Барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон бо унвони «President Cup-2021» миёни наврасон мусобиқа оид ба теннис доир мегардад

Июль 12, 2021 14:27

ДУШАНБЕ, 12.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз 30 июл то 7 августи соли равон баргузории  мусобиқа оид ба теннис миёни наврасон  барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон бо унвони «President Cup -2021» ба нақша гирифта шудааст.

Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, аз 12 июл то 7 августи соли равон дар кортҳои «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ва ҶДММ «Тоҷварз» 4  мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис доир мегардад. Мусобиқаҳои мазкур бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳрии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Федератсияи тенниси  Тоҷикистон доир шуда, дар он иштироки беш аз 100 нафар варзишгар дар назар дошта шудааст.

Аз мусобиқаҳои мазкур 2 мусобиқа миёни наврасони то 14-сола ва 2 мусобиқаи дигар миёни ҷавонони то 18-сола баргузор мегардад.

 Мусобиқаҳои мазкур рейтингӣ буда, ба тақвими чорабиниҳои Федератсияи байналмилалии теннис ворид гардидаанд ва варзишгарон имкон доранд, ки хол ба даст оварда, мавқеашонро дар радабандии ҷаҳонӣ беҳтар намоянд ва дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ бемамониат ширкат варзанд.

Июль 12, 2021 14:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Москва бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ Мусобиқа оид ба футболи хурд таҳти унвони «Ҳамбастагӣ-2026» баргузор шуд
Дар ноҳияи Шаҳринав Маркази рушди бокс ва майдони варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар деҳаи Себистони ноҳияи Данғара майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар раддабандии нави ФИФА мақоми 101-умро соҳиб гардид
Дар Бадахшон лигаи волейбол байни мардон оғоз гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар бозии дӯстона тими миллии Ҳиндустонро мағлуб кард
Варзишгар аз Тоҷикистон Абдулмаҷид Кудиев дар Узбекистон медали тиллоро сазовор шуд
ФУТБОЛ. Дастаи олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Чин бозиҳои дӯстона баргузор мекунад
Ғолибони Чемпионати Осиё оид ба бокс қадрдонӣ карда шуданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои бозиҳои дӯстона бо тими мунтахаби Ҳиндустон муайян гардид
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими мунтахаби Ҳиндустон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар Ёвон гулгашти фарҳангию фароғатӣ бо муҷассамаи «Рамзи футбол» ба истифода дода шуд