Дар Ҷамоати деҳоти «Қалъачаи калон»-и шаҳри Истаравшан аксияи «Шомгоҳи тозагӣ» доир шуд

Июль 19, 2021 11:42

ДУШАНБЕ, 19.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷамоати деҳоти  «Қалъачаи калон»-и шаҳри Истаравшан аксияи «Шомгоҳи тозагӣ» баргузор гаридид.  Хурду калони деҳоти мазкур  ба ҳашар баромада, ҷуйбору роҳҳои пиёдагард ва атрофи хонаҳои зистро  аз партов, дарахтон ва гулу буттаҳои ороиширо  аз шохаҳои хушкида тоза намуданд. Сокинони ин ҷамоат мисли дигар тоҷикистониён азм доранд, ки ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо шукӯҳи хосса таҷлил намоянд.

Тавре аз Хадамоти матбуоти Раиси  шаҳри Истаравшан  ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд,   то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳамарӯза дар шаҳри Истаравшан аксияи «Шомгоҳи тозагӣ» доир карда мешавад.  Дар доираи тадбири мазкур бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда ташкилоту муассисаҳо новобаста аз шакли фаъолият, ҷамоатҳои деҳот, деҳаҳо, кумитаи маҳаллаҳо, гузарҳо, масҷидҳо бо назардошти таъмини лавозимоти зарурӣ, ҳар бегоҳ  аз соати 18:00 то 20:00 бо риояи ҳатмии қоидаҳои беҳдошт ҳашарҳои дастаҷамъонаи тозагии муҳити зистро баргузор намоянд.

Иқдоми мазкур аз ҷониби Раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода пешниҳод шуда, мақсад аз он тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист ва тарбияи насли наврас дар рӯҳияи зебоипарасатӣ мебошад.

Аз ҷумла,  дар муроҷиатномаи Адҳам Маъмурзода омадааст, ки ҳамчун раиси шаҳр ва фарзанди ҳамин диёр ба Шумо муроҷиат намуда, даъват менамоям, ки ба муносибати таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ аз остонаи хонаводаи хеш, кӯча, маҳалла, гузар, деҳа ва дар маҷмӯъ шаҳри азизамон – Истаравшани бостониро дастаҷамъона обод созем, тозагии мавзеъҳо, ҷуйборҳо, чашмаҳо, кӯчаву хиёбонҳо ва қабристонҳоро таъмин намоем».

«Бо назардошти он, ки аксари сокинони шаҳр соҳибкору тоҷир ҳастанд ва ҳамарӯза аз саҳар машғули корҳои худ мебошанд, пешниҳод менамоям, ки дар ҳудуди шаҳри Истаравшан то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳамарӯза аксияи «Шомгоҳи тозагӣ» эълон карда шавад. Бовар дорам, ки мардуми сарбаланди шаҳри Истаравашан иқдоми мазкурро ҷонибдорӣ карда, барои тозагии шаҳри худ ва муҳимтар аз ҳама, барои пешгирӣ аз паҳншавии бемории пандемияи СOVID-19 саҳмгузор мегарданд»,- омадааст дар муроҷиатнома.

Июль 19, 2021 11:42

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар заминҳои кишоварзӣ яхҷуфт идома дорад
Дар Соли нав дар алоқа буданд: чӣ тавр муштариён шаби идро гузарониданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
ЧАРО ТОҶИКИСТОН БА МАСЪАЛАИ ОБ ВА ПИРЯХҲО ТАВАҶҶУҲИ МАХСУС МЕДИҲАД? Пиряхҳои ҷумҳурии мо манбаи ҳаёт барои тамоми Осиёи Марказӣ мебошанд
Кишоварзони шаҳри Ҳисор дар 3 ҳазору 772 гектар замини обӣ шудгор гузарониданд
То 10 январ дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон меборад
Дар Тоҷикистон беш аз 200 корхона ва ҷамъияти нақлиётӣ фаъолият менамояд
Дар шаҳри Гулистон корхонаи таъмири трансформаторҳо ба истифода дода шуд
Имрӯз дар  Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд