҳимтарин рӯйдодҳои нимсолаи аввал дар самти ҳамкорӣ бо ҲКЧ дониста мешавад.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз бонуфузтарин ҳизбҳои сиёсии кишвар буда, имрӯз ҳудуди 500 ҳазор аъзо дорад. 50,5 фоизи аъзои ҳизбро занон ва 34 фоизашро ҷавонон ташкил медиҳанд.

 

Аксҳо аз КИМ ҲХДТ

Июль 29, 2021 18:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе доир ба Соли рушди устувори Созмони ҳамкории Шанхай ҳамоиш баргузор гардид
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи 23-юми Шурои сарони ҳукуматҳо-сарвазирони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд
Дар Душанбе доир ба ҳолат ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони ҳамкории Шанхай машварат баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 23-юми вазирони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд
«ИННОПРОМ-2024». Дар доираи ин намоишгоҳ дар шаҳри Екатеринбурги Русия ҷаласаи пленарии Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
НАЗАРИ КОРШИНОС. Созмони ҳамкории Шанхай зимни қабули тасмимот мавқеъ ва манфиатҳои тамоми мамлакатҳои узвро ба инобат мегирад ва эҳтиром менамояд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Вохӯрии «Созмони ҳамкории Шанхай – плюс» иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев мулоқот намуданд
Дар Остона ҷаласаи 4-уми вазирони энергетикаи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Вазири адлияи Тоҷикистон дар машварати ёздаҳуми вазирони адлияи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай суханронӣ намуд
Роҳбарони ниҳодҳои ҳифзи муҳити зисти Созмони Ҳамкории Шанхай дар Остона масъалаҳои экологӣ ва тағирёбии иқлимро баррасӣ намуданд